logo

иқтисод

СУҒД. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ

Гузориш аз ҷаласаи фаъолони вилояти Суғд оид ба натоиҷи иқтисодӣ ва иҷтимоии хоҷагии халқи вилоят дар соли 2020
Муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ назди фаъолон оид ба натиҷаҳои  иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят дар соли сипаришудаи 2020 гузориш дода, иброз дошт, ки сарфи назар аз ҳама мушкиливу монеаҳо, омилҳои гуногун, аз ҷумла паҳншавии пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон  он вазифаю уҳдадориҳое, ки аз оғози сол назди мардуми вилоят муайян шуда буданд, иҷрои худро ёфтанд. 
Роҳандозии дурусту саривақтии тадобир шароит фароҳам оварданд, ки соҳоти хоҷагии халқи вилоят дар маҷмӯъ, таъмини мусбати худро  пайдо карда, маҷмӯи маҳсулоти минтақавиро (МММ) ба 21,6 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиши онро ба 104,5 дарсад расонданд. Ва дар ин ҷода ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и  ҷумҳурӣ 26, 2 дарсадро ташкил дод. Ҳамчунин, сарфи назар аз омилҳои гуногуни номусоид суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ, ки аз ҷумлаи муҳимтарин ченакҳои иқтисод маҳсуб меёбад дар вилоят ба  117,4 дарсад баробар гардид. Ва ё соли гузашта дар вилояти Суғд сарфи назар аз моликият ба миқдори 15,4 миллиард сомонӣ маҳсулоти гуногун истеҳсолу вориди бозор шуд. Ҳиссаи вилояти Суғд дар рушди соҳаи саноати мамлакат ба 46,7 дарсад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 боз се банд боло рафтааст.  Дар самти  амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръат, ки дар оянда такони ҷиддие дар рушди иқтисодии кишвар мегардад, қадаме пеш гузошта, вилоят муваффақ шуд, ки давоми соли 2020 – ум 107 корхонаи нави хурду миёнаро бо таъсиси 1570 ҷои корӣ мавриди истифодабарӣ қарор диҳад. Яке аз бурдҳои дигари иқтисодиёти вилоят дар шароити  мушкили соли гузашта, ин то андозае дуруст ба  роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рӯ ба содиротист, ки Сарвари давлат дар ироаи Паёми худ таъкид доштанд. Хосатан, дар ин  самт коркарди маҳсулоти ниҳоии кишоварзӣ  қобили зикр аст. Истеҳсоли консерви меваю сабзавот ба 30 миллион қуттии шартӣ расонда шуда, афзоиш  1,5 баробарро ташкил дод. Саъю талоши кишоварзон,  тадбирҳои роҳандозишудаи судманди онҳо ҷиҳати таъмини рушди соҳа самар бахшида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соли сипаришуда дар ҳамаи шаклҳо ба 10 миллиарду 821 миллион сомонӣ баробар гардид.
Албатта, иҷрои нақшаи даромадҳои буҷети давлатиро ба миқдори 102,9 дарсад ва вориди маблағи 2 миллиарду 452,2 миллион сомониро низ аз комёбиҳои калидии соли 2020 метавон арзёбӣ кард.
Ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон низ дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят корҳо бомаром идома ёфта,   то имрӯз 5 ҳазору 990 иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар маҷмӯъ, миқдори умумии иншооти бунёдшаванда то моҳи сентябри соли равон ба 7 ҳазору 190 адад расонда мешавад.
Фаъолият накардани 73 корхонаи саноатӣ, ба ин васила истеҳсол нашудани маҳсулот ба маблағи қариб 1,7 миллиард сомонӣ нисбат ба солҳои қаблӣ, коҳиш ёфтани сармояи хориҷӣ ҳамагӣ - 95 миллион доллари амрикоӣ, истихроҷи маъдан дар корхонаҳои муштараки кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой, Тоҷикистону Канада “Апрелевка”, Тоҷикистону Хитой “Зарафшон”, содироти ками маъдану семент, таносуби манфии воридот ба вилоятро аз бохтҳои иқтисодии соли сипаришуда метавон арзёбӣ кард.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, фаъолияти масъулони соҳаи саноатро ҷиҳати тавлиди бештари маҳсулоти воридотивазкунанда нокифоя арзёбӣ кард. Бо вуҷуди он ки корхонаҳои вилоят иқтидори хуби истеҳсолӣ, хусусан, маводи ғизоӣ доранд, ҳамоно ба маблағҳои ҳангуфт аз хориҷи кишвар маҳсулот ворид мешавад. Масалан, соли гузашта фақат ба маблағи 6,5 миллион доллари амрикоӣ ба вилоят маҳсулоти макаронӣ ворид шудааст, ё ин ки маҳсулоти қаннодӣ ба маблағи зиёда аз 7 миллион доллар, обҳои гуногуни ошомиданӣ ба маблағи 3 миллион доллар, ҳамчунин, бо вуҷуди он ки дар қаламрави вилоят даҳҳо коргоҳҳои равғанбарорӣ фаъолият доранд, соли 2020 ба вилояти Суғд ба маблағи 32 миллион доллар равғанҳои гуногун ворид шудаанд. Дар масъалаи истеҳсоли тухми паранда низ вазъият чунин аст, сарфи назар аз фаъолият кардани даҳҳо фабрикаи парандапарварӣ боз соли гузашта ба қаламрави вилоят ба маблағи зиёда аз 2 миллион доллар тухми паранда ворид шудааст. 
Раиси вилоят бо дарназардошти дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба масъалаи ҳар чи зиёдтар бо маҳсулоти ватанӣ таъмин кардани бозори дохилӣ ва дар ин замина  афзош бахшидани иқтидори истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ масъулони соҳаро вазифадор кард. Дар ҷараёни маҷлиси фаъолон, ҳамзамон, раиси вилоят аз раисони шаҳру навоҳии Ашт, Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, сохторҳои алоҳидаи вилоят пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи нуқсону ноҷӯриҳои мавҷуда, боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, бунёди иншооти муҳими дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ, тавлиди маҳсулоти рӯ ба содирот супоришҳо дод.
Изҳори боварию умед шуд, ки сокинони вилояти Суғд 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро, воқеан ҳам, бо дастовезҳои хубу шоёни меҳнатӣ истиқбол хоҳанд гирифт.
 
Ҷовиди АШТӢ, 
“Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.2021    №: 13    Мутолиа карданд: 506
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед