номаҳо
Шакару қанд арзон мешавад?
Набераи калониамон, ки дар синфи 4-и мактаби таҳсилоти умумӣ мехонад, саҳар дар сари дастархон хоҳиш намуд, то ин бор ӯ дуо намояд. Мо розӣ шудем. Пас аз он даст бардошта гуфт: «Парвардигоро, шакар ва қанди сафедро бисёру арзон намо». Ман як оҳи сабук кашидаму оби чашмонамро пинҳон аз ҳама пок кардам. Ин дуо ба андешидан водорам кард. Ҳамин шабу рӯз нархи 1 килограмм шакар 2 сомониву 40 дирам буд. Ҳоло он ба 5 сомонию 30 дирам ва дар баъзе дӯконҳо ба 5 сомонию 50 дирам расидааст. Дар кадом асос нархро боло бурданд, барои мо маълум нест.
Вақте шакару қанди сафед арзон буд, мо нисфирӯзӣ ҳам аз ин неъматҳо истифода мекардем. Мутаассифона, ҳоло дар як рӯз як бор аз шакар ё қанди сафед ба чойамон меандозем. Сабаб камбизоатӣ ва ё худ дасти норасои мо аст. Аммо гилаи ман аз он аст, ки чаро то ин муддат тоҷирони кишвари мо ба сохтани як заводи қанд ё шакарбарорӣ муваффақ нашуданд. Чӣ мушкилие дошт? Охир дар ҳар хонадон ба ин маводи ғизоӣ ниёз доранд. Шояд пас аз сохтани он нархи ин неъматҳо поён мефаромад? Пурсиданиям, ки дар бораи сохтмони ин гуна як завод оё тоҷире ё шахси масъуле меандешад? Ва ҳам шакару қанд арзон мешавад?
Яҳёхони Турсунзоди 81- сола,
шаҳри Исфара, ҷамоати Кӯлқанд,
кӯчаи Саъдии Шерозӣ, 38
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3448