ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ОДАМКУШӢ
Ҷавонзани 22 - сола шаҳрванди хориҷиро ба ҳалокат расонд
Дар шаҳри Ваҳдат як ҷавонзани 22 – соларо ба гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир ва алайҳаш бо моддаи 104, қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд.
Тавре сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, 8 январи соли ҷорӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин (марди 68 - сола) бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона дастрас гардида, соате пас ба ҳалокат расид, ки аз соли 2008 инҷониб дар заминҳои корами шаҳри Ваҳдат ба кишоварзӣ машғул будааст.
Дар пайи ин ҳодиса корамандони милитсия ҳодисаро ошкор ва зани 22 – солаи сокини Ҷамоати деҳоти Б. Бурунови шаҳри Ваҳдатро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноят, яъне расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки бо марг анҷом шуд, дастгир намуданд.
ҚАЛЛОБӢ
Ду корманди ВКД бо ин ҷурм ба толори суд рафтанд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз анҷоми тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247, қисми 2 бандҳои «б,в,г» Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ) хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, Зебунисо Исматшозода, сардори шуъбаи таҳлил ва назорати раёсати таҳқиқи ВКД, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Қумрӣ Ҳалимзода, корманди ҳамин раёсат, 8 сентябри соли 2020 аз шаҳрванд «А» барои аз махзани маълумоти сармаркази иттилоотӣ - таҳлилии ВКД поккорӣ намудани маълумот дар бораи доғи судӣ доштанаш 1200 доллари ИМА талаб намуданд. Вале ҳангоми гирифтани маблағи мазкур 10 сентябри соли 2020 дастгир шуданд.
Ҳоло парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба онҳо барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.01.2021 №: 14 Мутолиа карданд: 1111