logo

ҳуқуқ

“ХИЁНАТ”. МАҚСАДИ ТТЭ ҲНИ НООРОМ КАРДАНИ ВАЗЪИ КИШВАР АСТ

Ҳарчанд дар бораи хиёнаткор будани саркардагони наҳзатиён медонистам, аммо баъди тамошои  филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”  фаҳмидам, ки ТТЭ ҲНИ ва аъзои он чӣ қадар мардуми осоиштаро шиканҷа додаву қатл кардаанд. Намояндагони ин ташкилоти террористӣ сокинони  кишварро  аз дастрасӣ ба хӯрокворӣ маҳрум сохтанд ва  дар натиҷа мардум маҷбур шуд, ки ҳар гуна гиёҳу баргҳои дарахтонро истеъмол намоянд. Бар асари ин дар ноҳияи Фархор бемории варами ҷигар хуруҷ карда, беш аз 8 ҳазор нафар заҳролуд ва наздик ба 500 нафар ҷони худро аз даст дод. Боиси хушҳолист, ки бо вуҷуди  душвориҳои зиёд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист мардумро аз ин фалокат наҷот диҳад. 
Вақте филмро пурра тамошо кардам, нафратам нисбат ба ТТЭ ҲНИ зиёдтар шуд, чунки аъзои он раҳму шафқат надоранд. Дар яке аз наворҳои филм Усмонҷон Ғаффоров, доктори илмҳои таърих, ҳодисаеро нақл намуд, ки ваҳшонияти наҳзатиёнро бори дигар исбот намуд.  Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияи Шаҳритус, дар сарҳади кишвар бо Афғонистон,  кӯдакеро мебинад, ки миёни ҷасадҳо  пистони модари фавтидаи худро мемакид.  Баъди шунидани ин ҳодиса аз дил гузарондам: “Наход инсон ба хеш  ин қадар бераҳмиро раво бинад”.
Имрӯз зарур аст то аҳли ҷомеа дарк намоянд, ки беш аз 100 нафар донишмандон, фарҳангиён, рӯзноманигорон ва дигар шахсиятҳои соҳибэҳтироми Меҳанро маҳз бо дас-тури  роҳбарони ТТЭ ҲНИ ба қатл расондаанд. Далелҳо нишон медиҳанд, ки куштори сиёсатмадорону олимони кишвар кори дасти ин хоинон аст. Аз ҷумла, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Хушбахт Ҳайдаршоҳ,  Ҷумъахон Ҳотамӣ ва дигарон бераҳмона кушта шуданд. Мақсади ташкилоти ТТЭ ҲНИ танҳо қаноатманд гардондани сармоягузороне мебошад, ки онҳоро аз  хориҷи кишвар роҳбарӣ менамоянд. Ҳар як инсон баъди тамошои ин филм  мефаҳмад, ки мақсади асосии террористони наҳзатӣ танҳо ноором сохтани  фазои озоду ороми Ватани маҳбубамон мебошад.
Филми мустанади “Хиёнат” моро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошему ба доми фиреби хоинону ватанфурӯшон наафтем ва онҳоро нагузорем, ки сулҳу суботи кишвари азизамонро халалдор созанд.
 
Заррина САЙФУДДИНОВА, 
омӯзгори МТМУ № 116, 
шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2021    №: 21    Мутолиа карданд: 1482
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед