logo

фарҳанг

БОЗ БА ЁДИ КӮҲИСТОН

Аз давраи мактабхонӣ шеър мегуфт, аммо ба чоп намедод. Камоли ҳамнишинӣ бар ман низ асар кард. Ба ӯ пайрав шудам. Дар синфамон духтараки сафеди хушрӯи хушқаду басте доштем. Намедонам аз рӯи ҳавову ҳавас ва ё аз рӯи ҷавонӣ рӯзе дар бораи он хубрӯ шеъраки ҳаҷвие навиштам. Саид лабу лунҷи шеърамро ба гуфте ҳамвор сохт. Шеъри хубе «эҷод» шуд. Он рӯз шеър дар як нафас аз даст ба дасти ҳамсинфон гузашт. Ҳамсабақон он маҳрӯро мавриди мазоҳ қарор доданд. Пушт – пушти партаҳо хуб дар таъқиб мондам. Аз карда пушаймон шудам. Ва ҳамин шуд кӯшиши аввалу охири банда, шогирдии ману устодии Саид Ғоиб дар шоҳроҳи нозимӣ.
Пас аз хатми мактаби миёна, дӯстам роҳи шаҳри Кӯлобро пеш гирифту ман баъди сарсониҳои зиёд сокини шаҳри Душанбеву муҳассили бахши шабонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин шудам. Саид баъди як соли фаъолияти китобдорӣ донишҷӯи факултети забон ва адабиёти Институти педагогии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шуд. Ҳамин хел то ба чанд сол аз ҳам дур мондем...
Ҳамоно аз суҳбат бо рӯзноманигорон дурӣ меҷуст. Ҳарчанд худ замони соҳибистиқлолӣ корманди телевизиони Хатлон буд...
Аммо рӯзе ба қап хӯрд. Фасли поиз, тасодуф бо дӯсти дерин дар чанористони хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе вар хӯрдем, ҳол пурсидам, гуфт, аз хатнасури дӯстрӯякони шогирди содиқам Саймиддин (С. Ризоев, номзади илмҳои иқтисод) бурун омадам. Қасди хона рафтан дорам. Бо ҳам дар нишастгоҳе, дар сояи чанори осмонбӯсе баҳузур нишастем ва дар суҳбат шудем, аз ину он ёд овардем. Нахуст хулоса бурдам, аз дидору вохӯрӣ бо аҳли васоити ахбор ту дурӣ меҷӯяд. Аз ин ваҷҳ, бисёриҳо бар он назаранд, ки хеле дер ба арсаи адабиёт, шеъру шоирӣ гом ниҳодааст.
Хандаи дилнишине заду гуфт:
Саидам дер омад гар ба мулки 
назм, боке нест,
Ҳар он чи зуд рӯяд, тезтар 
нобуд мегардад.
Афзудам, ба ҳар ҳол чунин шеваи рафтор қобили қабул нест. «Гили маро чунин сириштаанд», - гуфт ханда бар лаб.
Майдапурсӣ кардам: «Бо нияти шеъргӯӣ кай ба даст қалам гирифтӣ?» Ва ӯ оҳиста домони суҳбат аз даст раҳо кард. «Дар синфи панҷумӣ шеъри бачагонае навиштам. Он «Дарвозабон» унвон дошт. Шеърро ба омӯзгори фанни химия Аброр Раҳмат, ки табъи баланд доштанд, нишон додам. Тавсия доданд, ки ба рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») бифиристам. Шеър чоп нашуд, аммо аз идораи рӯзнома мактуб – маслиҳате гирифтам, ки муносибати ходимони рӯзнома, масъулияти журналистон маро ба эҷод дилгарм намуд.
Ин расанро ҳангоми дар курси аввали донишкада таҳсил намудан, мустаҳкам доштам. Бо тарғиби омӯзгори воқеӣ, адабиётшинос Аламхон Кӯчаров ба маҳфили «Адибони ҷавон» шомил шудам. Дар маҳфил шеърҳои донишҷӯёни навҷӯро муҳокима мекарданд. Аввали ҳар моҳ бо шоир ва ё нависандае вохӯрӣ баргузор мегардид. Шоирони шинохтаи кишвар Муҳаммад Ғоиб, Салими Хатлонӣ, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Темур Султон ва дигарон дастпарварони фаъоли ин маҳфили ёдмони Институти педагогии Кӯлоб мебошанд».
Бобати шеъри нахустини чопшудааш гуфт: «Соли 1977 дар курси дувум мехондам. Дар толори бузурги донишкада ба ифтихори Иди Наврӯз бо ҳузури адибон Лоиқ, Мавҷуда Ҳакимова, Ашӯр Сафар ва дигарон базми шеъру суруд ба вуқӯъ пайваст. Баъди устодони назми кишвар навбат ба аъзои маҳфили «Адибони ҷавон» расид...».
...Саид Ғоиб шеъри худ «Духтари кӯҳсор» - ро ба ҳозирин қироат кард. Ҳангоми аз минбар поин  шудан, устод Ашӯр Сафар ӯро наздаш хонд: «Ту шеър мегуфтаӣ, ман бехабар. Бо ҳамин шеърат пагоҳ ба идораи рӯзнома («Роҳи ленинӣ») биё!»
Рӯзи дигар, соати ҳашти пагоҳӣ ба идораи рӯзнома расид. Дар шуъбаи адабӣ гуфтанд, ки «Мавлоно» ҳоло наомадаанд. То омадани устод Ашӯр Сафар, ходими рӯзнома – Сафармуҳаммад Аюбӣ сари байти зери шоири ҷавон андеша ронд:
Дар баҳори шаҳр мебинам зи 
бими резаборон,
Духтари кӯҳсор, ба сар соябон 
бигрифтаӣ.
Шоир болои ибораи «зи бими резаборон» эрод гирифт. Ӯ гуфт: «Ин ҷо бубоист «гарди резаборон» бигӯем». Саид паст намеомад: «Гарди резаборон» мазмуни минбаъдаро мекоҳонад». Аюбӣ гапашро гузаронданӣ мешуд, аммо шоири ҷавон, ба қавле, по аз рикоб намеканд...
Дар авҷи баҳс Ашӯр Сафар омад ва Саиди ба баҳс афтодаро аз банд раҳонда, ба ҳуҷраи кории хеш бурд.
Пас аз чанд рӯз «Духтари кӯҳсор» чоп шуд. Аз он лаҳза ба баъд дар рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ» рубоӣ, дубайтӣ, шеъру ғазалҳои шоири навҷӯ Саид Ғоиб пайваста ба табъ мерасиданд.
Инҷониб аз устоди зиндаёд Ашӯр Сафар сипосгузорам, ки «Духтари кӯҳсор» - ро ба чоп дода,- гуфт ӯ.
Дар баҳори шаҳр мебинам зи
 бими резаборон,
Духтари кӯҳсор, бар сар соябон 
бигрифтаӣ.
Гарчи бо рӯи кушода,
Гарчи бо мӯи парешон,
Борҳо дар лолазорон.
Ҳамраҳи гулҳои хандон,
Зери боронҳои сахти кӯҳсорон 
гаштаӣ.
Боз ба ёди кӯҳистон,
Гир аз сар соябон.
Мон ки резад бар сарат,
Қатраҳои рӯҳбахши резаборон,
Мон, ки авҷи тоза гирад 
кокулонат ҳамчу торон...
 
Боре аз Саид пурсидам, дар ҷодаи шеъру шоирӣ киро устод мехонад. Бе истиҳола гуфт: «Бародари бузургам Муҳаммад Ғоибро. Аслан волидон бадоҳатан шеър мегуфтанд. Бахусус, падарам пораҳои шеърии як замон гуфтаашро то дер дар хотир дошт...
Солҳои донишҷӯӣ аз устодам Аламхон Кӯчаров сабақи шеър андӯхтаам», - хулоса бурд шоир.
Маҷмӯаи нахустинаш бо номи «Гули себ» соли 1994 дар матбааи шаҳри Кӯлоб бо кӯшишу ибтикори Муҳаммад Ғоиб рӯи чопро дид. Ҳини хабаргирии пайвандону ҷигарбандон, устод дафтарҳои додараш Саидро бо худ ба Кӯлоб мебарад. Ва онро дар шуъбаи иттифоқи нависандагони вилоят мавриди муҳокима қарор медиҳанд ва баъди тавсияи устодони каломи бадеъ ба чоп пешниҳод менамоянд. Муҳаррири маҷмӯа устод Шоҳмузаффар Ёдгорӣ аст. «Гули себ» аз шеърҳо, рубоиву дубайтиҳо, мухаммасу марсияҳо мураттаб гашта.
Баъдан, ду маҷмӯаи шеърҳои Саид Ғоиб «Парвози хаёл» («Шарқи озод», 1977) ва «Дунёи орзу» («Пайк», 1977) бо ёрии шогирдонаш Саид Ризо ва Наҷмиддин Саид ва ҳамсабақаш Салими Хатлонӣ чоп шуданд.
Чун он суҳбати ёдмон соли 2000 – ум ба вуқӯъ пайваста буд, пурсидам, ки се соли охир чӣ? Гуфт: «Хапу хомӯшам» ва хандаи ширине заду афзуд: Дар кулбор дафтари шеъре моломоли ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, мураббаъ, мухаммас, марсия дорам. Онҳо ба рӯзи умед, оромакак дар раваке хобанд, то расидани муждае аз соҳибдиле». Гуфтамаш, омад он соҳибдил, бидеҳ кулбори шеърҳоятро.
Маҷмӯаи дӯстро мураттаб намуда, «Боли оташ» унвон додам. Онро соли 2003 дар нашриёти «Шарқи озод» аз дасти чоп баровардем. Аз ин меҳрубонӣ дӯстам фараҳманд гашт...
Овони мушкилии зиндагии ӯ раиси вақти кумитаи телевизиони Хатлон устод Муҳаммад Ғоиб шоирон, омӯзгорони мумтоз Тӯлқин Хоҷа ва Саид Ғоибро ба кор ҷалб кард. Ду шоири ширинсухан, ду омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, ду шахсияти наҷиб шурӯъ аз соли 2000 – ум ба сифати хабарнигори телевизиони Хатлон ба фаъолият пардохтанд. 
Хушоянд буд, ки онҳо ҳамҷоя бо баҳонаи овардани кассетаҳои банаворгирифтаашон барои шабакаи ТВ «Тоҷикистон» гаҳу ногаҳ ба пойтахт рӯ меоварданд. Ҳар бори омаданашон як – ду рӯз дидор дида, маҳфиле хуш меоростем, ғубори дил мебаровардем. Тӯлқин дар ин миён хусуру хушдоман (сокинони пойтахт) ва шогирди дӯстдор ва муттакояш Асадуллоро хабар мегирифту Саид ба зиёрати шогирди қаринаш Саид Ризо мерафт...
Дар чунин яке аз вохӯриҳо, аввали моҳи июни соли 2004, Саид Ғоиб ва Тӯлқин Хоҷаро меҳмон гирифтам. 5 июн, мавлуди инҷонибро бо иштироки дӯстону пайвандон доир намудем. Рӯзи дигар, қабл аз бозгашт ба деҳа, онҳо хушбошӣ омаданд. Дар ҳуҷраи корӣ суҳбати хуше доштем. Ва ҳамон дам, ба гуфтаи кӯҳистониҳо, ҳавои даҳан кардам. Гуфтам, Саид тамоми ғазалҳоятро ҷамъ меорӣ. Ба Тӯлқин, ки бо рубоиву дубайтиҳои дилнишинаш байни ҳаводоронаш маъруф аст, гуфтам, шумо тамоми рубоиву дубайтиҳоятонро гирд биоред. Чопи ин ду маҷмӯа бар зиммаи ман. Пештоз мегӯям, ки дар адабиёти муосири тоҷик аз Тӯлқин Хоҷа дида рубоиро касе мардумитар нагуфта...
Инак, чаҳордаҳ сол аст, ки Саид Ғоиб дар бари мо нест. Аммо хотираи неки шоири ширинбаён аз қалби ҷигарбандону пайвандон, дӯстону ҳамсабақон, наздикону шогирдонаш зудуда нагаштааст. Ҳамзамон, маҷмӯаҳои ашъораш: «Гули себ» (1994), «Парвози хаёл» (1997), «Дунёи орзу» (1997), «Боли оташ» (2003), «Шоҳи бутон» (2005), «Куллиёт» (2014) бо мост. Саид сабур буд ва сабурияш мояи пирӯзӣ бор овард.
 
Умари ШЕРХОН, адиб
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2021    №: 11    Мутолиа карданд: 473
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед