номаҳо
Намоиши динӣ ҷойи реклама нест
Аз телевизиони «Сафина» 12 феврали соли равон намоиши «Роҳнамо»-ро тамошо кардем. Ду шахсияти исломӣ дар хусуси хайру саховат сӯҳбат намуданд. Оятҳо ва ҳадисҳоро бахшида ба ин мавзӯъ ёдовар шуданд. Мақсади намоиш тарғиб ва ҳидояти мусулмонони кишвар барои харидории саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун буд. Мӯҳтаво ва мақсади намоиш писандамон афтод. Дарёфтем, ки аз нигоҳи шаръӣ низ масъулем, ки дар бунёди нерӯгоҳ саҳми арзанда бигирем. Аммо дар миёни ин намоиши динӣ, ки худ навъи тарғиб ба шумор мерафт, нишон додани эълону реклама ба иззати нафсамон расид. Наход барои он эълону рекламаҳо, ки чанд дақиқа буд, дар 12 соати намоиши телевизиони «Сафина» вақт пайдо накарданд?
Умуман, то ба кай дар намоишҳои динии телевизионҳои кишвари мо нишон додани эълону реклама идома меёбад? Наход масъулони телевизионҳо надонанд, ки чунин амали номатлуб дар ягон шабакаи телевизионии дунё вуҷуд надорад?
Н. АМОНОВ,
ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3435