logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН.ЭЪТИБОРИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони як кишвари ташаббускор ва узви фаъоли созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар давраи раёсаташ ба Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) барномаи вижаеро таҳия намудааст, ки он беш аз 100 чорабинии муҳимро фаро мегирад. Аз ҷумла, таҳкими эътибори байналмилалии ин созмони бонуфуз ва густариши ҳамкориҳои амалии он бо созмонҳои минтақавии шарик, назири Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз ҳадафҳои меҳварии барнома ё Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ ба шумор мераванд.
 
Ёдовар мешавем, ки раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай 10 ноябри соли 2020 аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Ин дар ҳолест, ки соли ҷорӣ аз таъсиси созмон 20 сол пур мешавад ва қарор аст, ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарварони давлатҳои аъзо (саммит) 16 - 17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти раисии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардад.
Таҳкими дӯстӣ ва ҳамҷавории нек байни давлатҳои аъзо, рушди минбаъдаи «рӯҳияи Шанхай», таҳкими сулҳ, амният ва субот дар минтақа, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, такмили заминаи шартномавӣ ва ҳуқуқии созмон, аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии раёсати Тоҷикистон дар СҲШ, арзёбӣ мешаванд. 
Мусоидат ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ, андешидани тадбирҳои лозим ҷиҳати татбиқи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Маркази зидди маводи нашъаовари СҲШ дар шаҳри Душанбе, таҳия ва қабули Консепсияи дар паҳнои созмон, таъсис додани минтақаҳои рушди иқтисодӣ, мусоидат ба пешбурди масъалаи истифодаи васеи имкониятҳои транзитии кишварҳои узв аз ҷумлаи дигар масъалаҳое ба шумор мераванд, ки Тоҷикистон таваҷҷуҳи давлатҳоро ба он ҷалб хоҳад кард.
Масъулони Вазорати корҳои хориҷӣ дар нишасте (брифинг) бо ҳузури доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ маҷмӯи чорабиниҳои асосӣ ва дохилидавлатӣ дар доираи Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СҲШ дар солҳои 2020 - 2021-ро муаррифӣ карданд. 
Аҳмад Саидмуродзода, сардори раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷӣ, ки, ҳамзамон, иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ аст, иттилоъ дод, ки 8 октябр консепсияи раёсат ва 20 декабри соли 2020 рамзи 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби Пешвои миллат тасдиқ гардиданд. Зимнан, таҳти роҳбарии Қоҳир Расулзода, Сарвазири ҷумҳурӣ, Кумитаи тадорукот таъсис ва ба фаъолият шурӯъ намуда, инчунин, ба манзури тақвияти корҳои омодагӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ ситод оид ба баргузории ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарварони давлатҳои узви созмон амал мекунад. Раёсати кишвари мо дар СҲШ, ки ба усулҳои баробарӣ ва ҳусни тафоҳум асос ёфтааст, таҳти шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» ҷараён хоҳад гирифт.
Таҷрибаи гузашта нишон медиҳад, ки то кунун раёсати давраии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва мизбонии ҳамоишҳои байналмилалии сатҳи баланд бо роҳандозии иқдомҳои нав ба наву натиҷаҳои самарбахш анҷом пазируфтаанд, зеро мавқеъгирии кишвари мо дар ҳама ҳолат одилона ва таклифу пешниҳодҳо ба манфиати умум нигаронда шудаанд. Ҳоло маҷмӯи нақша - чорабиниҳои таҳияшуда нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз раёсаташ дар СҲШ вориди масири тозае гардида, талош хоҳад кард, ки домани фаъолияти созмон тавсеа ёфта, эътибори он ҳамчун созмони минтақавии таъсиргузор дар арсаи байналмилалӣ таҳким ёбад. Барои расидан ба чунин ҳадаф, тақвияти ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид (СММ) яке аз тарҳҳои муҳиму асосӣ дониста мешавад. Дар ин робита, Тоҷикистон талош дорад, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк чорабинии муштараки сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ байни СҲШ ва СММ, ҷаласаи гурӯҳи тамоси «СҲШ - Афғонистон» - ро дар Душанбе баргузор кунад. Инчунин, чораҳои лозим барои қабули қатъномаи «Ҳамкорӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай» дар рафти Иҷлосияи 75 - уми Маҷмаи умумии СММ андешида мешаванд. Ба гуфтаи Аҳмад Саидмуродзода, бо мақсади иҷрои ин ҳадаф намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ вазифадор шудааст, ки корҳои амалиро дар ин самт анҷом диҳад.
Қарор аст, дар давраи раёсати Тоҷикистон суруд ё гимни СҲШ садо диҳад, ки он дар бист соли фаъолият бори нахуст хоҳад буд. Тавре масъулони Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, феълан матни суруд таҳия шуда, интизор меравад, ки дар ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳо тасдиқ гардад. Дар ҳамин ҳол, ба роҳ мондани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва фестивали таомҳои миллӣ дар доираи кишварҳои узв аз ҷумлаи дигар пешниҳодотест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра матраҳ менамояд.
Ин созмони бонуфуз соли 1997 дар ҳайти ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия бо номи Панҷгонаи Шанхай таъсис ёфт. Соли 2001 Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба он пайваст ва Панҷгонаи Шанхай ба Созмони ҳамкории Шанхай табдили ном кард.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе зимни ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои СҲШ тартиби додани мақоми давлати аъзо тасдиқ гардид, ки имконияти ҳамроҳшавии дигар кишварҳоро ба созмон фароҳам овард. Дар асоси ин ҳуҷҷат моҳи июни соли 2017 дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон - шаҳри Остона (имрӯза Нур-Султон) Ҳиндустон ва Покистон ба узвияти созмон пазируфта шуданд.
Айни замон, СҲШ аз 8 давлати аъзо, чаҳор давлати нозир (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Беларус, Муғулистон) ва 6 давлати шарикони мусоҳибавӣ (ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Туркия, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка) иборат мебошад.
Котибот ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ ниҳодҳои доимоамалкунандаи созмон буда, аз моҳи январи соли 2004 фаъолияти худро шурӯъ намудаанд. Котиботи СҲШ дар шаҳри Пекин ва Кумитаи иҷроияи СМЗТ дар шаҳри Тошканд қарор доранд.
Масоҳати умумии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай тақрибан 34,3 миллион километри мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 3,6 миллиард нафар аст, ки 43,8 дарсади аҳолии сайёраи Заминро ташкил медиҳанд.
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.2021    №: 13    Мутолиа карданд: 481
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед