logo

фарҳанг

ОИЛА. ТАШКИЛИ МУҲИТИ ДУРУСТИ ПСИХОЛОГӢ ВА МУНОСИБАТҲОИ ШАХСӢ

Оила ҷойгоҳи муқаддас аст, ки инсон дар он парвариш ёфта, ба камол мерасад. Нақши оила дар ташаккули шахс, аз ҷумла инкишофи ҷисмонӣ ва ақлонии он, хеле муҳим аст. Оила аз ақрабои наздик иборат аст. Дар байни аъзои оила муносибатҳо гуногунанд, рафтору гуфтор бо бузургсолон аз рӯи суннатҳои миллӣ амалӣ мешаванд. Расму оини хонаводагӣ, қоидаву тартиби оиладории мо бо хусусиятҳои муҳими худ аз дигар халқу миллатҳо фарқ менамояд. Масъалаи ҳурмати калонсолон, ғамхорӣ ба падару модар дар айёми пиронсолӣ, нигаҳбонии фарзандон дар хурдсолӣ ва пойдории самимияту эҳтиром дар байни зану шавҳар ҷиҳатҳои хоси худро доранд. 
Дар дарки ташаккули анъанаҳои миллӣ, ба вуҷуд овардани методикаи омӯзиши муҳити психологӣ зарур мебошад. Муҳити психологиро бо дастгирӣ ва кумаки волидони соҳибтаҷриба ва ҷаҳонбинии кофӣ бунёд кардан мумкин аст. Ҳар падару модар бо такя ба дониш ва маҳорати хонаводагии худ метавонад муҳит ва шароити дилхоҳи муқаррарӣ дар оилааш омода созад. Агар падару модарон соҳибмаълумот бошанд, бо ҳар роҳу восита метавонанд, дар хона барои кӯдакони наврас шароиту имконияти омӯзиш, инкишоф ёфтан ва эҷод карданро фароҳам оранд. Ба падару модарони ҷавон зарур аст, ки дар ташкили дурусти муҳити психологӣ дар оила ба якчанд усулҳои самарабахши таълим ва тарбияи фарзандон диққат намоянд. Инҳо ба кӯдакони синни томактабӣ аз хурдӣ омӯхтани эҳтироми калонсолон дар оила, кӯча ва меҳмонӣ, ҳисси меҳрубонӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ҳайвоноти хонагӣ, пиёдагардӣ ва машқи тарбияи ҷисмонӣ, иҷрои вазифаи хонагӣ, кори супурдашуда, назорати реҷаи муайяни хӯрокхӯрӣ, хоб ва бозӣ, сайругашт дар кӯчаву хиёбонҳо ва ба онҳо омӯзондани тартиботи ҷамъиятӣ мебошанд.    
Барои дар хонавода нигоҳ доштани вазъияти орому мусоид, умумияти маънавию ахлоқии зану шавҳар муҳим мебошад. Мувофиқати ҷаҳонбинӣ дар оила нақши асосиро мебозад. Агар зану шавҳар дар масъала ва мушкилоти бавуҷудомадаи хонаводагӣ ҳамдигарфаҳмӣ дошта бошанд, тавассути дастгирии якдигар метавонанд, ҳама гуна мушкилотро паси сар намоянд. Дар ҳолати муқобил будани назару андешаҳои пайвандони оила вазъият печида мегардад. Якдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳо байни аъзои оила заруранд.
Таъмини муҳити психологӣ ва  муносибатҳои шахсии аъзои оила дар зиндагии хонаводагӣ муҳим аст. Оилаҳо аз ноҳамвориҳои ҷойдоштаи муносибатҳои пайвандон азият мекашанд, баъзан ҳолатҳое рух медиҳанд, ки фарзандон бо падару модар дар низову кашмакашиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Афсурдагӣ, озурдахотирӣ ва парешонҳолии кӯдакон дар ҷараёни дарс бештар аз муҳити ноороми хонавода сар мезанад. Бинобар ин, падару модаронро зарур аст, ки масъалаҳои мушкилро дар танҳоӣ ҳаллу фасл намоянд. Оилаҳои солим дар таълиму тарбияи фарзанд муҳити солиму осударо ба вуҷуд меоранд. Волидон барои нигоҳубини фарзандон, ташаккули истеъдоду лаёқати кӯдакон вазифадоранд. Онҳо бояд барои рушду нумӯи малакаҳои қобилияти зеҳнӣ ва равонии фарзандон шароити зарурӣ фароҳам оваранд. 
Вобаста ба пойдории расму анъанаҳои миллӣ дар хонаводаҳо бо мурури замон тағйири муносибатҳои аъзои оила, махсусан оилаҳои ҷавон як дараҷа тазоду мушкилиҳо ба назар мерасанд. Имрӯз сабабҳои зиёди вайроншавии оилаҳои ҷавон мавҷуданд, ки аҳли ҷомеа, махсусан падару модаронро бетараф гузошта наметавонад. Барҳамхӯрии оилаҳои ҷавон мо - волидонро ҳушдор медиҳад, ки дар интихоби фарзандон бобати ҳамсари ҳаётӣ садди роҳашон нагашта, дар ин роҳ ба онҳо маслиҳату машварати муҳим дода тавонем. 
Ташаккули шахсияти кӯдакон ва наврасон дар натиҷаи ҳамкории зичи оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа дар фароҳамии муҳити солими психологӣ дар таълиму тарбия ва парвариши онҳо рушд мекунад. Мазмуни таълими бомақсад, тарбияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва раванди ҷомеаи умумибашарӣ ба кӯдак имкон медиҳанд, ки дар зинаҳои рушду камолот то ба дараҷаи шахсият бирасанд.
 
Ҷамила РАУФОВА,  
мураббияи ширхоргоҳ – кӯдакистони 
№ 127 шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2021    №: 21    Мутолиа карданд: 615
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед