logo

сиёсат

ЧАНД ПАЁМИ УМЕДБАХШИ ПАЁМ

Маро имсол ин ифтихор насиб гашт, ки ҳамчун намояндаи васоити ахбори омма дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки дар бинои бошукӯҳи  Кохи Сомон баргузор шуд, ширкат намоям. Шоҳиди он гаштам, ки як силсила пешниҳодҳои ҷолиби дар Паём ироанамудаи Пешвои муаззами миллатамон, ки ба хотири рушди минбаъдаи кишвар  равона шудаанд, аз ҷониби ширкаткунандагон бо ваҷд пазируфта шуданд. Хусусан, пешниҳодҳои Сарвари давлат дар самти рушди илму маориф қобили таваҷҷуҳи хосса мебошанд.  
 
ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» РОҲАНДОЗӢ МЕШАВАД
Ҳамасола баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» аз ҷумлаи ин пешниҳодот буд. Аҳли толор ин пешниҳоди созандаву умедбахшро, ки  ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ҷалб кардани ҷавонон нигаронда шудааст, гарм истиқбол намуда, ризоияти хешро бо бархостан аз ҷо бо  кафкӯбиҳои пурмавҷу бардавом ифода карданд. 
«Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони  мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Умедворем, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар ояндаи пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд», - иброз намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. 
Ва ин танҳо як паёми хуш аз Паёми навин аст, ки аз ояндаи наку шаҳодат медиҳад, зеро ки илм дар рушди ҷомеа нақши калидӣ дорад ва рӯ овардан ба он, бахусус ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, худ қадами устуворест дар рушди иқтисоди кишвар. 
Ба хотири ҷалби ҷавонон ба илм Пешвои миллат Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро муваззаф намуданд, ки ғолибони озмунҳоро  ҳавасманд гардонда, ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул намоянд. 
Озмунҳои ҷумҳуриявии то ин дам роҳандозишуда дар ҷомеа инқилоби фарҳангиро ба вуҷуд оварданд. Овозаи он марзи кишварро ҳам убур кард. Ҳамасола баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии  «Илм - фурӯғи маърифат» мӯҷиби инқилоби илмӣ хоҳад шуд. Акнун бо боварии комил метавон гуфт, ки моро инқилоби илмӣ низ дар пеш аст.
 
СТИПЕНДИЯИ ДОНИШҶӮЁН, МАГИСТР ВА АСПИРАНТУ ДОКТОРАНТҲО ЗИЁД МЕГАРДАД
Паёми дигаре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар расонданд, ин аз 1 сентябри соли 2021 ба андозаи 30 дарсад зиёд гардидани  стипендияи донишҷӯёну магистр ва аспиранту докторантҳо мебошад. Ин паём шаҳодат аз он аст, ки  дастгирии олимони ҷавон дар сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат аз масъалаҳои меҳварӣ мебошад ва мавзӯи дастгирии ин қишр дар сатҳи Ҳукумат баррасӣ мегардад. Пешниҳод, ки ба хотири ҳавасмандии донишҷӯён ва олимону муҳаққиқони ҷавон нигаронда шудааст, дар беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии онҳо нақши созгор хоҳад гузошт. 
 
БАРНОМАИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ ҶАВОНИ ИЛМӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2030 ТАҲИЯ МЕШАВАД
Таҳияи Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021-2030 - ро метавон аз паёми дигари умедбахши Пешвои муаззами миллат арзёбӣ намуд, зеро пешрафти соҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама, ба сатҳи дониш ва қобилияти баланди касбии мутахассисон вобаста аст.
«Тибқи маълумотҳо ҳар сол аз Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар то 500 нафар омӯзгорон ва олимону муҳаққиқон барои табодули таҷриба, бозомӯзӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура сафарбар карда мешаванд, вале ин ҳанӯз кам аст», - гуфтанд Пешвои миллат.
Ба ин хотир, ба идораҳои дахлдор дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияҳои илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021-2030 - ро таҳия намуда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд. 
Яқинан, ин  ва  дигар  дастуру  супориш  ва  раҳнамоиҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт намуданд, таконбахши ҷомеаи илмии кишвар мегарданд. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2021    №: 22 - 23    Мутолиа карданд: 864
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед