номаҳо
Барои гирифтани нафақаамон овора мешавем
Ман гӯшаи «Розу ниёз»-ро пайваста мутолиа мекунам. Писандам аст. Ин бор зарур шуморидам, ки ба он нома ирсол намуда, андак дарди дил кунам.
Ман ба гурӯҳи муаллимоне дохил мешавам, ки то соли 1997 ба нафақа баромадаанд. Яъне нафақаи мо аз 60 то 80 сомониро ташкил медиҳад. Он омӯзгороне, ки аз соли 2005 ба нафақа баромадаанд, беш аз 100 ва то 300 сомонӣ мегиранд.
Гуфтаниям, ки фаъолияти мо дар мактаб як хел буд ва аз ҳам тафовут надошт. Мехоҳам бипурсам, ки оё имкони зиёд намудани нафақаи мо ҳаст?
Ғайр аз ин барои гирифтани нафақаамон чандин рӯз овора мешавем. Агар як рӯз кассирро наёбем, рӯзҳои дигар ё навбатамон намерасад, ё мегӯянд, ки пул надорем.
Баъди хондани номаам масъулон барои рафъи ин камбудӣ дасти мадад дароз мекардагистанд?
В.БОБОКАЛОНОВ,
ш. Исфара, кӯчаи Ҳаитов,
хонаи рақами 56
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3432