logo

илм

ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ. ДАЛЕРӢ КУН, КИ МАЙДОН АЗ ДАЛЕР АСТ!

Барои наврасону ҷавонони хушзеҳн ва ҳисобдон озмуни нав бо номи «Илм – фурӯғи маърифат» пайдо шуд. Ин озмун аз хиради Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ба масал майдонеро мемонад, ки дар он шуҷоату доноӣ сабаби пирӯзиву рӯсурхӣ мешаванд. Ба қавли шоир, «Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст...».
 
Воқеан, агар корҳои беруназсинфиро дар муассисаҳои таълимӣ таҳлил кунем, маълум мешавад, ки дар робита ба рушди фанҳои дақиқ камтар чорабиниву сабқатҳо мегузаронем, барои бедор кардани завқу шавқи шогирдони худ нисбат ба фанҳои ҳандаса (геометрия), физика, риёзӣ (математика), кимиё (химия) камтар талош меварзем. Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» дар ин росто мададрасони мо – омӯзгорони фанни математика хоҳад шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пайи баррасии масоили мактабу маориф зикр карданд, ки аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода супурда шудааст. Аммо гуфта шуд, ки дар шароити имрӯза заминаи озмоишгоҳии аксари муассисаҳои таълимии кишвар барои омӯзиши илмҳои табиӣ ва техникӣ ҷавобгӯ намебошанд ва озмуни ёдшуда метавонад ҳамчун як замина ва маркази баргузории машғулиятҳои амалӣ ва ё худ таҷрибаомӯзии донишомӯзони ин риштаҳо гардад. Бунёди озмоишгоҳи муосири илмҳои табиӣ ва техникӣ аз мо кӯшиши дастаҷамъонаро талаб менамояд.
Дар сурати таъмини кулли муассисаҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази илмҳои табиӣ ва техникӣ шояд мушкилоти истифодабарӣ аз онҳо ба миён ояд. Имрӯзҳо аксари омӯзгорони муассисаҳои таълимии кишвар, ки бо таълими фанҳои табиию техникӣ ва дақиқ машғуланд, мактабҳои олии кишварро дар муҳити беозмоишгоҳӣ хатм намудаанд ва ба такмили ихтисос дар муҳити озмоишгоҳҳои муосир ниёз доранд.
Ба Сарвари давлат барои эълони солҳои 2020 – 2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» сипос мегӯем. Ҳамчунин, бояд огоҳ бошем, ки ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 пазируфта шуд.
Ин иқдом саривақтӣ буда, барои ба ин самти созанда ҷалб кардани ҷомеа ва фаъолияти самараноки илмию тадқиқотии муассисаҳои илмӣ мусоидат хоҳад кард. Рушди кишвар, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, техникаю технологияи муосир, фарҳанги техникии шаҳрвандон ба инкишофи фанҳои дақиқ алоқамандии зич дорад. 
 
Давлатбека ОРУМБЕКОВА, 
омӯзгори фанни математикаи 
МТМУ № 77 шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2021    №: 21    Мутолиа карданд: 9188
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед