logo

фарҳанг

 САДА ҶАШНЕ, КИ АЗ ҲУШАНГ ЁДГОР МОНД

Расму оин ва анъанаву маросимҳо яке аз шаклҳои муҳимтарини шу-ури ҷамъиятии ҳар як миллату ҷомеа мебошанд. Миллати куҳанбунёди мо вобаста ба шароити таърихӣ ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии худ аз замонҳои хеле қадим расму оин ва анъанаҳои неку писандидаро эҷод карда, тӯли ҳазорсолаҳо онҳоро такмилу инкишоф додааст ва онҳо имрӯз ба як ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанги миллии мо табдил ёфтаанд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Ниёгони хирадманд, некном ва ҳунарманди мо иду ҷашнҳои зиёд доштанд, ки Сада аз ҷумлаи онҳост. Дар сарчашмаҳои илмӣ ва хаттӣ доир ба ин ид маълумоти зиёд додаанд.
Таърихи пайдоиш ва решаи иҷтимоии Ҷашни Сада бештар ба соҳаи кишоварзӣ иртибот дошта, маъхазҳои илмӣ-таърихӣ ва манбаъҳои бостонӣ собит месозанд, ки он ҳанӯз дар даврони ибтидоии ҷамъияти инсонӣ дар байни мардумони орёитабор арзи вуҷуд кардааст.
Ин ҷашни  пас аз 40 шабонарӯзи омадани шаби ялдо ё бо гузашти чиллаи калони зимистон фаро расида, аз омадани гармӣ мужда медиҳад, ки ин пайки нек чун гиромидошти ойини ниёгон истиқбол мешавад. Ба гуфтаи мутафаккири  бузург Абулқосими Унсурӣ:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афаридуну зи Ҷам ёдгор аст.
Номи ҷашн, асосан, аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10 - уми моҳи баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ, аҷдоди баруманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.
Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми Пешдодиён Ҳушанг нисбат медиҳад ва чунин менигорад:
Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳон гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Боиси хушнудист, ки ҳамдиёрони мо таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи ҷашну оинҳои дигари суннатии мардум ҳамасола Садаи некқадамро чун қосиди Наврӯз пешвоз мегиранд. Ин ҳам натиҷаи сиёсати собитқадамонаи давлати мост, ки халқро муттаҳиду зафарманд ва якдилу ҳаммаслак гардонда, асолати неки гузаштагонро пос медорад. Дар ин ҷода беҳтарин суханон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансубанд, ки дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни Садаи халқамон ду сол муқаддам гуфта буданд: «Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму оини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд».
Хулоса, аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва муттаҳидии халқ осоиши бардавом ва ҳамдиливу ҳамраъйии мардум, бар асари бунёдкориву созандагӣ, ҳадафҳои неки ашхоси  дилсӯзи Ватан, сарҷамъиву ваҳдати миллат анъанаҳои хубу шоёни гузаштагон эҳё гашта, зиндагиро нур бахшидаанд. Ба қадри ин ҳама хушиҳо расидан камоли ватандӯстӣ мебошад. Дар Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти бадастомада Ҷашни Сада аз нав эҳё гардид ва минбаъд ҳамасола онро дар ҷумҳурӣ 30 - юми январ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.
Ш. И. ХОҶАЕВ,
директори Институти хокшиносӣ
ва агрохимияи АИКТ,
Т. ХОҶАЗОД, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2021    №: 20    Мутолиа карданд: 468
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед