logo

фарҳанг

 САДА САНОИ ОФТОБ АСТ


Ҷашни Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи форсзабонон буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу таронахонӣ, оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд. Дар осори илмию фарҳангии абармардони форсу тоҷик Абурайҳони Берунӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Наршахӣ ва чанде дигарон оид ба ин иду ҷашнҳои мардумӣ маълумоти ҷолибу рангин ва муфассал оварда шудаанд.
Сада омодагӣ ба киштукори баҳорӣ буда, бо омадани он моши-нолоти кишоварзӣ таъмир ва ба мавсим тайёр карда мешаванд. Дар анборҳо маводи сӯзишворӣ, нуриҳои минералию органикӣ захира мегарданд ва яхобмонии баъзе қитъаҳои замин гузаронда мешавад. Хулоса, дар Сада деҳқон ба такопӯ даромада ба кишти баҳорӣ омо-дагӣ мегирад. Маънои Сада аз шумораи сад ибтидо мегирад.
Дар «Ғиёс-ул-луғот» омадааст. «Сада дар забони форсӣ номи ҷашнест, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман рост меояд». Ҳамон ҷо ишора мешавад: «Сада даҳум рӯзи баҳман, чун дар он рӯз адади фарзандони Одам, ки Каюмарс иборат аз он аст, ба адади сад раси-да».
Абурайҳони Берунӣ дар китобаш «Осор-ул-боқия» нигоштааст: «Сада номи ҷашни рӯзи даҳуми баҳман аз ҳар соли шамсӣ…».
Яке ҷашн кард шабу бода хвард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» асосгузори ин ҷашнро Ҳушанг меҳисо-бад. Баъзеҳо муътақиданд, ки Сада дар замони Каюмарсу Исфанди-ёру Фаридуну Ҷамшед ба вуҷуд омадааст.
Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин оини Каюмарс, Исфандиёр бошад.
(Манучеҳрии Домғонӣ)
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
(Унсурии Балхӣ)
Баҳри муқаррар кардани таърихи пайдоиши Сада ва қавоиду суннатҳои он «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ сарчаш-маи бебаҳост. Ӯ таърихи пайдоишу ҷашн гирифтани Садаро ба давраи ҳукмронии подшоҳи Эронзамин Ҳушанги афсонавӣ нисбат дода, чунин менависад: «Рӯзе Ҳушанг бо чанде аз ёронаш пайи шикор ба кӯҳсор меравад. Фасли зимистон бошад ҳам, рӯзи офтобӣ на танҳо равшанӣ, балки гармии фораме бар замину одамон ме-бахшад. Гиёҳу алафҳои нарми хушкгашта зери пойро навозиш ме-карданд. Азбаски ҳаёти одамони он замон бо шикор мегузашту хӯрокашон меваи дарахтону либосашон пӯсти даррандаҳо буд, мар-дум барои дарёфти ризқ ба ҷойҳои дур, то дараю кӯҳҳо, паҳноҳои ҳанӯз пайи пой норасида мерафтанд.
Ногаҳ аз пеши шикорчиён мори калони сиёҳе мебарояд, ки гирди санги сиёҳе ҳалқа зада шикамашро болои гиёҳҳои хушкидаи нарм гузошта истироҳат дошт. Офтоб нав ғуруб карда, гармии ҷонбах-шаш ҳанӯз аз тани санг дур нагашта буд ва мори ҳузури ҷонашро дар бари он ёфта мехост ҳарчи бештар аз гармии санг ҳаловат бар-дорад. Шикорчиёни пешрав морро дида ба Ҳушанг хабар мерасо-нанд. Шоҳ, ки марди қавипайкари паҳлавоне буд, беибо санги кало-неро бардошта морро нишон мегирад. Мор низ хатарро эҳсос карда тани худро ноилоҷ аз гармии санг раҳо намуда, забони суп-сурху чашмони оташини ҳаросонашро ба ҳарифонаш намоиш дода, роҳи гурезро пеш мегирад. Санги ҳавододаи Ҳушанг хато меравад. Санг ба мор нарасида ба санг бармехӯрад. Ҳамин лаҳза гӯё раъду барқе садо додаю озарахше шуъла пошида бошад, алангае дар атрофи санг сар мезанад. Ҳама ҳайрон монда, аз ҳаяҷони ногаҳонӣ худро ка-нор мегиранд. Ҳушанг, ки дар сангпартоӣ ва нишонзанӣ дар кишвар ҳамто надошт, ҳам аз хато рафтани сангаш ва аз ҳама бештар аз за-бони алангаи сурху зарди ногаҳонӣ ҳайрон гашта буд. Шуълаи алангазада дар як лаҳза хасу хасрӯбаҳои хушки атрофи сангро фаро гирифту оҳиста хомӯш гашт. Сипоҳиёни ҳайрон бо нигоҳҳои савол ба шоҳ менигаристанд. Ҳушанг аз онҳо бештар ҳайрон гашта бошад ҳам, ғурур, шаҳомати шоҳонаи худро нигоҳ медошт. Шоҳ бо инояти фарри яздонӣ дар умқи дилаш дарк мекард, ки дар ҳаёти ӯ ва, уму-ман, дар таърихи инсоният воқеаи муҳиме рӯй дод. Аммо, ҳанӯз то ба охир дарк карда наметавонист, ки чи ҳодисае рух додааст.
Ҳушанг ба назди хасу хошоки хокистаргашта, ки чун мори сиёҳи навакак аз ин макон ғоибгашта, рӯи заминро ранги сиёҳ рехта буд, рафт. Аввал нӯги гурзи чӯбини дасташро ба сиёҳӣ расонд. Чанги сиёҳе бархост. Бо пояш палмосид гармиеро эҳсос намуд. Дарунтари майдони сиёҳгашта қадам гузошт. Гармии бештаре ҳис карду пояш сӯхт. Қафо гашту боз санге  гирифта, болои майдони сиёҳӣ партофт. Чанг хест. Аз ғазаби он, ки моҳияти воқеаи рӯйдодаро то охир дарк карда натавонист, санги дигарро гирифта сӯи санглох андохт. Дар шомгоҳи тира боз оташаке шуъла зад, хасҳои хушки атрофи санглох аланга гирифтанд. Ҳушанг ин дафъа болои аланга чӯбе партофт. Чӯб сӯхт ва аланга баландтар забона зад».
Ана ҳамин тавр, бо ҳукми тасодуф ва алоқамандию таъсиррасо-нии ҷисмҳо, бо инояти Офаридгор оташ пайдо гашт. Ҳушанг дарк намуд, ки оташ барояш кашф гардид ва ба ин муносибат, атрофиё-нашро ҷамъ оварда, ҷашн орост ва номи онро Сада гузошт. Ҳушанг шукри Яздонро ба ҷо оварда ҳамон шаб оташи калоне афрӯхт ва ба атрофиёнаш эълон кард, ки ин фурӯғи яздонист ва агар касе хирад-манд аст, онро бояд парастад. Ба ин муносибат, Фирдавсӣ гуфтааст:
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Паси ӯ чунон кард ҳар шаҳриёр.
Мор кушта нашуд, вале сирри оташ кушода шуд. Ҳушанг ва ёро-наш дар ҳайрат мондаанд. Ӯ гуфт; «Ин шуо фурӯғи худовандист, ки ба мо ато шуд, онро бояд табаррук дорем ва парастем». Ҳамин тавр, ин маросим ҳар сол дар ҳамин рӯз ҷашн гирифта мешуд, ки баъдтар ба анъана табдил ёфт ва Ҷашни Сада ном гирифт.
Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳ, дар гирди шоҳ он гурӯҳ,
Яке ҷашн кард он шабу бода кард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Дар ин ривоят муҳимтар аз ҳама он аст, ки аҷдоди гузаштаи мо рӯзи пайдоиши оташро, ки як инқилоби азиме дар ҳаёти инсонӣ буд, ба иди бузурге табдил додаанд. Дар васфи Ҷашни Сада шои-рони бузурги гузаштаамон Фаррухи Сиистонӣ, Манучеҳри Домғонӣ, Адиб Собири Тирмизӣ қасидаҳо сурудаанд.
Дар асоси маълумоти манбаъҳои таърихӣ ва навиштаҳои уламою удабои маъруф Сада ин ҷашни ихтироъ, ҳосилу кашфи оташи сеҳрангез аст, ки ба шарофати он аҳли башар ба ҷои олоти чӯбину сангин асбобу олоти оҳанин ба даст оварданд, ки туфайли он барз-гарон (кишоварзон) – и олам ранҷи заҳмати хешро афзун гар-донданд.
Шарофиддин КАРОМАТОВ,
директори маркази миллии захираҳои генетикии  АИКТ,
Ёқубҷон УРОҚОВ,
корманди ММЗГ АИКТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2021    №: 17    Мутолиа карданд: 611
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед