ҳуқуқ
ҚОНУНГУЗОРӢ. БИДУНИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ КОР ДАР ЯК ҚАТОР СОХТОРҲО НОМУМКИН ШУД
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» иборат аз 10 боб ва 62 моддаро тасвиб карданд, ки интизор меравад, дар пайи қабули он мушкилоти мавҷудаи вобаста ба хизмати ҳарбӣ рафъ гардад.
Бар асоси ин тарҳ, минбаъд шахсоне барои кор ба мақомоти суд, прокуратура, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, хадамотҳои гумрук ва иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешаванд, ки хизмати ҳарбиро анҷом дода бошанд.
20 январ Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро муаррифӣ кард. Тавре зикр мешавад, тарҳи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин, пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод, ки дар лоиҳаи қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ низ пешбинӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки айни замон, шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам мегарданд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилӣ ба миён меорад.
Бинобар ин, татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Зимнан, дар лоиҳаи қонуни мавриди назар танзими фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан хатмкунандагони донишгоҳҳое, ки дорои кафедраи ҳарбӣ буданд, соҳиби билети ҳарбӣ мешуданд.
Фирӯз РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.01.2021 №: 14 Мутолиа карданд: 1129