logo

фарҳанг

ЧАКАН

Санъати чакандӯзӣ навъе аз тарзҳои дӯхтани гулҳо, нақшу нигор ва тасвирҳои рамзнок бо риштаҳои ранга дар матои пахтагин ва абрешимӣ мебошад. Одатан бо усули гулдӯзии чакан курта, чодар ё сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, сардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯш, парда, чойхалта, сачоқ, рӯймол, ҷойнамоз ва ғайра истифода мешавад. Дар гулдӯзии чакан тасвирҳои рамзнок ва мазмунҳои мифологӣ оид ба табиати атроф, кайҳон, орзую омоли мардум истифода мешаванд. 
Ҳар нақши дар  матоъ дӯхташуда ном дорад, чунончи косагул, гули анор, барги бед, бодомак, лола, райҳон, тоҷи хурӯс, булбул, думи товус, моҳу ситора, офтоб, абр ва монанди инҳо. Маҳорату таҷрибаҳои дӯзандагон аз интихоби матою риштаҳои ранга, нақшакашӣ, духтани гулҳову нақшаҳо ва духтани либосҳо иборат мебошад. Риштаҳоро дар даҳсолаҳои гузашта худи ҳунармандон аз калобаи пахтагин тайёр мекарданд.  Риштаҳоро бо гиёҳу моддаҳои химиявӣ ранг мекарданд. Ҳоло чакандӯзон, асосан, аз риштаҳои корхонаӣ истифода мебаранд.
Санъати чакандӯзӣ хоси минтақаи Кӯлоб аст, ки он дар ҷануби Тоҷикистон, дар вилояти Хатлон ҷойгир мебошад. Шаҳри Кӯлоб маркази ҳунармандони чакандӯз ба шумор меравад. Ин навъи ҳунар, аз ҷумла дар ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Данғара, Ховалинг, Фархор, Шамсиддин Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ васеъ истифода мешавад. Дар минтақаи Кӯлоб чакан яке аз муҳимтарин куртаи арӯс маҳсуб меёбад. Ҳар арӯс бояд чодари чакан дошта бошад. Домодҳо дар ин минтақа дар айёми тӯяшон тоқии чакан ба сар мекунанд. Инчунин, ҳунари чакандӯзӣ як унсури ҳувияти миллӣ ба шумор меравад, ки истифодабарандагон бо ифтихор ва меҳру муҳаббат маҳсулоти чакандӯзиро истифода мебаранд. Имрӯзҳо дар намоишҳо, озмунҳо, барномаҳои консертӣ, ҷашнҳои арӯсӣ ва идҳои оммавӣ хурду бузурги тамоми минтақаҳои кишвар ба таври дилхоҳ чакан дӯхта ба бар мекунанд. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.2021    №: 13    Мутолиа карданд: 467
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед