logo

маориф

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». ОЗМУНЕ, КИ ФАРОГИРТАР МЕШАВАД

Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ талабот ба китобу китобхонӣ бештар ба назар мерасад. Дар ин миён на танҳо ҷавонону наврасон, балки кӯдакону калонсолон ва, инчунин, кормандони соҳаҳои мухталиф низ ба мутолиаи китоб майл намуда истодаанд. Бояд қайд кард, ки яке аз сабабҳои болоравии сатҳи мутолиаи шаҳрвандон самараи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки соли дуюм аст дар кишвар таҳти сарпарастии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, худогоҳию худшиносӣ, бой гардондани захираи луғавӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷомеа гузаронда мешавад.
 
Чуноне дар боло зикр кардем, озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тӯли ду сол аст, ки бо тағйиру иловаҳо ва нигоҳи нав ҷараён дорад. Танҳо шумораи зиёди иштирокчиёни озмун дар ин давраҳо бозгӯи болоравии сатҳи дониши хонандагону дӯстдорони китоб мебошад. Соли 2020 ба талаботи иштирок дар озмун тағйиру илова ва бартариятҳои куллиро ворид намуданд, ки барои боз ҳам фарох гаштани иштирок дар озмун мусоидат намуд. Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, аз 7 то 15-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он 269 довталаб аз ВМКБ, вилоятҳои  Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуд. Ёдовар бояд шуд, ки озмуни  мазкур ин навбат ба куллӣ аз соли гузашта фарқ мекард, яъне иштирокчиён метавонистанд аз рӯи 5 номинатсия – хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ дар озмун ширкат варзанд. Номинатсияҳо ба се гурӯҳ- миёни тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ҷудо ва теъдоди ҷойҳо зиёд гардиданд.
Ин иқдом баҳри пешрафтатар гардидани сатҳу савияи дониши ҷомеа имкон фароҳам меорад. Халқи тоҷик аз азал мардуми китобдӯст буда, бузургони он осори пурғановатеро барои насли имрӯз ба мерос гузоштаанд. Лозим ба ёдоварист, ки ин озмун ба зеҳни мардум такони ҷиддие бахшид. Асарҳои назмиву насрии бузургони моро дубора зинда сохт. Махсусан, порчаҳои насрӣ ба монанди тарҷеъбанд, таркиббанд ва ғайраро, ки ба гӯшаи фаромӯшии насли наврас рафта буд, эҳё кард. Ҳамчунин, аз рӯи номинатсияи шоирӣ кашфи истеъдодҳои  наврасу калонсол ба миён омад ва собит намуд, ки имрӯз низ фарзандони тоҷик метавонанд, барои насли оянда маънавиёти ғание ба монанди Турсунзодаву Лоиқу дигар шоирони бузургамон ба мерос гузоранд. Мутолиаи китобҳои бадеӣ ҷаҳонбинии хонандаро васеъ намуда, ақидаи ӯро ба зиндагӣ ба таври мусбат дигар менамояд. Дар баробари ин, мунтазам мутолиаи осори насрӣ имкони эҷодро ба хонанда ба вуҷуд меорад. Аз ин лиҳоз, дар қатори номинатсияи шоирӣ, нависандагиро низ илова намудан, ба манфиати кор аст, чунки шумораи нависандагони ҷавон низ кам нестанд. Аз ин лиҳоз, ворид намудани қобилияти нависандагӣ ба номинатсияи панҷум боиси кашфи истеъдодҳои навин дар соҳаи адабиёти насри муосир хоҳад буд.
 
Парвона ШАРИФОВА,
донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2021    №: 12    Мутолиа карданд: 4066
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед