ҳукумат
ГУЗОРИШ
АЗ МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
27 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Зимни ҷаласа нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2020 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2021 муайян шуданд.
Аъзои Ҳукумат, аз ҷумла вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, иҷрои стратегияву барномаҳо ва нақшаҳои қабулшуда ва дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, дар ҷаласаҳои Ҳукумат ва дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузошта шудаанд, инчунин, камбудиву норасоиҳо ва мушкилоту масъалаҳои дар соҳаҳои мухталиф ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳоро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлисро оғоз бахшида, таъкид намуданд, ки соли 2020, дар маҷмӯъ, барои мардуми тоҷик соли бобарор ба ҳисоб рафта, бо ҷаҳду талошҳои сокинони мамлакат бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ, дар натиҷаи татбиқи ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар як қатор рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ба амал омаданд, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар заминаҳои устувор мегузоранд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2020 ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд.
Тавре таъкид гардид, бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодиёти минтақаву ҷаҳон ва дигар монеаҳои мавҷудаи марбут ба пандемияи COVID – 19, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва татбиқи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат мусоидат намуданд, ки натиҷаҳои мусбат ба даст оварда шаванд.
Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он 4,5 дарсадро ташкил дод.
Ба таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 9,7 дарсад, кишоварзӣ 8,8 дарсад ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 дарсад, аз ҷумла содирот 19,8 дарсад, мусоидат намуд.
Бо вуҷуди ин, дар давраи ҳисоботӣ, бар асари таъсири манфии омилҳои берунӣ, ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба соли 2019 - ум 9,9 дарсад, гардиши савдои дохилӣ 6,8 дарсад, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 дарсад ва мусофиркашонӣ 2,5 дарсад кам шуд.
Дар ин давра сатҳи таваррум 9,4 дарсадро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (8 фоиз) 1,4 банди фоизӣ зиёд буда, асосан, аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ (13 дарсад), молҳои ғайриозуқа (5,8 дарсад) ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ (4 дарсад) ташаккул ёфтаанд.
Сарвазири мамлакат иброз дошт, ки бо мақсади самаранок ва оқилона истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда ва, дар ин замина, таъсиси ҷойҳои нави кор, инчунин, ҷиҳати таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар соли 2020 дар кишвар 300 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ бо 6500 ҷои кор мавриди истифода қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки вобаста ба татбиқи ҳадафҳои стратегии гузошташуда танҳо соли 2020 дар минтақаи саноатӣ ва парки технологияҳои инноватсионии шаҳри Душанбе 6 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 750 ҷои нави корӣ бунёд гардид.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 30,8 миллиард сомонӣ расида, рушди он 9,7 дарсадро ташкил намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз 293 намуд муҳимтарин маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда афзоиши ҳаҷми истеҳсоли 151 номгӯи он таъмин гашта, истеҳсоли 31 номгӯи моле, ки соли 2019 истеҳсол нагардида буд, ба роҳ монда шуд.
Сарвари давлат ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид ва муовинони Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода ва Давлатшо Гулмаҳмадзода ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, ки аз таҳлилу ҷамъбасти воқеии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2020 бармеояд, супоришҳои мушаххас доданд.
Дастурҳо, ҳамчунин, вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисоди кишвар, таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва тақвияти фаъолияти муназзами ҳамаи соҳаҳо, иҷрои саривақтии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳти назорати қатъӣ гирифтани ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои афзалиятноки муайянгардида, иҷрои консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дода шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, супориш доданд, ки барои пешгирии оқибатҳои манфии пандемияи коронавирус, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ҳамчунин, ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат оид ба амалисозии нақшаву барномаҳои давлатии соҳаи кишоварзӣ, истеҳсолу захираи кофии хӯрокворӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳисоботҳои вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода шунида шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар сатҳи 100,1 дарсад таъмин гашта, ба он 24,3 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 20,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ ба Буҷети давлатӣ тавассути Кумитаи андоз 10,6 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби воридоти пардохтҳои гумрукӣ 5,5 миллиард сомонӣ ворид гардид.
Бақияпулиҳои андозӣ ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ ба 884 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба аввали сол 304 миллион сомонӣ зиёд шудааст.
Қисми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ дар сатҳи 91 дарсад иҷро гардида, барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 24,9 миллиард сомонӣ равона гашт. Дар баробари ин, бо мақсади кам намудани таъсири COVID– 19 ба иқтисодиёти кишвар ва бартараф намудани дигар мушкилоти ҷойдошта, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ соли 2020 барои дастгирии Буҷети давлатӣ 3,8 миллиард сомонӣ ҷалб шуд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2020 ҳисобот дод.
Сарвари давлат барои аз байн бурдани мушкилот дар самти хизматрасонии соҳаи иҷтимоӣ, иҷрои нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ, таҳияи системаи муайяни электронии таъйини нафақа ба шахсони маъюб ва баҳисобгирии дурусти нафақагирони фавтида, инчунин, назорати маблағҳои суғуртавӣ ба роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дастурҳои мушаххас доданд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ва раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ доир ба соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ ҳисобот доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи соҳа таъкид доштанд, ки Бонки миллӣ ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” ҷиҳати ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, баланд бардоштани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, беҳтар гардондани сифат ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нав чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон оид ба фаъолияти соҳа, баррасии муроҷиати шаҳрвандон, харидуфурӯши ғайриқонунии замин, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, таъмини талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, шомилшавии баъзе шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода оид ба вазъи ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии характери коррупсионидошта ва ҳаҷми зарари аз ин ҷиноятҳо расида, раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода дар бораи натиҷаи санҷишҳо, муайян кардани зарарҳои молиявӣ ва барқарор намудани маблағҳо ба Буҷети давлатӣ ҳисобот доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои марбута ҷиҳати таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳама гуна ҷиноятҳои коррупсионӣ, гузарондани аудит ва санҷишҳо оид ба истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳисоботи вазири адлия Музаффар Ашуриён оид ба натиҷаи аттестатсияи кормандони сохторҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”, ки аз 3 марти соли 2019 то 7 декабри соли 2020 идома дошт, шунида шуд.
Таъкид гардид, ки дар сохторҳои зикршуда 7523 нафар аз аттестатсия гузаштанд. Тибқи натиҷаи аттестатсия, аз сохторҳои номбаршуда шахсони тасодуфӣ, ғайрикасбӣ ва нафароне, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, аз вазифа озод ва баъзеашон ба вазифаҳои паст гузаронда шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки минбаъд низ ба хотири ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дар вазорату идораҳои давлатӣ назорат пурзӯр гардида, тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Дар идомаи маҷлис раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода доир ба фазои сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, созишномаҳои нави ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ширкатҳои бонуфузи кишварҳои дуру наздик ва имкониятҳои сармоягузорӣ ҳисобот дод.
Пешвои муаззами миллат ҷиҳати то 20 феврали соли ҷорӣ аз санҷишу таҳлил гузарондани фаъолияти кулли лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки беш аз 40 миллиард сомониро амалӣ карда истодаанд, дастур доданд.
Сипас, вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода аз натиҷаҳои соҳа дар соли сипаришуда ва нақшаҳо дар соли 2021 гузориш дод.
Сарвари давлат ба масъалаи интихоби номзадҳои арзандаву забондони лаёқатманд ва ба хориҷи кишвар ҷиҳати таҳсилу такмили ихтисос фиристодани ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии ин самт масъулонро вазифадор намуданд.
Дар гузориши худ вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин аз омодагии сатҳи баланди баргузории ҷаласаҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе, инчунин, татбиқи созишномаҳои байнидавлатӣ андеша ронд.
Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, раиси Ширкати холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода ва директори генералии ҶСК Неругоҳи барқи обии “Роғун” Хайрулло Сафарзода доир ба дарёфти роҳҳои самарабахши истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ, ҷалби сармоя, бунёди неругоҳҳои нав ва кам кардани талафоти неруи барқ, тақвияти корҳои сохтмонӣ дар иншооти аср ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошаванда муваззаф гардиданд.
Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир аз дастовардҳои саноатчиёни мамлакат дар соли 2020 ва суръати афзоиши маҳсулоти ватанӣ, таъсиси корхона ва ҷойҳои нави кор, ҷалби технологияи муосир ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ивазкунандаи воридот ва таъмини фаровонии бозори дохилӣ гузориш дод.
Пешвои миллат дастур доданд, ки бо мақсади ҳарчи бештар фаъолтар намудани корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, истифодаи самарабахши имконияту иқтидорҳои мавҷуда, коркарди ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти ниҳоӣ тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд.
Масъулон ва роҳбарияти вилояту шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини пурраи либоси мактабии истеҳсоли худӣ муваззаф гаштанд.
Ба вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода ва дигар масъулон бобати истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, таъмини фаровонии бозорҳои дохилӣ, ҳавасмандии кишоварзон тавассути додани қарзҳои имтиёзнок, бунёди боғҳои нав, кишти зироатҳои серҳосил, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди соҳаҳои парандапарварию моҳипарварӣ маслиҳату дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ва роҳбарони дигари сохторҳои марбута муваззаф шуданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар харидуфурӯши ғайриқонунии замин бартараф намоянд.
Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Холмурод Раҳмон ва роҳбарони ноҳияҳо ҷиҳати азхудкунии заминҳои нав, сари вақт омода намудани дастгоҳҳои обёрикунанда, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо дастур гирифтанд.
Ба вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва дигар мутасаддиёни соҳа супориш дода шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳавӣ ва бунёду тармими босифати роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалиро бо ҷалби мутахассисони варзида таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати андешидани тадбирҳои мушаххаси пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ, бунёди марказҳои саломатӣ ва тарбияи мутахассисони варзида дастур дода шуд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти зерсохторҳои соҳавӣ дар соли 2020, аз ҷумла дар самти касбомӯзӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави кор ва танзими муҳоҷират, ҳисобот дод.
Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода ва мутасаддиёни соҳа ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати чопи китоб, рушди фарҳангу санъат, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, дар сатҳи баланд таҷлил намудани чорабиниҳои ҷашнӣ вазифадор шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба директори Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода, директорони генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” Қурбони Алимардон дастур доданд, ки ҳарчи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд.
Сипас, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли 2020 гузориш дода, дастовардҳои раванди бунёдкорию созандагиро дар пойтахт аз шарофати сиёсати муваффақонаю ваҳдатасоси Пешвои муаззами миллат арзёбӣ кард.
Соли 2020 дар пойтахт 33 корхонаи нави истеҳсолӣ ва, дар маҷмӯъ, 32 ҳазор ҷойҳои нави кор таъсис ёфта, барои эъмори 10 корхонаи нав санги асос гузошта шудааст.
Тавре Рустами Эмомалӣ таъкид кард, алҳол дар пойтахт сохтмони 450 иншооти муосири иҷтимоию истеҳсолӣ идома дорад. Бунёди 34 километр роҳи замонавӣ, 47 истгоҳи нав, банақшагирии сохтмони боз 16 километр роҳи нав ва 21 истгоҳи дигар, хариди 50 автобуси истеҳсоли ватании ширкати “АКИА” ва 100 троллейбуси замонавӣ аз Беларус, навсозии 22 километр шабакаҳо ва 10 бунгоҳи гармидиҳӣ, таъмини 2560 манзили истиқоматӣ бо гармӣ, ҷалби 1 миллиарду 760 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ дар як сол ва ба 11 миллиард сомонӣ расондани сармоягузорӣ дар чор соли охир аз нишондиҳандаҳои эътимодбахшу бобарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сипосу қаноатмандӣ ба шаҳрдорӣ ва сокинони пойтахт аз дастовардҳои назаррас дар соли сипаришуда, изҳори эътимод намуданд, ки дар соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ симои шаҳри Душанбе комилан дигар шуда, ҳамчун кошонаи умеду ифтихори тоҷикони дунё шукуфову дилработар мегардад.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов аснои ҳисоботи худ соли 2020-ро марҳилаи нави рушди вилоят ва натиҷаҳои дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод кард ва сипоси сокинони вилоятро ба Пешвои муаззами миллат расонд.
Дар соли душвори сипаришуда нақшаи андоз пурра иҷро гардид ва дар бунёди роҳу иншооти маъмурию истиқоматӣ, азхудкунии заминҳои нав, истеҳсоли рӯзафзуни маҳсулоти кишоварзӣ дастовардҳо умедбахшанд ва дар соли 2021 заҳматкашони вилоят нақшаю ниятҳои созандаро оғоз кардаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати дастгирии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус оид ба иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш дар як рӯз, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Раиси вилоят ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки ҷиҳати таъмини некуаҳволии мардум, таъсиси ҷойҳои нави кор ва тақвияти тадбирҳои ободонию созандагӣ саъй намоянд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз сафарҳои корӣ ва маслиҳату машваратҳои Пешвои миллат аснои мулоқоту вохӯриҳояшон бо сокинони вилоят ёдрас шуда, таъкид кард, ки соли 2020 дар кулли соҳаҳои иқтисоди миллӣ дастовардҳои меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои Суғд дар муқоиса ба солҳои қаблӣ афзун гардид ва барои соли 2021 заминаҳои устувори рушд тарҳрезӣ шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили воқеӣ аз имконияту иқтидорҳои мавҷуда роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Суғдро ҷиҳати боз ҳам афзоиш додани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, тақвияти рӯҳияи ободкорию созандагӣ ва қувват бахшидани истеҳсолу содирот муваззаф намуданд.
Президенти мамлакат ба роҳбарони вилоятҳои Суғду Хатлон бобати афзун гардондани истеҳсоли картошка ва рушди соҳаи моҳипарварӣ дастурҳои мушаххас доданд.
Дар вилояти Хатлон ҳам соли сипаришуда натиҷаҳои қариб ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа назаррасу эътимодбахшанд, тазаккур дода шуд дар ҳисоботи раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.
Пешвои миллат роҳбарони минтақаи калонтарини мамлакатро ба ташаббускорию навоварӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави кор ва таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои миллӣ ҳидоят намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аснои таҳлилу баррасии натиҷаҳои фаъолияташон дар соли 2020 ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани раванди омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо назардошти дар сатҳи баланду сифати олӣ мавриди истифода қарор додани иншооти ҷашнӣ дастуру ҳидоят ва маслиҳат доданд.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба аъзои Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи нақша-чорабиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ, баҳри дарёфти роҳҳои пешгирӣ ва кам кардани таъсири омилҳои манфии беруна, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, хусусан ҷиҳати худтаъминкунӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар ҳузури иштирокдорон суханронӣ карданд.
Ҳукумати мамлакат вазифадор шуд, ки иҷрои сифатноки нақшаҳои ҳафтсоларо, ки дар суханронии Роҳбари давлат дар маросими савгандёдкунӣ баён шудаанд, таъмин намуда, ҷиҳати ду баробар афзоиш додани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ба 45 дарсад расондани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 10 дарсад коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ин давра тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар созад.
Таъкид гардид, ки дар вазъи имрӯза вобаста ба таъсири омилҳои манфии берунӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ иҷрои Буҷети давлатӣ ва сарбории он шиддатнок мешавад. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат идоракунии самараноки молияи давлатӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дарёфти сарчашмаҳои нави даромадро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ арзёбӣ карданд.
Сифатнок таъмин нагардидани нақшаи қисми даромади Буҷети давлатӣ ва афзоиши бақияпулиҳои андоз ба маблағгузории саривақтии соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсири манфии худро расонд. Дар робита ба ин, ба Вазорати молия супориш дода шуд, ки дар самти банақшагирии Буҷети давлатӣ, мақсаднок истифода намудани маблағҳои грантӣ, танзими қарздории бонкҳо ва дигар ташкилотҳо дар назди Вазорати молия тадбирҳои қатъӣ андешад.
Дастурҳои дигар ба Вазорати молия вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ доир ба ҷалби маблағҳои иловагӣ, бахусус грантҳо барои дастгирии Буҷети давлатӣ, якҷо бо Кумитаи андоз кам кардани бақияпулиҳои андоз, таҳияи механизми пешгирии афзоиши он ва ояндабинии манбаъҳои воқеии андоз, кам кардани хавфҳои фискалӣ, коҳиш додани хароҷоти дуюмдараҷа ва барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ мунтазам гузарондани таҳлил ва мониторинги фаъолияти молиявии онҳо дода шуд.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа вазифадор гардид, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи даромад, такмили низоми нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ чораҳои судманд андешида, ҳамкориро дар ин самт бо мақомоти дахлдор тақвият бахшад.
Бонки миллӣ, “Амонатбонк” ва дигар ташкилотҳои қарзӣ вазифадор шуданд, ки ҷиҳати бо шартҳои дастрас зиёд намудани пешниҳоди қарзҳо ба соҳаҳои иқтисодиёт, бахусус ба соҳибкории истеҳсолӣ ва боз ҳам паст намудани фоизи қарзҳо ва дастрасӣ ба онҳо, хусусан ба қарзҳои хурд дар минтақаҳои дурдасти кишвар, тадбирҳои мушаххас андешанд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки барои расидан ба ҳадафу афзалиятҳои муайянгардидаи Ҳукумати кишвар ҷалби сармоя, аз ҷумла сармояи мустақими хориҷӣ, нақши калидӣ дорад.
Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ҷойдошта тадбирҳои фаврӣ андешад.
Дар Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардидааст, ки шумораи корхонаҳои саноатии кишвар дар ҳафт соли оянда бояд ба беш аз 3500 расонда шавад. Вобаста ба ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки бо ҷалби бахши хусусӣ ҳамасола дар кишвар бунёди на кам аз 200 корхонаи саноатиро таъмин намоянд.
Барои расидан ба ҳадафҳои стратегии муайяннамудаи давлат ҷиҳати коҳиш додани воридоти маҳсулоти тайёри озуқа, доруворӣ, нуриҳои минералӣ, матоъ ва маснуоти саноати бофандагӣ Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор гардид, ки якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати ташкили корхонаҳои саноатӣ, барқарор кардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва таъмини афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда, аз ҷумла маҳсулоти инноватсионӣ, дар доираи тақвияти фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва таъсиси паркҳои технологӣ корҳои амалиро роҳандозӣ намоянд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаи энергетикаи кишвар Сарвари давлат таъкид карданд, ки сатҳи талафоти неруи барқ ҳанӯз зиёд буда, хеле ташвишовар мебошад. Ҷамъоварии маблағи неруи барқ аз ҳисоби муштариён ба талабот ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об супориш дода шуд, ки якҷо бо ширкати “Барқи тоҷик” ва дигар корхонаҳои соҳа истифодаи самараноку сарфакоронаи неруи барқ, коҳиш додани талафоти техникиву тиҷоратӣ, ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда ва ҷорӣ намудани низоми муосири назорат ва баҳисобгирии он, инчунин, кам кардани қарзҳои дебиторию кредитории соҳаро қатъӣ таъмин намояд.
Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об якҷо бо Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи энергетика, корхонаҳои соҳа, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва васеъ ҷорӣ намудани технологияву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ вусъат диҳанд.
Вобаста ба имкониятҳои кишвар дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаю баландсифат ва барои таъмини бозори истеъмолӣ Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин, технологияҳои инноватсионӣ, агротехникаи пешрафта ва тухмиҳои хушсифат ҳамкориро бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар хоҷагиҳои кишоварзӣ вусъат бахшида, дар ин замина, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, махсусан, картошкаву ғалладонагиҳо ва, ба ин васила, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба вазоратҳои кишоварзӣ, молия, нақлиёт, Агентии содирот, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки доир ба ҳалли масъалаҳои коркарди аввалия ва бандубасти маҳсулот, беҳтар намудани низоми баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, интиқоли бемамонияти молҳо тавассути сарҳади гумрукӣ, истифодаи тарифҳои имтиёзнок барои ҳамлу нақл ва сертификатсияи маҳсулот чораҳои дахлдор андешанд.
Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат дастгирии бахши пешбарандаи ҷомеа – маориф мавқеи хоса дорад.
Бо вуҷуди дастгириҳои доимӣ, дар ин соҳа мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла сатҳи пасти фарогирии кӯдакони синну соли томактабӣ, дастрасии кӯдакони деҳот ва кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд ба таҳсилоти томактабӣ, нарасидани кадрҳои баландихтисоси педагогӣ ва дорои тахассуси махсус, вуҷуд доранд. Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илм якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуд, ки барои беҳтар намудани фарогирии кӯдакони синну соли томактабӣ ба муассисаҳои томактабӣ, таъминот бо барномаҳои таҳсилоти томактабӣ ва дигар мушкилоти ҷойдоштаи соҳа чораҳои дахлдори иловагӣ андешад.
Зарур шумурда шуд, ки Вазорати маориф ва илм фаъолияти худро дар самти баланд бардоштани тахассуси омӯзгорони фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ ҷоннок намояд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат таъкид карданд, ки сарфи назар аз раванди коҳиши гирифторшавӣ ба бемории COVID – 19, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва сироятёбӣ ба ин беморӣ ва дигар бемориҳои сироятӣ татбиқи чораҳои заруриро тақвият бахшад.
Бо ташкили зиёда аз 193 ҳазор ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ дар соли 2020 имконияти бо кор таъмин намудани шаҳрвандон фароҳам оварда шуд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави кор ва дар дохили кишвар бо кор таъмин намудани шаҳрвандон чораҷӯӣ намуда, барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани онҳо корҳои амалиро ба роҳ монанд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, соли 2021 дар кишвар Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад. Вобаста ба ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳо сохтмону барқарорсозии беш аз 25 ҳазор иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз бо ташаббуси сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва сокинони мамлакат 18300 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сарвари давлат вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки ҳамкориро бо соҳибкорону шахсони саховатпеша тақвият бахшида, ба масъалаи вусъати корҳои ободонӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ин ҷашни фархунда диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Дар анҷом Президенти мамлакат таъкид карданд, ки тамоми роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, дигар сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд фаъолияти худро ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои дар маҷлиси имрӯза зикргардида, инчунин, иҷрои босифати дастуру супоришҳои Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ ба таври ҷиддӣ вусъат бахшида, аз натиҷааш ба Ҳукумати мамлакат мунтазам ҳисобот диҳанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.01.2021 №: 19 Мутолиа карданд: 8481