маориф
ТАЪЛИМ.
ВОЛИДОН НАБОЯД БЕТАРАФ БОШАНД
Муҳимтарин вазифаи муассисаи таълимӣ, хусусан мо- омӯзгорон, ин таълим додан, яъне дониш омӯзондан ба насли наврас аст. Аммо дар ин кор ба муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон волидон бояд ёрӣ расонанд. Таълимгоҳу омӯзгор дар кори таълиму тарбия танҳо замоне муваффақ мешаванд, ки волидон низ ба ин раванд ворид гардида, муҳимияти онро дарк намоянду саҳми худро бигузоранд. Зеро хонанда дар мактаб ҳамагӣ чанд соат таълим мегирад, вақти боқимондаашро ӯ дар хона мегузаронад.
Раванди таълим дар муассисаҳои таълимӣ аз синни 7 - солагӣ оғоз мегардад. Ин синнест, ки инсон зеҳни тез дорад ва қобилияти зуд аз худ кардани донишро пайдо мекунад. Ва ҳам дар ин даврон, ки хишти аввали шахсияти инсон гузошта мешавад, яъне кӯдак ба раванди таълим фаро гирифта мешавад, волидони онҳо бо муассисаҳои таълимӣ дар якҷоягӣ амал намуда, раванди онро мунтазам ва ҳадафнок ташкил намоянд.
Агар дар ҳамин зина шавқи хонданро дар дили фарзандонамон бедор карда натавонем, дар зинаҳои минбаъда онро барқарор кардан хеле мушкил мегардад, агар даст диҳад ҳам бо мушкилии зиёд сурат хоҳад гирифт. Дар ин зина хонанда шахсияти ташаккулёфта шинохта шуда, тағйир додани табиати хислати ӯ хеле мушкил мегардад. Таҷриба нишон медиҳад, хонандагоне, ки дар зинаи аввали таълим хуб таҳсил мекунанд, барои онҳо дониш андӯхтан дар зинаҳои болоӣ чандон душвор нест. Чунончи, агар хонанда дар синфи 3 ё 4 зарбу тақсимро хуб аз худ кунад, ҳангоми дар синфи болоӣ таҳсил намуданаш, ба роҳатӣ метавонад мисолҳои математикиро сарфаҳм равад. Дар акси ҳол, дар ҳаллу фасли чунин мисолҳо дармемонад ва ин чунин маъно дорад, ки то ин дам раванди таҳсил дар муассисаи таълимӣ натиҷаи дилхоҳ надодааст. Ҳангоми чунин ранг гирифтани кор на танҳо таълимгоҳ ва омӯзгорон, балки волидони онҳо низ гунаҳкоранд. Зеро, агар дар баробари омӯзгор волидон низ аз фарзанд қоидаҳои зарбу тақсим, дуруст хондану навиштан, ё нақл кардани матни хондаашонро мепурсиданд, дар зинаҳои болоии таълим худи бачаҳо ба боло бурдани сатҳи донишашон ҳавасманд мегардиданд. Ин, пеш аз ҳама, на танҳо ба манфиати фарзанди мо, балки ба манфиати ҷомеа низ мебошад. Зеро кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд ва ояндаро танҳо нафароне сохта метавонанд, ки дониши хуб доранд. Ба ҳамин хотир, дуруст ташкил намудани рафти таълим яке аз масъалаҳои муҳими таълиму тарбия буда, онро метавон, танҳо дар робитаи қавии муассисаҳои таълимӣ бо волидон ба роҳ монд.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои дониш омӯхтан тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Мо - омӯзгорон дар раванди таълим аз онҳо ба таври васеъ истифода мебарем. Дар хонадонамон низ бояд кӯшиш намоем, ки барои донишандӯзии бачагонамон шароити хуб фароҳам оварда бошем.
Фирӯза ШАРИФОВА,
омӯзгори МТМУ № 76, ноҳияи Фирдавсӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.01.2021 №: 19 Мутолиа карданд: 4622