logo

ҳуқуқ

 ЗИРАКИИ СИЁСӢ. РОҲИ МУАССИРИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ


Хатари терроризму экстремизм ва мубориза алайҳи он ҳамоно аз мавзӯъҳои пурбаҳс дар ҷомеа аст. Дар иртибот ба он таҳлилгарон аз равзанаҳои гуногун нигариста, то ҳол дар шинохти онҳо хулосаи амиқ ҳосил нашудааст. Чунон-чи, дар бисёр маврид терроризму экстремизмро ҳамчун василаи муборизаву қасоси пайравони як дину эътиқод алайҳи тамаддуни дигар медонанд.

 
Яке аз маъмултарин шаклҳои он ифротгароии динӣ буда, ҳола-тест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Шахси ифротӣ маъмулан аз таълимоти асилу муътадили динӣ дур монда, динро ба таври бисёр рӯякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, ба ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз ди-гарон низ чунин тарзи амалро интизор ва тақозо менамояд. Ифрот-гароии динӣ як тарзи фаҳмиш ва навъи тафаккур дар дохили худи инсон аст, аммо, агар ин навъи тафаккур ба марҳилаи паҳншавӣ ва амал гузарад, он ба радикализм ё тундравии динӣ табдил меёбад. Пас, радикализми динӣ марҳилаи ошкоршуда, фаъолшуда ва ама-лишавандаи ифротгароии динист. Он ифротгароиест, ки аллакай аз сатҳи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот ва амалҳои тунд мегу-зарад. Дар ин марҳила шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагии ди-гаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопа-зирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ алайҳи фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин ҳо-лат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад.
Аз сабаби он ки тарзи фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нестанд, онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд. Кӯшиш менамоянд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонда, бо роҳи зӯрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализми динӣ ба марҳилаи сеюми худ, яъне ба марҳилаи терроризм мегузарад.
Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ, тундравии динӣ, даҳшатафкании динӣ, марҳилаҳои  пайдарҳами инкишоф ва ташаккули гурӯҳҳои ифротгароии динии муосир мебошанд.
Бешубҳа, аҳамияти мубориза бо экстремизму радикализм аз аҳамияти мубориза бо худи терроризм камтар нест, зеро экстремиз-му радикализм заминаи асосӣ ва марҳилаҳои ибтидоии терроризм буда, оқибат ба терроризм мерасонанд. Яъне, терроризм марҳилаи олӣ ва охирини ифротгароӣ ё шакли амалишудаи экстремизму ра-дикализм мебошад. Ин аст ки ҳангоми муносибат бо ин зуҳурот бо-яд дар назар дошт, ки онҳо бо ҳам пайванди амиқ дошта, бавуҷудо-варандаи ҳамдигар мебошанд.
Мутаассифона, хушунати экстремизм ва терроризм сол ба сол ву-съат ёфта, барои инсоният, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, амнияти миллӣ ва зиндагии осудаи мардум хатари ҷиддӣ эҷод кардааст. Тоҷикистон, ки аз нигоҳи мавқеи ҷуғрофӣ ва геосиёсии худ дар чорсӯи бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва низомҳои оштинопазири сиёсию идеологӣ қарор дорад, аз оқибатҳои номатлуби муқови-матҳои ошкору ниҳонии терроризми байналмилалӣ ва ифротга-роии динӣ дар канор буда наметавонад. Аз ин лиҳоз, ба вуҷуд овар-дани фазои оштинопазири аҳли ҷомеа нисбат ба ин хатарҳо ва афзун намудани фаъолияти мақомоту сохторҳои муваззаф дар самти пешгирии заминаҳои ба терроризму ифротгароии динӣ му-соидаткунанда мувофиқи мақсад дониста мешавад.
Гулбегим ДАВРОҚБЕКОВА,
омӯзгори МТМУ № 93, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2021    №: 17    Мутолиа карданд: 1382
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед