ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ИФРОТГАРОӢ
Боз як гумроҳ паси панҷара рафт
Суди шаҳри Турсунзода як ҷонибдори равияи «Салафия» шаҳрванд Абдуллоҳ Ҳаитовро ба муҳлати 5 солу 6 моҳ равонаи зиндон кард.
Номбурда замони дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор доштанаш (солҳои 2010 – 2020) аз пайравони ҷараёни «Салафия» таълими динӣ гирифта, минбаъд ба тарғиби ғояҳои экстремистии ин ҷараён пардохтааст.
Вобаста ба ин прокуратураи шаҳри Турусунзода нисбат ба А. Ҳаитов бо моддаи 3073, қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (ташкили фаъолияти ташкилоти эктремистӣ (ифротгароӣ)) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол намудааст, ки бар пояи ҳукми суд муҳлати адои ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр сипарӣ хоҳад кард.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод.
ҚАЛЛОБ
231 ҳазор доллари ИМА-ро гирифту бозпас надод
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ марди 41-солаеро дастгир намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Тибқи иттилои сомонаи ВКД, боздоштшуда сокини шаҳри Хуҷанд буда, марди 50-солаи сокини шаҳри Душанберо ба доми фиреб кашондааст. Аз ҷумла, ӯ солҳои 2009 – 2011 бо роҳи фиреб аз вай 231 ҳазор доллари ИМА гирифта, то кунун барнагардондааст, ки ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
АВБОШӢ
Маҳкумшудае, ки боз даст ба ҷиноят зад
Як сокини шаҳри Исфара, ки аз ӯ марди 27-сола ном бурда мешавад, дар бозори марказии шаҳр падару писареро бо корд захмӣ кардааст, ки ҳоло бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дар боздошт қарор дорад.
Тавре аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд, ин дар ҳолест, ки дастгиршуда қаблан барои содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 104 (одамкушӣ) ва 252 (ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт) маҳкум шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.01.2021 №: 12 Мутолиа карданд: 957