logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
Бахшида ба Ҷашни Сада
1. Садаро асосан кадом мардумон ҷашн мегиранд?  
2. Муқаддас дар Ҷашни  Сада. 3. Ҷашни Сада дар оғози …и  10 баҳманмоҳ  баргузор мешавад. 4. Яке аз қавмҳои ориёӣ. 5. Кишоварз, киштукоркунанда.  6. Пас аз 50 рӯзу 50 шаби Ҷашни Сада, кадом ид меояд? 7. Ҷашни Сада ба кадом фасли сол рост меояд? 8. …бимонад ҷовидон.
 9. Меваи 30-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
10. Ҳисоби рӯзу моҳ, солнома. 11. Худои гармӣ.   
12. Китоби муқаддаси «Зардуштиён». 13. Кӯли сунъӣ. 
14. Меҳрубон, раҳмкунанда. 15. Номи занона. 16. Либоси миллӣ. 17. «Бӯалӣ».  18. Хуршед, шамс.  19. Шаҳр дар Тоҷикистон. 20. Қаҳрамон дар «Шоҳнома».  21. Номи мардона. 22. Асъори миллӣ. 23. Ҳиссаи нутқ. 24. Нависандаи китоб ва асар.
Тартибдиҳанда Муинҷон ХОЛИҚОВ,
хонандаи синфи 10 – и  МТМУ № 4, деҳаи Дар-Дари ноҳияи Айнӣ
 
ҶАВОБ БА МУАММОИ «БАРФАК», АЗ 22 ЯНВАРИ СОЛИ 2021
1. Барф. 2. Фароштурук. 3. Карам. 4. Моҳӣ. 5. Исфара. 6. Алгебра. 7. Ампер. 8. Рух. 9. Хиромон. 10. Намангон. 11. Нок. 12. Кино. 13. Офтоб. 14. Остин. 15. «Нисо».  16. Оркестр. 17. Ромиш.  18. Шона. 19. Атр.  20. Реостат. 21. Титан. 22. Нун. 23. Нома.  24. Амлок.  25. Кана.  26. Анқара.  27. Акрам.  28. Ман. 29. Носир. 30. Рақс. 31. Сино. 32. Оксиген.  33. Нодир. 34. Рудоба.  35. Анҷир. 36. Рупия. 37. Яковлев. 38. Волга. 39. Аср. 40. Роман. 41. Наполеон.  42. Ниагара.  43. Алпомиш. 44. Шин. 45. Наср. 46. «Раҳовӣ». 47. Исфисор. 48. Раҳмат. 49. Тин. 50. Ниҳон. 51. Нигина. 52. Африка. 53. Акбар.           54. Рахш. 55. Шоҳин. 56. Нозим. 57. Мерос. 58. Сар. 59. Рубоб. 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
ҲАДЯИ ТОҶИК
Ин ному насаби бонуест, ки 21 сентябри соли 2012 дар 29 - солагӣ вазири фарҳанги давлати Норвегия баргузида шуд. Номбурда аз хонаводаи тоҷикони Покистон буда, модараш София ва падараш Сарвар Тоҷик ном доранд.
Ҳадя пас аз вазир шудан, тамоми корҳои идориро ба таври электронӣ ба роҳ монд ва садҳо ҳазор китобро низ ба шакли электронӣ даровард. Ӯро дар Норвегия бо тавсиф «аввалин вазири рақамӣ» мегӯянд.
Ёдовар мешавем, ки дар Покистон бештар аз 5 миллион тоҷик ба сар мебаранд ва бо ифтихор ному насабҳои худро низ бо ин номвожаи таърихӣ пайванд мезананд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
СИПОСИ МАЛИКАИ БРИТАНИЯ БА ГУЛСИФАТ ШАҲИДӢ
Елизаветаи II ба нависандаи маъруфи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ, ки ӯро ба муносибати ҷашни мавлуди Исои Масеҳ бо номае табрик карда, маҷмӯаи ҳикояҳояш бо номи «Афсонаҳои бибии Гулсифат»-ро армуғон фиристодааст, миннатдорӣ баён намудааст.  
Мавриди зикр аст, ки «Афсонаҳои бибии Гулсифат» чорумин китоби дар Лондон нашршудаи нависанда мебошад. Ду сол қабл Гулсифат Шаҳидӣ барои ин маҷмӯааш дар озмуни «Herdfordshire Press – 2018» аз рӯи номинатсияи «Муаллифи беҳтарин» ғолиб гардида буд. 
Ғайр аз ин, асарҳои «Дилу дидаам ба сӯи Шарқ» ва «Ҳамсояҳои нозанини ман»-и ӯ дар  Кембриҷу Стокголм, Лондону Москва ва Бангкок сазовори ҷоизаҳои гуногун гаштаанд. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА 
 
 
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
 
Борон аз дамаш гашта буд. Арчазорони сабз рӯ ба қаъри дара доман густурда, шояд аз имрӯза оби раҳмат дар дидаҳо боз ҳам сабзтар метофтанд. Ба сатҳи осмон низ, бо вуҷуди он ки  вай ҳанӯз абролуд буд, аз куҷое – эҳтимол аз канори уфуқ – як равшании муқтадир  давида, тадриҷан ба сари кӯҳу камар ва ёнаҳои пур аз арчаву вартаҳои сангин хам мехӯрд. 
* * *
Боз дар деҳа бувад тӯи калон,
Бачагон дар ҳама хона меҳмон.
Мужда оварда зи фасли Наврӯз,
Бойчечак шуда аз даст ба даст,
Мезанад мавҷ суруди онон.
 
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», 22 ЯНВАРИ СОЛИ 2021:
Камоли Хуҷандӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ.
 
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
ИБНИ ҲАЙСАМ 
НОБИҒАЕ, КИ 700 СОЛ ҚАБЛ АЗ НЮТОН НУР ВА ХУСУСИЯТҲОИ ФИЗИКИИ ОНРО ОМӮХТААСТ
Дар омӯзиши нур ва хусусиятҳои физикии он олимони зиёд, аз ҷумла Эйнштейн, Нютон таҳқиқот анҷом дода, дар ин самт шуҳраи олам гардидаанд. Аммо пажӯҳишгарон собит кардаанд, ки  нур ва хусусиятҳои физикии онро ҳанӯз 700 сол қабл аз Нютон нобиғаи маъруф Ибни Ҳайсам омӯхтаву ба он асос гузоштааст. Таълифоташ арабист, вале сарчашмаҳо ишора мекунанд, ки ӯ аз тамаддуни форс - тоҷик аст.
Ба иттилои таърихнигорон, аввалин камераи сӯрохидорро ӯ ихтироъ намудааст. Калимаи «камера», ки имрӯз дар олам маъруф аст, дар заминаи таҳқиқоти ӯ пайдо гардид. Он аз калимаи «қа-ма-ра» таркиб ёфта, маънои утоқи торику танҳоро дорад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ
ДАР ҲИНДУСТОН ҲАР СОАТ 17 КАСРО МЕКУШАД
Дар даҳ кишвари ҷаҳон - Ҳиндустон, Чин, ИМА, Эрон, Россия, Таиланд, Ветнам, Миср, Либия ва Нигерия аз ҳама зиёд садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Аз ҷумла, дар Ҳиндустон ҳар соат бар асари садамаи нақлиётӣ 17 нафар ба ҳалокат мерасад, ки шумораи ҷонбохтагон давоми як сол қариб 150 ҳазорро ташкил медиҳад.
Санҷишҳо нишон доданд, ки қисми зиёди садамаҳои нақлиётӣ (84 дарсад) бо айби ронандаҳо (беэътиноӣ, мастӣ, истифодаи телефони мобилӣ) рух медиҳанд. 
Садамаҳои нақлиётӣ бо говҳо низ кам нестанд. Ба ҳисоби миёна, ҳар сол беш аз 500 нафар аз бархӯрд бо ин ҳайвон мемиранд.
Аз русӣ тарҷумаи М. БАҲРОМ
 
 
АЗ СОҲИЛИ СИРДАРЁ ТО СИНАМОИ ШӮРАВӢ
Ҳунарпешаҳои маъруфи театр ва синамо, артистони халқӣ ва дорандагони Ҷоизаи давлатии ИҶШС, бародарон Олег ва Ростислав Янковскийҳоро кам касоне шояд нашиносанд. Филмҳое, ки ин бародарон дар онҳо нақш офаридаанд то ҳанӯз ҳам машҳуранд. Вале ба ҳамагон маълум нест, ки бародарон Янковскийҳо корномаи эҷодии хешро дар шимоли Тоҷикистон шурӯъ кардаанд. Олег Янковский соли 1944 дар Ҷезказгани Қазоқистон таваллуд шудааст. Аммо хонаводаашон баъд аз таваллуди ӯ ба шаҳри Чкаловск (ҳоло Бӯстон) - и Тоҷикистон меояд.
Ростислав пас аз хатми студияи театрии Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) дар театри маҳаллӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Соли 1957 ба шаҳри Минск (Беларус) омад. Ӯ бародари 14 - солааш Олегро, ки дар саҳнаҳои Ленинободу Чкаловск маҳорат нишон дода буд, бо худ овард.
Ҳамин тавр, аз он ҷо ба шоҳроҳи бузурги синамо ворид гардиданду дар синамои Иттиҳоди Шӯравӣ нақшҳои ҷолибро бозиданд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
ШАҲОДАТНОМАИ РОНАНДАГӢ
ПОРА МАНСАБДОРИ ФИЛИППИНРО АБАДАН АЗ ВАЗИФА БАРКАНОР КАРД 
Сардори раёсати ҳаракат дар кӯчаҳои Филиппин аз вазифа ронда шуд. Суд ҳукм баровард, ки дигар ӯ ба вазифааш якумр барқарор карда нашавад. Гап сари он аст, ки вай аз нобиное пораи ҳангуфт гирифта, шаҳодатномаи ҳуқуқи ронандагӣ додааст. Яъне ду ҷиноят содир намудааст: ҳам пора хӯрдаасту ҳам ба нобино шаҳодатномаи ронандагӣ фурӯхтааст. Нобино орзуи хабарнигор шудану дар бораи маъмурони порахӯр мақола навиштан дошт ва аз ин хусус фелетоне навишт ва тираш ба ҳадаф расид. 
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
 
 
ШАЙХ РАШИД:«ОДАМОНИ ЗАИФ РӮЗҲОИ САХТРО ЭҶОД МЕКУНАНД» 
Аз асосгузори шаҳри Дубай - Шайх Рашид дар бораи ояндаи кишвараш суол карданд. Ӯ чунин посух дод: «Бобоям уштур савор мешуд, падари ман ҳам уштурсавор буд, ман «Мерседес» мерондам, писарам ва набераам «Land Rover» меронад, аммо набераи писари ман ушутурсавор хоҳад шуд». 
Чаро ин тавр аст, суол карданд боз? 
- Замони сахт одамони тавоноеро меофарад, одамони тавоно рӯзҳои осонро эҷод мекунанд. Замони осон одамони заифро эҷод мекунад. Одамони заиф рӯзҳои сахтро.
Таҳияи Нуралӣ ХОРКАШЕВ
 
 
ҲИКМАТИ «МАРГ» ВА «ЗИНДАГӢ» 
Дар яке аз кишварҳои қадим барои шахсоне, ки ба қатл маҳкум мешуданд, пеш аз ба дор овехтан имконияти зинда мондан медоданд. Муқаррарот чунин буд, ки маҳкумшудагон аз дохили халтача аз ду навиштаҷот: «зиндагӣ» ва «марг» якеро берун кашида тақдири зинда мондан ва ё кушта шудани худро ҳал мекарданд. Чунин меъёр ҳар ҷинояткори маҳкумшударо то лаҳзаи охир ба зиндагӣ умед мебахшид.
Боре шахсеро, ки дастгири бечорагон буд, бадхоҳонаш бо роҳи туҳмат ба ин ҳолат мувоҷеҳ намуданд. Душманонаш роҳ ёфта, дар ҳар ду коғазпора калимаи «марг» - ро навишта ба халтача андохтанд. Аз ин кор дӯстони шахси саховатпеша огаҳӣ ёфта, ӯро ҳушдор доданд, ки ба қозӣ ин ҳолатро бигӯяд. Вале маҳкумшуда аз ин хабар хушҳол шуда, ба дӯстонаш амр дод, ки дар ин бора лаб накушоянд, хомӯш бошанд. Ӯ аз ин ғараз ҳикмате пайдо кард…
Дар рӯзи иҷрои ҳукм аз дохили халтача яке аз ду навиштаҷотро гирифта, нохонда фурӯ бурд. Барои судяҳо ҳеҷ интихобе ба ҷуз дидани дохили халтача намонд. Дар он ҷо навиштаҷоти «марг» боқӣ монда буд. Онҳо ба чунин хулоса омаданд, ки ин мард варақи «зиндагӣ»-ро гирифтааст ва ӯро озод карданд. 
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ 
 
 
БЕТХОВЕН
Бетховен то шуҳратманд шуданаш, ниҳоят қашшоқ буд, то ҳадде, ки ҳамагӣ як ҷуфт пойафзол дошт. Маишати зиндагиаш ҳам ҳамин буд, ки гоҳ-гоҳе бо дӯстон дар дукони пивофурӯш ҷамъ омада, дам мегирифтанд. Аз қазо дар чанде аз чунин шабнишиниҳо ӯ ҳозир нашуд. Дӯстони баташвишафтода баробари пайдо шудани оҳангсози ҷавон аз саломатиаш пурсон шуданд:
- Ба шумо чӣ шуд, мабодо беҳол нашудед, охир?
- Не, маро ягон бало назадааст. Фақат аҳволи пойафзолҳоям бад шуд. Чанд рӯзе, ки наомадам, онҳо дар дукони мӯзадӯз дар «вазнинхона» буданд, - мегӯяд Бетховен.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
КОРОНАВИРУС 
ПИРАЗАНИ 98 - СОЛАИ ИТОЛИЁВИРО САРВАТМАНД КАРД
Пиразани 98 - солаи итолиёвӣ пас аз ташхиси коронавирус, ки натиҷаи мусбат дод, дар хонааш ба карантин нишаст. Замони хонашинӣ ба танзим ва поккории манзилаш машғул шуд. Ҳангоми рӯбучини хона хазинаеро дар намуди дафтарчаи амонатгузорӣ бо 475 ҳазор евро пайдо намуд. Ганҷина дар дохили мошини чоп маҳфуз буд, ки шавҳари марҳумаш гузошта буд.
Тавре Corriere della Sera хабар медиҳад, хазина тасодуфан пайдо шудааст. Шавҳараш дафтарчаи амонатгузории 35 сол қаблро дар ҳаҷми 50 миллион лир, ки баробар ба 475 ҳазор евро аст, бо эквиваленти муосир боз намуда буд. Пиразан пас аз анҷоми амалиёти зарурии идорӣ ин маблағро бо иловаи фоизаш моҳи марти соли 2021 ба даст мегирад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
БЕРНАРД ШОУ
Дар айни авҷи шуҳрати Бернард Шоу ҷавони велосипедсаворе башаст омада, ӯро аз по меафтонад. Гунаҳгори бечора аз афташ нависандаи машҳурро мешиносад, ки ба зону зада, бахшиш пурсидан мегирад. Бернард Шоу, ки, аллакай, рост хеста, либосашро метаконд, оромона ба ҷавон мегӯяд:
- Бахшиш напурс писарам, аз ду сар корат омад накард. Агар рафту маро зада мекуштӣ, ана баъд номат чун қотили Бернард Шоуи бузург дар таърих ҷовидона мемонд. 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
СУД 
СЕ ҲУКМИ РЕКОРДӢ ДАР ҶАҲОН
 
23 декабри соли 1994 суди ноҳияи Оклахомаи ИМА таҷовузгар Чарлз Скот Робинсонро ба 30000 соли зиндон маҳкум кард. Додрасҳо барои ҳар як таҷовузи исботшуда 5000 сол доданд. Аҷиб, ин ки дар ҳалномаи суд аз Робинсон талаб мешуд, ки татбиқи ин ҷазои номумкинро шахсан назорат ва то охир татбиқ намояд.
 
* * *
Соли 1980 маняки амрикоӣ Ҷон Гейси барои таҷовуз ва куштори 33 нафар, аз ҷумла кӯдакон, ба 21 ҳабси абад ва 12 ҳукми қатл маҳкум шуд. Соли 1994 ӯро бо тазриқ (сӯзандору)-и марговар ба қатл расонданд.
 
* * *
Соли 1989 суди Бангкок шаҳрванди Таиланд Чамой Типясо ва ҳафт шарики ӯро 141078 сол ба зиндон маҳкум кард. Чамой Типясо ва ҳамроҳонаш дар қаллобии азими бонкӣ айбдор шуданд.
Ин се ҳукми суд дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт шудааст.
Таҳияи Наргис РОЗИҚОВА
 
 
РЕКОРДСМЕН
ИҶОРАШИНЕ, КИ БАРОИ 22612 НАФАР МАКТАБ СОХТ
Бузургтарин муассисаи таълимии ҷаҳон «Сity Montessori School» дар Ҳиндустон ҷойгир аст, ки ҳанӯз соли 2000 ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Мактаб дар пойтахти иёлати Уттар Прадеш – шаҳри Лакхнау ҷойгир буда, 21 сол қабл 22612 нафар хонанда дошт.     
Муассисаи мазкур соли 1959 аз тарафи Ҷагдиш Ганди ва завҷааш Бхарти таъсис ёфта, ибтидо дар он танҳо 5 хонанда таҳсил мекард. Барои бунёди ин муассиса Ҷагдиш Ганди маҷбур буд 300 рупия (камтар аз 10 доллар) қарз гирад ва дар чандин биноҳои Лакхнау иҷора нишинад. 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
ШОКОЛАД ҲОФИЗАРО МУСТАҲКАМ МЕСОЗАД
Истеъмоли шоколад кори мағзи сарро хуб ва ҳофизаро қавӣ мегардонад. Ин назарро «Российская газета» бо истинод ба пешниҳоди мутахассисони донишгоҳи Австралияи Ҷанубӣ нашр кард.
Пажӯҳишгарон дар асоси 30 - соли мушоҳидаи 1000 ихтиёрӣ  ба хулоса  омадаанд, нафароне, ки дар ҳафта як маротиба ё бештар аз он шоколад истеъмол мекунанд, масъалаҳои гуногуни зеҳниву ақлониро беҳтар ҳал менамоянд. 
Бо ёрии шоколад, ҳамчунин, метавон хавфи диабети қандро кам кард. 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
АРНОЛД ШВАРТСЕНЕГГЕР
СОБИҚ ГУБЕРНАТОРЕ, КИ ДАР МЕҲМОНХОНА ҶОЙИ ХОБ НАЁФТ
Ҳунарманди маъруф Арнолд Швартсенеггер замони ҳокими Калифорния буданаш дар шаҳр меҳмонхонаи нав кушод. Он замон маъмурони меҳмонхона ба губернатор ваъда доданд, ки барояш як ҳуҷраи алоҳида ҷудо мекунанд, то ҳар вақт меҳмон шуд, аз хидматрасонии ройгон истифода барад.
Вақте Арнолд ба меҳмонхона омад, ки аз вазифаи губернаторӣ рафта буд. Бинобар ин, ҷояш надоданд ва барои истифода аз меҳмонхона маблағ талаб карданд. Баъд аз ин ҳунарманд дар назди бинои меҳмонхона борхалтаашро таксарӣ карда, хоб рафт ва ин паёмро ба мардум расонд: “Айёме, ки ман вазифа доштам, онҳо ҳамеша маро таъриф мекарданд ва имрӯз, ки онро аз даст додам, маро фаромӯш карданд ва ба ваъдаҳои худ вафо надоранд. Аз ин рӯ, ба мансабу сарвати худ эътимод накунед. Он ҳамеша боқӣ намемонад. Наздикони худро қадр кунед, ба онҳо вақти бештар ҷудо намоед. Зеро ҳеҷ мансаб ва сарват онҳоро иваз карда наметавонад”.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2021    №: 20    Мутолиа карданд: 735
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед