logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪМИНИ СУБОТ ВА ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои камназир ноил гардид ва инро ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф менамояд. Ҳамин аст, ки обрӯву нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш меафзояд. Пас, бояд инсоф дод ва ин нуктаро низ эътироф кард, ки дастоварди бузургтарини миллати тоҷик дар ин давра Сарвари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон аст.
Таърихи беш аз дуҳазорсолаи инсоният гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик ҳаргиз ба кишваре лашкар накашида, теғе ба сари халқи ғайре набардошта, зеро ободиву сарсабзии худ ва дигаронро аз ҳама авлотар медонад. Ба ҷанг, ки асоси тамоми нокомиву бадбахтиҳост, нафрат дорад. Пайваста аз сулҳу салоҳ ва дӯстиву рафоқат сухан гӯяд ва аз умқи дили пурмеҳру бекинаи худ нидо мебарорад:
Маёзор мӯре, ки донакаш аст, 
Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст. 
 
Ва ё:
Зи оштӣ чу шодӣ ояд ба чанг, 
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг…
 
Вале аввали солҳои 90-уми садаи ХХ гурӯҳе аз ҷоҳталабон бо сарпарастию дастгирии хоҷагони чун худ дар ҷаҳли мураккаб ғӯтида асолати миллати тоҷикро, ки ҷавҳараш  сулҳофаринист, зери по карда, ба сари халқи хеш теғ кашид, дар дили мардум тухми кинаву адоват кошт ва мамлакати ободу зеборо дар алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фурӯ нишонд. Дар натиҷа, ҷои шодиву нишотро ғаму андуҳ гирифт. Беш аз 150 ҳазор нафар ҷони худро бохт. Аз дидаҳои модарон, ки ҷаннат зери қудуми мубораки онҳост, хун ҷорӣ гашт. Бенизомию бетартибӣ ҳукмфармо шуд. Танҳо пас аз ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани фарзанди содиқи Ватан Эмомалӣ Раҳмон мамлакати тозаистиқлол тавонист аз бесарусомонӣ наҷот ёбад, рӯ ба беҳӣ орад.  Ба ин хотир, мардум Сарвари маҳбуби хешро Пешвои миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдат хонад. Зеро баҳри расидан ба оромӣ Эмомалӣ Раҳмон хидматҳое кардаанд, ки дар тавсифашон қалам оҷизӣ мекашад. Ва ин нукта, ки оромиву осудагӣ ба шарофати заҳматҳои хастагинопазири Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, ин нотавонбинону гумраҳонро ҳеҷ ором намегузорад. Пайваста даъво мекунанд, ки баҳо яктарафа асту хидматҳои дар ин ҷода кардаи Иттиҳоди неруҳои оппозитсионӣ ба инобат гирифта намешаванд. Аввалан, Эмомалӣ Раҳмон барқарории сулҳу салоҳро ҳаргиз ба худ нисбат надодаанд ва пайваста дар суханрониҳои хеш таъкид месозанд, ки ин натиҷаи талошҳою заҳматҳои мардуми фарҳангпарвари тоҷик аст. Баъдан, ҳама шоҳиданд ва аз ёдҳо набаровардаанд, ҳангоме ки ин гумраҳон ҳокимиятро ғасб намуданд, ҷонибдорони ҳукумати конститутсиониро мавриди таъқибу куштор қарор доданд.  Ниёкони пурифтихорамон мефармоянд, ки бо гузашти солҳо метавон соҳиби донишу малакаву таҷриба шуд, аммо хирад азалист, яъне доди Худост. Инсоф бояд дод, Эмомалӣ Раҳмон марди хираданд. Ҳамин хиради азалиашон буд, ки пас аз интихоб шудан ба ҳайси Роҳбари давлат, корро аз сулҳ оғоз бахшиданд, сухан аз меҳру муҳаббат гуфтанд, ҳамдиёронро ба ҳамдилӣ ва кудуратҳоро аз дилҳо зудудан даъват карданд. Сарфи назар аз саддҳо, бо шикебоиву таҳаммул онҳоро шикаста, ба сарзамини азиятдидаи тоҷикон сулҳи ҳамешабаҳор оварданд ва дар ақсои олам номи неки тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпараст барқарор намуданд. Пас, бояд инсоф дод, ин ҳама осудагиву амонӣ танҳо ва танҳо самараи саъю талошҳои Эмомалӣ Раҳмон аст. 
Ҳарчанд ин гумраҳон худро вориси аслии дини мубини ислом хонанд ҳам, дар ҳақиқат, аз исломи ноб дуранд. Куштору ғорату терроре, ки  пайравони онҳо ва дигар ҳаракатҳои ифротгарову иртиҷоӣ  карданду мекунанд, исломро доғдор месозад. Танҳо ва танҳо Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату матонат дини мубини ислом ва мусалмонони дунёро мудом аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ҳимоят мекунанд, ки олами ислом ба ин хидматҳои ҷавонмардонаи Пешвои муаззами тоҷикон сари таъзим фуруд меоварад. 
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои камназир ноил гардид ва инро ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф менамояд. Ҳамин аст, ки обрӯву нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш меафзояд. Пас, бояд инсоф дод ва ин нуктаро низ эътироф кард, ки дастоварди бузургтарини миллати тоҷик дар ин давра Сарвари давлат интихоб шудани   Эмомалӣ  Раҳмон  аст.  Зеро  маҳз  ба шарофати заҳматҳою талошҳои Пешвои муаззами миллат дар Ватани маҳбубамон оромиву осудагӣ пойдор гашт, якпорчагии мамлакат ҳифз шуд ва садҳо ҳазор нафар аз марг раҳо ёфт, ки ин бузургтарин савоб аст назди Худованди карим. Аз ин рӯст, ки мардум ба Эмомалӣ Раҳмон – Сарвари маҳбуб меҳри беандоза дорад, ба Пешвои муаззами хеш арҷ мегузораду ҳамеша содиқ хоҳад монд ва инро интихоботи президентӣ, ки 11 октябри соли гузашта баргузор гардид, бори дигар собит сохт.
 
Шафоатулло АБДУЛЛО, "Ҷумҳурият"
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.01.2021    №: 14    Мутолиа карданд: 827
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед