logo

иқтисод

ГӮСФАНДИ ҲИСОРӢ. ЗОТИ ТОҶИКИИ ДАР ҶАҲОН БЕҲАМТО

Гӯсфанди ҳисорӣ - зоти махсусгардондашудаи сергӯшту серравған буда, дар давоми асрҳои зиёд тавассути селексияи анъанавии халқӣ офарида шудааст. Ҷуссаи бузург, вазни зиндаи вазнин, баромади зиёди гӯшту равған аз сифатҳои беҳтарини ин зоти нодир мебошанд. Ин аст, ки гӯсфандони ҳисорӣ аз ҷиҳати хосиятҳои бебаҳои оламшумули худ, бо сергӯштиву серравғаниашон дар байни гӯсфандони думбадори ҷаҳон ҳамто надоранд. 
Хоҷагии «Ҳоҷӣ Мирзокарим», воқеъ дар шаҳри Ҳисор, яке аз хоҷагиҳои номдор маҳсуб меёбад, ки тӯли қариб 20 сол ба парвариши гӯсфандони зоти ҳисорӣ шуғл меварзад. Хоҷагидор тавонистааст, ки давоми ин солҳо хусусиятҳои ирсию генетикии ин зотро нигоҳ дошта, маҳсулнокии онро баланд бардорад. Хоҷагӣ айни ҳол 860 сар гӯсфанд дорад. Мирзокарим Мирзораҳимов, сардори хоҷагии мазкур сарфи назар аз мушкилиҳои соҳа бо аҳли оилааш ин пешаро интихоб карда, аз пушти он нон мехӯранд. Фарзандони ин оилаи меҳнатқарин дар ин соҳа, аллакай, мутахассиси касби хеш гаштаанд. 
Чунонки М. Мирзораҳимов иброз дошт, гӯсфандони зоти ҳисорӣ барои истеҳсоли гӯшту равған махсусгардонда мебошанд. Вазни зиндаи мешҳои беҳтарини калонсоли он  80 - 85, қӯчқорҳои наслдеҳ 150 - 180, қӯчқорҳои якунимсола 105 - 110 килограмм, баромади гӯшту равған 65 дарсад буда, 30 дарсади он ба равған рост меояд. Вазни барраҳои навзод ба 6 - 8 килограмм баробар буда, дар якмоҳагӣ модабарраҳо 15 ва қӯчқорбарраҳо 18 килограмм вазн мегиранд. Дар 4,5 - 5 - моҳагӣ вазни онҳо мутаносибан ба 50 - 55, дар синни 1,5 - солагӣ ба 70 - 75 ва 95 - 100 килограмм мерасад. Вазни рекордии қӯчқорҳои зоти ҳисорӣ 192 ва мешҳо 146 килограмм мебошад.
- Гӯсфандони зоти ҳисорӣ хусусияти ба шароити баландкӯҳ зуд мутобиқшавиро доро буда, метавонанд дар пастхамию ҷарӣ озодона гаштугузор намуда, ба 2 ағба ва қӯшағбаҳои баланд бароянд, ки дигар  навъи чорво ин имконро надорад. Онҳо бо ин сифати худ  баъд аз мавсими зимистонгузаронӣ аз чарогоҳҳои баландкӯҳи кишвар самаранок истифода мебаранд ва вазни дилхоҳ мегиранд. Онҳоро, ҳатто, то 3 соат ба шабчаронӣ мебароранд. Зеро шабчаронӣ ҳам барои солимии чорво, ҳам барои тез инкишоф ёфтани насли мешҳои бордор манфиати калон дорад, - изҳор дошт М. Мирзораҳимов. 
Тавре аз суҳбат бо чорвопарварон дарёфтем, парвариши гӯсфанди ҳисорӣ  заҳмати зиёд талаб мекунад ва нозукиҳои худро дорад. Ба таъкиди онҳо, омили асосие, ки ба баланд бардоштани маҳсулнокии чорво мусоидат мекунад, бо хӯрокҳои серғизо таъмин намудани чорво дар тамоми фаслҳои сол, хоса дар зимистон мебошад. Парвариши хуби ин зот аз таваллуди он оғоз мегардад. Барои гирифтани насли хуб, пеш аз ҳама, тайёр намудани мешҳо ба бордоркунӣ, чарондан дар чарогоҳи сералаф ва сари вақт бо оби сифатнок таъмин намудан ва нигоҳдории хуби мешҳои наслдиҳанда ҳатмист. Таъмини чорво бо ғизои хушсифат дар ин давра имкон медиҳад, ки барои наслгирии оянда заминаи мусоид фароҳам оварда шавад. 
-Барои мустаҳкам кардани базаи хӯрока саршумори гӯсфандонро баробар ба чарогоҳҳо ва имкониятҳои мавҷудбуда мутобиқ кардан шарт ва зарур аст. Яке аз роҳҳои таъмини саршумори гӯсфандон истифодабарии самараноки чарогоҳҳо мебошад. Бо ин мақсад ба роҳ мондани гардиши чарогоҳ ҳатмӣ буда,  ҳар сол аз 4 як ҳиссаи онро дам додан лозим аст. Дар ҳолати риоя накардани гардиши чарогоҳ сол ба сол ҳосилнокӣ кам гардида, таъмини саршумори гӯсфандон бо алафҳои табиӣ мушкил мегардад. Аз ин рӯ, нигоҳубин, беҳдошт, серғизо гардондан ва истифодаи самараноки чарогоҳҳо боиси афзуншавии саршумори чорво гардида, манфиати бештари иқтисодӣ меорад. Чорвои хоҷагии мо бо назардошти ин талабот дар фаслҳои зимистон дар чарогоҳи ноҳияи Носири Хисрав, баҳор - ноҳияи Рӯдакӣ, тобистон - Ромит ва тирамоҳ - шаҳри Ҳисор нигоҳ дошта мешавад, - мегӯяд М. Мирзораҳимов. 
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, барои беҳтар намудани сифати зотнокии онҳо, пеш аз ҳама, барқарор намудани сифати зотнокии пешинаи гӯсфандон зарур аст. Яъне, баланд бардоштани сифати гӯшту равған, зудрасӣ ва нигоҳ доштани хуби чорво ба корҳои селексионию зотпарварӣ вобастагии калон дошта,  бе иҷрои ин амал  ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда имконнопазир мебошад. 
Интихоб ва хоста гирифтани саршумор, яъне тоза кардани зот бо мақсади нигоҳдорӣ, афзоишдиҳии он, ки нишондиҳандаҳои сермаҳсулӣ, сифатнокӣ, хушхислатӣ ва қобилияти мутобиқатӣ мебошад, гузаронда мешавад. Аз ин рӯ, интихоб ва хоста гирифтан ҳамчун саракунии одӣ набуда, балки ҷараёни эҷодии тағйирпазирии меросӣ ва арзиши баланд доштани он мебошад. Калиди ҳамаи муваффақиятҳо барои беҳтар намудани гӯсфандони зоти ҳисорӣ интихоб ва хоста гирифтани қӯчқорҳои наслии дараҷаи сифатнокиаш баланд ва  беҳтаркунандаи зот дар маъракаи бордоркунии мешҳо мебошад. 
Дар хоҷагии мазкур тамоми шароити парвариш ва ветеринарӣ оид ба пешгирии касалиҳо нигоҳ дошта мешавад. Зеро, сари вақт аз рӯи нақшаи кории чорабиниҳои бойторӣ гузарондани эмгузаронӣ ва корҳои табобатӣ яке аз роҳи муҳими солиму бардам нигоҳ доштани саршумори чорво маҳсуб меёбад. Ҳар сол гузарондани эмкунӣ бар зидди касалиҳои сирояткунанда, аз қабили  сӯхтанӣ, гул, оқсил ва ду карат коркард бар зидди гемонхоз, диктоокаулёз, манизиоз ва дигар гиҷҷаҳо, шарт ва зарур мебошад. Инчунин, гузарондани ташхиси гӯсфандон, бахусус, қӯчқорҳои наслӣ ва мешҳо бар зидди касалии буғумдард (бруселёз) низ ҳатмист. Бо ин мақсад чорвопарварон пайваста бо олимон ва  байторон ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд.  
Ба гуфтаи олимон ва мутахассисони соҳа, чорвои хоҷагии «Ҳоҷӣ Мирзокарим» ба меъёрҳои  стандартӣ ҷавобгӯ буда, талаботи типи шаҳринавиро 100 фоиз иҷро кардаанд. Ин аст, ки ҳоло дигар хоҷагиҳои чорводор аз таҷрибаи онҳо меомӯзанд ва бо мақсади офаридани зотҳои сергӯшту серравған, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, афзун намудани истеҳсоли гӯшт аз чорвои ин хоҷагӣ қӯчқорҳои наслдеҳ дастрас менамоянд. Мусаллам аст, ки чорводорӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, махсусан дар таъмини амнияти ғизоӣ нақши муҳим дорад. Бо назардошти ин, чорводоронро зарур аст, ки аз таҷрибаи хоҷагиҳои пешқадам васеъ истифода намоянд.  
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.2021    №: 13    Мутолиа карданд: 537
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед