logo

фарҳанг

 ГИРОМИДОШТИ ОМӮЗГОР РУСТАМҶОН ҲАСАНОВ ДАР БАСМАНДА


Дар МТМУ № 7 - и деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич ифтитоҳи осорхонаи мактабии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамҷон Ҳасанов ва рӯнамоии китоби «Машъалафрӯзи маърифат» баргузор гардид.
Ашӯралӣ Ҷалилзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия, аз лавҳи ёдгорӣ парда бардошта, аз осорхонаи нав дидан кард. Ҳамзамон, кабинетҳои фаннии ҷуғрофия ва технологияи компютериро пас аз таъмиру таҷдид ва таҷҳизондан ба истифода дод.
- Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзандону пайвандони хонаводаи Ҳасановҳо кӯшидаанд, то як гӯшаи диёр обод шуда, хонандагон аз шароити беҳтари таълиму тарбия баҳравар бошанд. Ёдовар мешавем, ки бо қарори маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 21 октябри соли 2020, таҳти рақами № 85, МТМУ № 7 ба номи Рустамҷон Ҳасанов гузошта шуд. Бовар дорем, ки фарзандону шогирдони садоқатманди устод дар оянда барои ободу зебо ва ғанигардонии пояҳои моддиву техникии ин муассисаи таълимӣ талош меварзанд, - гуфт Ашӯралӣ Ҷалилзода.
МТМУ № 7 яке аз муассисаҳои калонтарини ноҳия буда, соли 1946 таъсис ёфтааст. Дар муассиса 1096 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Фарзандон ва додари соҳибкори  Рустамҷон Ҳасанов – Абдусамад Ҳоҷиев ба муассисаи таълимии мазкур 13 компютер бо маҷмӯи мизу курсиҳои компютерӣ, 3 телевизиор ва асбоби аёнии таълим туҳфа карда, ҳамчунин, ҳуҷраи директор, як синфхона, осорхона ва кӯчаи назди муассисаро таъмир намуданд. Маблағи умумии корҳои анҷомёфта навад ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Осорхонаро бо китобҳои сиёсиву бадеӣ, мизу курсӣ ва экрани махсус таъмин ва омӯзгори муассисаи таълимии мазкур Ҷамолиддин Бобоевро масъули ин боргоҳи маънавӣ таъйин кардаанд.
Дар давоми чорабинӣ бо иштироки Ашӯралӣ Ҷалилзода ва масуълони соҳа мусобиқаи волейбол ба хотири гиромидошти Рустамҷон Ҳасанов таҳти шиори «Ҷавонон - созандагони фардои Ватан!» оғоз шуд.
Дар маҳфили тантанавӣ ёру бародарон ва маорифчиёни кишвар, аз ҷумла корманди раёсати маорифи вилояти Суғд Аҳмадҷон Солиев, мухбири махсуси рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд Ҷовиди Аштӣ, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон Муртазоқул Сафаров, муҳаррири нашрияҳои «Сухани халқ» ва «Маорифи Суғд» Абдусабур Ваҳҳобов, корманди «Ҳақиқати Суғд» Нодир Турсунзода ширкат варзида, дар бораи хизматҳои шоистаи шодравон андешаҳои худро иброз доштанд.
Ҷовиди Аштӣ дар баробари супурдани туҳфаҳои хотиравии ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба фарзанди шодравон Зафарҷон Ҳасанов, сардори раёсати молия ва хоҷагии идораи рӯзнома, ҳамзамон ёд кард, ки сармуҳаррири ин нашрияи бонуфуз Қурбоналӣ Раҳмонзода бо Рустамҷон Ҳасанов ошноӣ доштанд ва барои арҷгузории хизматҳои мондагори ин омӯзгори дилсӯз дар мураттаб ва нашри китоби «Машъалафрӯзи маърифат» (Гулчин аз рӯзгори Рустамҷон Ҳасанов) саҳм гузоштанд.
Чорабинӣ бо супурдани туҳфаҳо аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 20 кӯдаки камбизоат ва 30 собиқадори меҳнату маориф ҷамъбаст гардид.

«МАШЪАЛАФРӮЗИ МАЪРИФАТ» рӯнамоӣ шуд
Ба хотири гиромидошти Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамҷон Ҳасанов китоби «Машъалафрӯзи маърифат» (Гулчин аз рӯзгори Рустамҷон Ҳасанов) интишор ёфт. Муҳаррир ва мушовири китоб сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода буда, он дар чопхонаи “Эр - граф” бо теъдоди 500 нусха нашр шуд.
Қисмати аввали ин маҷмӯа аз мақолаву хотираҳои дӯстону ҳампешагон иборат аст. Қисмати дувумро мақолаҳои таҳлиливу соҳавии Рустамҷон Ҳасанов оро додаанд. Дар бахши охир шеърҳои аҳли қалам васфи муаллим ва зодгоҳи ӯ рустои зебоманзари Басманда мекунанд.
Дар китоб зикр мешавад, ки арҷгузорӣ ба хизмату ранҷҳои гузаштагон ва равшан нигаҳ доштани чароғи ёду ёдгори онҳо аз суннатҳои деринаи мардуми мо будааст. Ин оини нек дар замони соҳибистиқлолӣ эҳёи бештар ёфта, номгузории ноҳияву шаҳрак, кӯчаву хиёбон ва донишгоҳу муассисаҳои таълимии ҳамагонӣ ба номи шахсиятҳои бузургу таъсиргузор ва фарҳангиву илмӣ намунаи олии ин гуфтаҳост.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина корҳои шоистаеро ба сомон расондаанд.
Дар сармақолаи Қурбоналӣ Раҳмонзода – “Шамъи маҳфилу машъалафрӯзи маърифат” омадааст: “Рустамҷон Ҳасанов ҳамчун инсон ончунон хоксору фурӯтан буд, ки бо вуҷуди суҳбатҳои зиёди якҷоя, боре ҳам дар бораи худаш на танҳо ҳамчун шахсият, балки ба ҳайси як омӯзгори қаторӣ ҳам чизе нагуфтааст. Ҳар чи дар бораи устоди ҳампешаам медонам, аз дигарон шунидаам. Шунидаам, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки, ҳамзамон, вазнинтарин давраи баъдиҷангии Тоҷикистони азиз маҳсуб меёфтанд, роҳбар буд. Роҳбари яке аз калонтарин мактабҳои миёнаи ноҳияи собиқи Ғончӣ (ҳоло Деваштич), роҳбари насли наву ояндасози Ватан. Шунидаам, ки то имрӯз дар замири мардуми тамоми ҷамоат ҳамчун роҳбари ободкор маъво гирифтааст. Роҳбаре, ки корашро аз таъмири боми бинои мактаб оғоз намудаву то ба фаршаш анҷомидааст. Роҳбаре, ки бевосита дасти даҳҳо наврасону ҷавонони деҳаро гирифта, то ба озмунҳои фаннии сатҳи ноҳияву вилоят бурдаву бо ин роҳ мактаб, балки мардуми деҳаро нуфузу обрӯ бахшидааст”.
Рӯнамоии китоби мазкур дар МТМУ № 7 ноҳияи Деваштич, ки бо қарори маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 21 октябри соли 2020, таҳти № 85, ба номи Рустамҷон Ҳасанов гузошта шуд, баргузор гардид.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.2021    №: 19    Мутолиа карданд: 891
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед