logo

ҳуқуқ

МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ. СУД ФАРМОНИ САРДОРИ РВКД ДАР ВИЛОЯТИ СУҒДРО БЕКОР КАРД. ЧАРО?

Суди шаҳри Хуҷанд бо баррасии парвандаи гражданӣ Ҳайит Комилзодаро, ки аз сӯи сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аз вазифа озод гардида буд, ба мақомаш барқарор кард. Ӯ қаблан дар вазифаи муовини сардори шуъбачаи шаҳраки милитсияи «Соҳили рост» - и ШВКД дар шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт. 
Дар парвандаи гражданӣ, ки нусхаи он дастраси «Ҷумҳурият» шуд, омодааст, ки Ҳ. Комилзодаро 5 декабри соли 2020 бо фармони сардори РВКД дар вилояти Суғд бе ягон асос аз вазифаи муовини сардори шуъбачаи шаҳраки милитсияи «Соҳили рост»-и ШВКД дар шаҳри Хуҷанд озод ва ба вазифаи ваколатдори калони оперативии шуъбачаи мубориза бар зидди истеҳсоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадори шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд таъйин кардаанд. Зимни ба дигар вазифа гузарондан розигии ӯ гирифта нашудааст, ки ҳолати мазкур ошкоро вайрон кардани қонун ба ҳисоб рафта, бархилофи талаботи қонунгузории меҳнат мебошад ва бо ин ҳуқуқҳояш ба таври ҷиддӣ поймол шудааст. Гуфта мешавад, ки зимни ба вазифаи дигар гузарондан ҳатто сардори шуъбачаи шаҳраки милитсияи «Соҳили рост» ва сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд огоҳ карда нашуда, бе мувофиқаи онҳо ӯро ба вазифаи дигар таъйин кардаанд. Вале муовини сардори шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии РВКД дар вилоят Илҳом Қодиров ба суд гуфтааст, ки бо асосҳои зарурияти хизматӣ, пешрафти фаъолияти оперативӣ - хизматии хадамоти оперативии дастгоҳи раёсат ва шуъбаҳои вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳамчун сарпарасти хадамотҳои оперативӣ бо назардошти савияи дониш, малакаи касбӣ ва таҷрибаи корӣ, бо фармони сардори РВКД дар вилоят майори милитсия Ҳайит Комилзода ба вазифаи дигар таъйин гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи моддаи моддаи 30 қисми 1 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори дигари доимӣ гузарондан (тағйир ёфтани вазифаи меҳнатии корманд), супоридани кор аз рӯи ихтисоси дигар, тахассус ва вазифаи дигар танҳо бо розигии корманд мумкин аст. Дар сурати ғайр, моддаи 54 ҳамин кодекс муқаррар менамояд: корманде, ки ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронда шудааст, аз ҷониби худи корфармо ё суд ба кор барқарор карда мешавад.
Баъд аз баррасии парванда суд муайян кард, ки ҳангоми тасвиби фармон дар бораи аз вазифа озод намудан ва ба кори дигар гузарондани Ҳ. Комилзода талаботи қонунгузорӣ ва Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя нашудааст.  
Дар ҳамин асос суд қарор кард, ки фармони сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҷиҳати бе асос ба вазифаи дигар таъйин гардидани майори милитсия Ҳайит Комилзода бекор карда шавад. Дар асоси қарори содиршуда Ҳ. Комилзода бояд дар вазифаи пештара - муовини сардори шуъбачаи шаҳраки милитсияи «Соҳили рост»-и ШВКД дар шаҳри Хуҷанд барқарор гардад. 
Ҳарчанд дар қарори суд гуфта шудааст, ки ҳалнома дар қисми барқарор намудан ба ҷои кор фавран ба иҷро расонда шавад, аммо то кунун қарор ба иҷро надаромадааст. Илҳом Қодиров, муовини сардори шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ ва намояндаи ваколатдори ҷавобгар – РВКД дар вилояти Суғд, аз додани маълумот дар ин бора худдорӣ намуда, ҳангоми пурсиши мо вобаста ба ин масъала телефонашро хомӯш кард.
Ин дар ҳолест, ки тибқи моддаи 363 Кодекси ҷиноятӣ ҳукм, ҳалнома ё санади дигари эътибори қонунӣ пайдонамудаи судро қасдан иҷро накардани намояндаи ҳокимият, хизматчии давлатӣ ё хизматчии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, хизматчии муассисаи давлатӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ё дигар ташкилот, инчунин, ба иҷрои онҳо монеъ шудан бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.01.2021    №: 14    Мутолиа карданд: 1115
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед