logo

иқтисод

«АКИА АВЕСТО АВТОМАТИВ ИНДАСТРИ». ТАҶРИБАИ АВВАЛ БОМУВАФФАҚ АНҶОМ ЁФТ

“Акиа Авесто Автоматив Индастри” дар ҷумҳурӣ ягона корхонаи саноатиест, ки мошинҳои мусофирбар ва боркаш истеҳсол менамояд. Бар замми ин, корхона тасмим гирифтааст, ки дар ҷумҳурӣ маркази хизматрасониҳои техникӣ бунёд намояд. Ин барои кишвари мо таҷрибаи аввал аст, ки бешубҳа, дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд.  
 
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ
Корхонаи «Акиа Авесто Автоматив Индастри» - ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия фаъолияти худро моҳи январи соли 2018 дар асоси созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва ширкати «Акиа Ulasim»-и Ҷумҳурии Туркия оғоз намуд. Барои бунёди корхона нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта, сохтмони бино давоми як сол ба  анҷом  расид. Дар маросими ифтитоҳи корхона Президенти мамлакат амалӣ кардани чунин иқдомро дар пешрафти соҳаи саноати мошинсозӣ дар кишвар  ва баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонии шаҳри Душанбе муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд. 
“Акиа Авесто Автоматив Индастри” солона дорои иқтидори истеҳсолии   250 - 300 адад автобус буда, аз оғози фаъолият то имрӯз дар маҷмӯъ, 350 автобус бо тамғаи “Акиа” ва бори нахуст бо тамғаи тоҷикии “АкиаОриё” истеҳсол кардааст. Дар ин бора Асрор Мирзоев, директори генералии корхонаи мазкур, иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, мақсади корхона, пеш аз ҳама, қонеъ гардондани талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва содироти он ба кишварҳои минтақа мебошад. Аз ин рӯ, “Акиа Авесто Автоматив Индастри” дар асоси фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душнбе нахуст соли 2018 теъдоди 200 автобуси тамғаи “Акиа”, дарозиаш 12 метрро бандубаст намуда, ба истифода дод. Соли 2019 боз 100 автобус ва моҳи декабри соли гузашта 50 автобуси истеҳсоли Тоҷикистон бо тамғаи нави “АкиаОриё” (дарозиаш 8 метр) ба хатсайрҳои пойтахт сафарбар гардид, ки маҳсули дасти мутахассисони корхона мебошад.
 
КОРХОНА БА МУТАХАССИСОНИ МАҲАЛЛӢ ТАКЯ МЕКУНАД
Истеҳсол ва бандубасти мошинҳо тавассути шаш хати истеҳсолӣ - кафшергарӣ, таҳрангмоливу рӯйпӯшкунӣ, рангубор, бандубасти механикӣ ва электрикӣ, хати назорати ниҳоии сифат анҷом дода мешавад. Ҳар як хати истеҳсолӣ бо технологияҳои замонавӣ ва муосир муҷаҳҳаз гардонда шуда, кор дар чунин технология аз мутахассисон таҷриба ва малакаи касбӣ талаб мекунад. Барои ин беш аз 100 нафар мутахассиси соҳа аз ҳисоби ихтисосмандони маҳаллӣ бо маоши хуб ба кор ҷалб шуда, 25 нафараш барои баланд бардоштани дараҷаи касбият ва омӯзиши таҷриба дар Ҷумҳурии Туркия омӯзонда шуд. Онҳо аз рафти истеҳсолоти аввал то ба итмом расондани истеҳсоли автобусҳо ва дигар намуди воситаҳои нақлиёт донишу малака андӯхтанд. 
Марҳила ба марҳила ҳаҷми кор дар корхона бо назардошти истеҳсоли  дигар воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар зиёд шуда, талабот ба мутахассисони соҳа низ меафзояд.
 
ҶАВОБГӮ БА ТАЛАБОТИ СИФАТ ВА СОДИРОТ
Автобусҳои истеҳсолшуда ба талаботи меъёрҳои стандарти байналмилалии «Евро 5» ҷавобгӯ буда, бо муҳаррики ширкати «Мерседес Бенс» ва ширкати олмонии «Zahnrad Fabrik» сохта шудаанд. Тамоми қисмҳои эҳтиётии васлу насбшаванда кафолат ва сифати баланд доранд. 
Яке аз хусусиятҳои рақобатнокии онҳо дар он аст, ки ҳамаи моделҳои автобусҳо бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсол мешаванд, аз ин ҳисоб вазни умумӣ ва хароҷоти сӯзишвориашон кам гардида, ба муҳити зист зарар нарасонда, ҳавои атмосфераро заҳролуд намекунанд.
Аз  ин  рӯ, корхона тасмим гирифтааст, ки автобусҳои худро ба мамлакатҳои ҳамсоя содирот намояд. Бо ин мақсад, корхона нахустин бор  дар таърихи мошинсозии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии “BusWorld” иштирок варзида, дар он маҳсулоти ватанӣ - 3 намуд автобуси сохти Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард ва баҳои баланд гирифт.  
 
БО ТАЪСИСИ АДРИА ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ КОРХОНА АМАЛӢ ШУД
«Акиа Авесто Автоматив Индастри» якҷо бо 6 ширкат, аз ҷумла ҶДММ «Авто Тоҷикистон» – дистрибютери расмии  “Хундай  Мотор  Корпорейшн”,  ҶДММ «Таҷ Моторс» - дилери расмии “Тойота Мотор Корпорейшн”, ҶДММ «Лесинвест» - дилери расмии “Ҷенерал Моторс” ва амсоли инҳо ҳамкориро ба роҳ монда, ассотсиатсия ташкил намуданд. АДРИА, яъне Ассотсиатсияи дилерҳои расмии истеҳсолкунандагони автомобилҳо мебошад, ки роҳбарии онро низ Асрор Мирзоев ба уҳда дорад. Ассотсиатсия бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти иштирокчиёни бозор, намояндагӣ аз манфиатҳо дар сатҳи давлатӣ ва барои ҷорӣ намудани рақобати солим дар бозор ба роҳ монда шуда, кори корхонаро низ осон менамояд. Яъне, ширкатҳо дар доираи ҳамкорӣ масъалаҳои рушди соҳаи саноати мошинсозиро то сатҳи давлатию байналмилалӣ ҳаллу фасл намуда, дар пешрафти соҳа мусоидат менамоянд. Бар замми ин, тамоми воридоти мошинҳои боркаш, фурӯш ва нигоҳдории онҳо, ки баъзан ғайриқонунӣ сурат мегирад, ба танзим дароварда мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки дар бозори саноати мошинсозӣ рақобати солим ба вуҷуд омада, санҷишҳои гумрукӣ ва андозбандӣ таҳти назорат гирифта шаванд. 
Дар доираи ассотсиатсия, ҳамчунин, ба мизоҷон марказҳои техникӣ  хизматрасониҳои кафолатноки техникии худро пешниҳод менамоянд. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҳисоби корхонаи “Акиа Авесто Автоматив Индастри” истеҳсол шудани автомошинаҳои боркаши наву замонавӣ теъдоди мошинҳои куҳна дар кишвар кам мегарданд. Дар ин самт корхона бо бонкҳо барои додани қарзҳои дарозмуддат ҳамкориро ба роҳ мондааст, то ин ки хоҳишмандон битавонанд мошинҳои боркашро бо нархи дастрас харид намоянд. 
Дар назар дошта шудааст, ки дар заминаи корхона боз истеҳсоли 5 намуди дигари воситаҳои нақлиёт, аз қабили микроавтобус ва электротроллейбуси замонавӣ низ ба роҳ монда мешавад.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
“Ҷумҳурият”

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.01.2021    №: 14    Мутолиа карданд: 648
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед