logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОН. ШАХСИЯТҲОИ ПУРШАРАФИ ТАЪРИХ

Сарзамини мо абармардонеро ба дунё овардааст, ки ҳар кадом дар замони худ бо хирад, заковат, дониш ва фазилат шуҳрат пайдо кардаанд. Самараи умру хидмати беназир ва мақому манзалаташон дар ҳама давру замон боиси ситоиш ва қадрдонӣ мебошад.  Эътимод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёти миллати хеш такягоҳи устувори маънавии он ба шумор меравад. 
Бинобар ин, омӯхтани таърих ва рӯзгори симоҳои барҷастаи халқамон бо он хотир ибратомӯз мебошад, ки мо бояд ба ҷавонон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаи дурахшони миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем. Дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз чунин шахсиятҳои пуршарафи таърихӣ, ба монанди Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон ифтихор намуданро ёд диҳем. Ёд овардан ва муаррифӣ кардани шуҷоату далерӣ, фазлу дониш ва бузургиву тавонмандии онҳо далели эҳтироми мо ба таърих ва симоҳои таърихию фарҳангии халқи азизамон аст.
Дар таърихи ҳар миллат дер ё зуд шахсиятҳои барҷастае пайдо мешаванд, ки тақдири онро ба куллӣ тағйир дода, маданияти моддиву маънавии онро ба сатҳи тозаву баланд мерасонанд ва фарҳангу тамаддунашро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Барои форсҳо, балки барои тамоми халқҳои эронитабор чунин шахсият Куруши Кабир буд.
Куруши Кабир саъю кӯшиш ва ҷидду ҷаҳди зиёд карда, аз мартабаи ҳокими як вилоят ба дараҷаи шоҳаншоҳи як империяи бузурги ҷаҳонӣ расид. Ӯ ба нахустин империяи мутамаддини Ориёӣ бунёд гузошт, ки то замони лашкаркашию кишваргушоиҳои Искандари Мақдунӣ дар таърихи башарӣ назире надошт. Империяи таъсисдодаи ӯ мутобиқи маълумот чандин давлатҳои ҷаҳони куҳан - Порсу Мод, Бобулу Ошур, Мисру Финиқия, Лидияву Урарту, Парфияву Гиркания, Бохтару Суғдро дар қаламрави 22 вилоят мутаҳҳид намуда, дар ҳудуди се қитъаи олам - Осиё, Аврупо ва Африқо доман густурда буд. Куруш дар таърихи тамаддуни башарӣ ба сиёсати оқилонаи кишваргушоӣ, таъсиси империяи тавоною мутамаркази Ориёӣ, усули нави идорӣ ва шакли мукаммали давлатдорӣ, ислоҳоти умури сипоҳу низоми лашкар, густариши тиҷорат тадбирҳои судманд роҳандозӣ намудааст. Эъломияи таърихии Куруш бошад, аз ҷониби олимону муаррихон ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст, ки низоми одилона, инсонпарварона ва дунявии давлатдориро пуштибонӣ мекард.                                                                                                                                
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд: “Куруши Кабир дар миёни шоҳаншоҳони аҳди қадим яке аз оқилтарин, боинсофтарин, камозортарин ва дурандештарин шоҳаншоҳ буд, ки бо тамаддунофаринӣ, давлатсозӣ, инсонпарварию адолатпешагӣ ва рафтору ахлоқи ҳамидааш нуфузи оламгир ёфтааст”. Ниёгони мо дар он давраҳои дур таҳти парчами Куруши Кабир на танҳо як давлати муқтадиру муттамаркази муштарак, балки тақдири муштаракро бунёд гузоштаанд, ки аз сарчашмаи тамаддуни ориёӣ об мехӯрад.
Ҳангоми муқоисаи раванди давлатдории Куруш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хулосае меоем, ки онҳо ба ҳам хеле шабоҳат доранд. Рӯҳияи ваҳдатофариниву сохтани давлати миллӣ, пуштибонӣ аз адолат, густариши тиҷорату иқтисодиёт ва бунёдкорию ободонӣ, ислоҳоти низоми лашкар ва такмили идоракунии мамлакат аз ҷумлаи ин монандию ҳамоҳангиҳост. 
Вақте ки Куруши Кабир соли 539 то милод шаҳри Бобул - пойтахти давлати муқтадири Бобулистонро фатҳ кард, бар хилофи шоҳони аҳди бостон, ки маъмулан ба куштору ғорат мепардохтанд, эъломияе интишор дод, ки дар он ҳифзи ҷону мол ва озодии эътиқоди шаҳрвандон кафолат дода мешуд. Ин эъломия падидаи комилан нави сиёсию фарҳангӣ буд. Ӯ ба мисли шоҳони пешинаи ин минтақа мағлубонро ғуломи худ эълон накард. Баръакс, Куруш олиҳимматии сиёсӣ, адолат ва инсондӯстии бемисл нишон дода, ба халқҳои мағлуб озодӣ ва кафолатҳои ҳуқуқӣ дод.
Куруш дар ҳайати империяи худ қариб 70 қавму миллатҳои гуногунро муттаҳид кард, ба ҳамаи онҳо расман озодӣ ва баробарҳуқуқӣ ато намуд. Ӯ бори нахуст чандин кишвар ва халқҳои ориёиро дар ҳайати як давлат муттаҳид намуда, барои ташаккулу инкишофи забону фарҳанги ягонаи онҳо мусоидат кард. Аҳди Куруши Кабир замони дар қаламрави давлати бузурги Ҳахоманишӣ муттаҳид шудани давлатҳои хурд ва қабилаҳои парокандаи ориёнажод ва ориёзабонӣ сарзамини Ориёнои Ғарбӣ ва Ориёнои Шарқӣ ба шумор мерафт.
Қаҳрамонии ин абармардони миллат-ро Эмомалӣ Раҳмон такрор карданд. Ӯ бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуда, садҳо ғурбатзадагонро ба Ватан баргардонд. Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Сарвари давлат тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин, барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд.
Ҳамзамон, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузурганд. Ӯ борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза  бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон ва масъалаи таъминоти оби тоза ҷалб месозанд. 
Мо бояд дар баробари ифтихор доштан, аз Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, ба монанди онҳо қаҳрамонҳои замонро ба воя расонем. 
 
Саидмаҳсуддин САФАРАЛИЕВ,
муовини сардори Муассисаи
давлатии таълимии  гимназияи ҳарбии ҚС КДАМ ҶТ, полковник


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2021    №: 22 - 23    Мутолиа карданд: 434
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед