logo

иқтисод

РАШТ. СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

Соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Рашт солҳои охир дар партави сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти некуаҳволӣ ва ҳифзи тандурустии аҳолӣ  рушд меёбад. Дар пайгирӣ аз сиёсати мазкур солҳои охир аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарияти ноҳия бо ҷалби сармоягузорон ва соҳибкорони маҳаллӣ ба муассисаҳои тандурустӣ ёриву дастгириҳои назаррас расонда мешаванд, ки барои беҳбудии хизматрасонии тиббии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Кормандони муассисаҳои тандурустии ноҳия шароити корӣ ва тарзи хизматрасониро ба аҳолӣ сифатан беҳтар  ба роҳ монда,  шабонарӯз баҳри муолиҷаи беморон заҳмат мекашанд.
Ҷиҳати пешгирӣ намудан аз паҳншавии  бемориҳои сироятӣ, бахусус мавҷи дуюми пандемияи COVID-19 аз тарафи  масъулони  соҳа дар маркази ноҳия ва маҳалҳо корҳои профилактикӣ ва ташвиқотию тарғиботӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудаанд. Аввалин ёрӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба кормандону беморони муассисаҳои тиббӣ расонда шуд, ки он  зиёда аз 50 тонна маводи озуқаворӣ ва дорувориро дар бар мегирад. 
Бо мақсади пешгирӣ ва муолиҷаи бемории коронавирус ҳанӯз аз моҳи марти соли 2020 табибони ботаҷриба ҷалб гардида, дар назди шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои минтақавии Навобод, Ҳоит ва Қалъаи Сурх дар ҳуҷраҳои махсус маризон  ба табобат фаро гирифта  шуданд. То имрӯз дар муассисаҳои зикргардида 124 нафар бемор  бо нишонаҳои бемориҳои сироятӣ бистарӣ шуда, пурра сиҳат ёфтанд. Дар маҳалҳо 1270 шаҳрванд ба табобати амбулаторӣ фаро гирифта шуд, 1266 нафар пурра сиҳат ёфт. 
Соҳибкорони саховатпеша дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат мадади назаррас расонданд. Соҳибкори сахӣ Муҳиб Бобоҷонов бо фарзандонаш ба суратҳисоби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии бемории сироятии коронавирус 1 миллион сомонӣ гузаронда, ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳия 151 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонд, 300 адад либоси махсус ва 1000 дона ниқоби яккарата дастрас кард. Шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказӣ барои иловатан қабул намудани 20 бемор бо рахтҳои хоб, яхдону ҷевон, мизу курсӣ ва ҷиҳозу лавозимоти зарурӣ таъмин гашт. 
Соҳибкорон Ғаюр Судуров ба зиёда аз 50 ҳазор сомонӣ маводи озуқаворӣ, доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, Ҳамзаалӣ Шеров 6 асбоби нафасдиҳии оксигенератор ва Қимом Қиёмов аз ҷиҳати молиявӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ кумак карданд. 
Кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар пайравӣ ба иқдоми мазкур музди якрӯзаашонро ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби хайриявӣ гузаронданд. Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд, ки дар ҳудуди ноҳия намояндагӣ доранд, ба муассисаҳои тиббӣ доруворӣ ва маводи безараргардонӣ дастрас шуданд.
Бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказӣ хона-вагон барои бо табобат фаро гирифтани 20 бемор ворид гардид ва он аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гашт.
Дар ноҳия 6 муассисаи госпиталӣ фаъолият дорад, ки дорои 386 кати бистарӣ буда,  барои барқарорсозии саломатӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад.  
Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар давоми соли сипаришуда сохтмони ду бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Навдонак ва Бини Сӯфиён сохта ба истифода дода шуд. Дар деҳаҳои Кочон ва Зарифӣ корҳои сохтмонӣ дар бунгоҳҳои тиббӣ идома доранд. Имсол сохтмони биноҳои бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Санги Кар, Истиқлол ва Чуғдабиён дар нақша аст.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказӣ бо маблағи 360 ҳазор сомонӣ ва шуъбаи эҳё бо дастгирии шарикони рушд рӯзҳои наздик аз таъмир бароварда мешаванд.
Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рашт имрӯзҳо ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ гирифта, бо иҷрои корҳои ободонию бунёдкорӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббии аҳолӣ аҳлона заҳмат мекашанд.
 
Дилшод АМИРОВ, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.2021    №: 13    Мутолиа карданд: 494
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед