номаҳо
Мактабҳо ба лабораторияҳои замонавӣ ниёз доранд
Соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардидааст. Ба ин хотир дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ маҳфилҳои «Техникҳои ҷавон», «Ихтироъкори ҷавон» ва ба ҳамин монанд бояд зуд-зуд баргузор шаванд. Инчунин лабораторияҳо бояд аз нав таъсис ёбанду фаъол бошанд.
Бояд ёдовар шуд, ки имрӯз лабораторияҳои мактабӣ ва таҷҳизоту маводи онҳо ҷавобгӯи талабот нестанд. Албатта, дар беш аз 3 ҳазор мактаби ҷумҳурӣ харидории лабораторияҳо ва таъмин бо таҷҳизоту маводи он маблағи зиёдро тақозо дорад. Хуб мебуд, агар сари ин масъала сармоядорон меандешиданду дасти ёрӣ дароз мекарданд. Раисони шаҳру ноҳияҳо низ бояд ин масъулияти созандаву пурманфиатро ба хотири пешрафти кишвар бештар эҳсос намоянд.
Озода МИРЗОХОҶАЕВА,
директори мактаби таҳсилоти умумии
рақами 67-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3764