logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Бунёди коргоҳҳои истеҳсоли равғани зард ва гӯшти паранда 
2 феврал сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли маргарин ва равғани зарди ҶДММ “Субҳи заррин” ва фабрикаи мурғпарварии “Назар”, ки ҳар ду аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Каромат Назарова бо харҷи зиёда аз 5 миллион сомонӣ бунёд шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.
 Зимни боздид аз раванди истеҳсоли маргарин ва равғани зард, ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки коргоҳи мазкур бо технологияи муосири соҳавии ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи Аврупо фаъолият намуда, ҳадафи муассис таъмини бозори дохилӣ бо ин ду навъи маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави кор мебошад.
Дар коргоҳ дар як сол 360 тонна маргарин ва равғани зард истеҳсол гашта, бо нишони молии “Субҳи заррин” дар бандубасти ҷолиб, мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ, ба бозори истеъмолӣ пешниҳод мешавад.
Дар коргоҳ, аслан, 10 намуди маргарин ва равғани зарди аз 150 - грамма то 10 - килограмма истеҳсол ва бандубаст гардида, мутахассисон тариқи воситаҳои нақлиёти махсуси яхдондор маҳсулоти тайёрро ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат интиқол медиҳанд. 
Ашёи хом, асосан, аз корхонаҳои коркарди шири шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва як қисмаш аз хориҷи мамлакат дастрас  мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ҶДММ “Субҳи заррин” дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳаҷми истеҳсолотро, бо назардошти талаботи бозори дохилӣ, марҳила ба марҳила афзоянд.
Иқдоми дигари соҳибкори ватанӣ, ки дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат амалӣ гардид, таъсиси фабрикаи мукаммалу меъёрии парвариши чӯҷа ва коргоҳи истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда мебошад.
Бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, соли 2020 тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Каромат Назарова дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фабрикаи парандапарварии “Назар” таъсис ёфт, ки айни замон дар он зиёда аз 30 ҳазор сар чӯҷаи зоти бройлерӣ парвариш мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми 40 - 45 рӯз чӯҷаҳои зоти бройлерӣ ба ҳисоби миёна 2 – 2,5 килограмм вазн мегиранд ва барои забҳ тайёр мешаванд. Соли равон, бо бунёди боз ду иншооти дигар, парвариши чӯҷа дар фабрика ба 100 ҳазор сар расонда мешавад.
Дар фабрикаи парандапарварӣ ҷараёни технологӣ автоматӣ буда, ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии ҳаво, додани обу ғизо тавассути технологияи компютерӣ амалӣ мегарданд. 
Соҳибкори ватанӣ, баъди бунёди фабрика, азм гирифт, ки истеҳсоли гӯшти парандаро низ ба роҳ монад. Инак, коргоҳи забҳи паранда бо фарогирии коркард ва бандубаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дорои хати технологии муосири туркӣ буда, ҳамаи марҳилаҳои истеҳсол то ба истеъмолкунанда расондани гӯшти аълосифати паранда ба роҳ монда шудааст.   
 Дар коргоҳ барои қариб 50 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ ҷои нави кор таъсис ёфта, дар як моҳ бештар аз 100 тонна ва дар як сол зиёда аз 1 ҳазору 200 тонна гӯшти паранда истеҳсол мегардад.
Тамоми биною иншооти махсуси соҳавӣ, аз ҷумла барои забҳ, коркард, бандубаст ва нигоҳдории гӯшти парҳезии паранда, муҷаҳҳаз бо хату таҷҳизоти технологии муосир бунёд ёфтаанд.
Дар коргоҳ барои муайян намудани сифат озмоишгоҳ низ фаъолият мекунад ва аз ҷониби мутахассисон маҳсулоти тайёр бо мошинҳои махсуси яхдондор ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе дастрас мешавад.
Оянда бо таъмини бозори дохилӣ гӯшти парҳезии паранда бо бандубасти мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба кишварҳои минтақа ҳам содирот хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти коргоҳи фермаи парандапарварии “Назар” дидан намуда, ба сифат ва коркарди он баҳои баланд доданд ва иқдоми пешгирифтаи соҳибкоронро оид ба саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи соҳа ибратбахш арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки оянда бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ дар ин ҷо аз гӯшти паранда истеҳсоли чандин намуди маҳсулот ба роҳ монда мешавад.
Тибқи маълумоти масъулони соҳа, имрӯз дар вилояти Суғд аз шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ фаъолияти зиёда аз 20-тои он махсус барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мебошад.
Ба таъкиди коршиносони соҳа, бо саъю кӯшишҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат дар самти бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои парандапарварӣ натиҷаҳои босамар ба даст омаданд ва он ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар натиҷа, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба роҳ монда шуда, талаботи аҳолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти аълосифати ватанӣ таъмин гардид. Масалан, соли 2020 дар мамлакат истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзуда, ин нишондод дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.
Ҷиҳати расидан ба нишондодҳои аз ин ҳам бештар соҳибкорони вилояти Суғд дар оянда бо таъсиси корхонаҳои парандапарварӣ истеҳсоли гӯшту тухмро меафзоянд.
 
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон 
2 феврал дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқӣ ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон оғоз бахшиданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷумъабой Абдулҳакимов бунёд гардидааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ аз 15 то 18 тонна маҳсулоти босифати ғизоиро дар бар мегирад. Дар корхонаи нави саноатӣ 22 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳоро занону бонувони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Бонувон хушнуд аз онанд,  ки бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, маҳсулоти хушсифати ватанӣ истеҳсол менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар корхонаи навтаъсис, аввалан, нон бо шакли махсус ва таъми хосса пухта шуда, баъдан, коркард мегардад, ки аз он шаш номгӯи маҳсулоти босифат бо гӯшти мурғ, қаймоқ, сабзаҷот, паниру сихкабоб ва ҳасибу моҳӣ истеҳсол мешавад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, ба корхона таҷҳизоти муосир аз кишварҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб гардиданд.
Дар хати технологии замонавӣ маҳсулоти ордӣ бо унсурҳои иловагӣ то марҳилаи ниҳоӣ коркард ва бандубаст мешавад, ки он дорои сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Бо назардошти он ки, талабгорони ин навъи маҳсулот аксаран кӯдакон, наврасон ва ҷавонон мебошанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба таркиб ва сифати он диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, масъулонро вазифадор карданд, ки дар раванди истеҳсолот ба сифатнокӣ таваҷҷуҳи асосӣ равона намоянд.  Зимнан, ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки таркиби маҳсулоти нонӣ аз орду равған, ширу шакар, обу намак, тухму қаймоқ ва дигар унсурҳои табиию маводҳои хушбӯйкунанда иборат аст.
Бояд гуфт, ки қаблан маҳсулоти коркардшудаи нонӣ аз хориҷи мамлакат ворид мешуд ва арзиши гарон дошт. Тӯли солҳои охир бо дастгириҳои роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат истеҳсоли ин навъи маҳсулот бо сифати баланд ба роҳ монда шуда, ба хориҷи кишвар низ содирот мешавад, ки дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир асту талабгорони зиёд дорад.
Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳи нави саноатӣ дидан карданд. Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат аз истеҳсоли маҳсулоти дигари ғизоӣ, ки дар натиҷаи коркарди картошкаи маҳаллӣ истеҳсол мешавад, иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар сехи алоҳидаи тобеи корхонаи мазкур коркарди картошка ба роҳ монда шудааст ва аз он маҳсулоти хушсифату болаззат омода мегардад.
Дар заминаи татбиқи ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва имтиёзҳои муқарраргардида, ба соҳибкорони ватанӣ чунин корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ дар мамлакат, хусусан дар вилояти Суғд, мавриди истифода қарор мегиранд, ки дар баробари истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ, ҷойҳои нави кор таъсис ёфта, сокинони зиёд ба шуғли доимӣ ҷалб мешаванд. Ҳамаи ин тадбирҳои муҳим ба хотири баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватандӯст ҷиҳати бунёди корхонаи нави тавлидотӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, барои афзоиши бештари иқтидори истеҳсолӣ ва зиёдтар намудани ҷойҳои нави кор маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
 
Дар ҶДММ “Хуҷанд – Агро” хатти коркарди пиёз ба истифода дода шуд
2 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти хатти нави технологии коркарди пиёз дар ҶДММ “Хуҷанд – Агро” оғоз бахшиданд.
Самти асосии фаъолияти ҷамъият коркард ва бандубасти меваю сабзавот ва хушкондани он буда, васлу насби боз як хатти нави иловагии қабулу коркард ва хушкондани пиёз натиҷаи амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорон оид ба воридсозии таҷҳизоти пешрафта ва тавассути он васеъ намудани доираи истеҳсолӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти коркардшаванда аст.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни коркарду истеҳсол, иттилоъ дода шуд, ки хатти нави технологӣ имконият дорад дар як шабонарӯз то 30 тонна пиёзро коркард ва хушк намояд. Барои ин аз кишварҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастгоҳ ворид шуда, таҷҳизоти пиёзхушккунӣ истеҳсоли Ҳиндустон мебошад.
Ширкати “Хуҷанд – Агро” бо саҳми соҳибкорони ватанӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд – ширкати “Аркун”-и Федератсияи Россия таъсис ёфт. Барои вориду насби таҷҳизоти пиёзхушккунӣ 450 ҳазор сомонӣ маблағҳои сармоявӣ харҷ гардидаанд.
Тибқи технологияҳо, пиёз қабул, шуста, тоза, сара ва аз пӯст ҷудо шуда, вобаста ба ҳаҷму андоза реза ва дар 60 дараҷа гармӣ хушконда, бандубаст ва ба содирот омода мешавад. Сабзавот, аз ҷумла пиёз, аз хоҷагиҳои деҳқониву кишоварзии минтақаҳои вилояти Суғд вобаста ба талабот харид мегардад.
Бо бунёди хатти нави иловагӣ шумораи кормандон дар коргоҳи “Хуҷанд – Агро” ба 70 нафар расида, музди миёнаи маош 1500 сомониро ташкил медиҳад.
Кормандону мутахассисон, асосан, аз ҳамин маҳал буда, аксарашон аз ҳисоби занону духтарон мебошанд. Сол ба сол зиёдшавии теъдоди чунин корхонаҳои соҳаи саноати сабук аз тадбирҳои судмандест, ки ба шуғли аҳолӣ мусоидат менамояд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки 24 марти соли гузашта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи марҳилаи якуми истеҳсолоти ҶДММ “Хуҷанд – Агро” иштирок намуда, оид ба васеъсозии истеҳсолот, афзун намудани ҳаҷми коркарди истеҳсолӣ ва  ба ин васила афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии ба содирот нигарондашуда дастуру супоришҳо дода буданд. 
Корандозии хатти коркарду хушккунии пиёз идомаи фаъолияти ҷамъият дар асоси дастуру супоришҳо оид ба қабулу коркарди сабзавот, аз қабили сабзӣ, лаблабуи ошӣ, кабудиҳо, каду ва сирпиёз, аст. Ин иқдом алҳол нахустин буда, талаботи маҳсулоти корхона бо бандубасти хосса дар бозори хориҷӣ, масалан Федератсияи Россия, калон аст.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, соҳибкорону истеҳсолкунандагони вилояти Суғд ба стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ кардани сифату таркиб, намуд, бандубасту тамғагузорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, молу маҳсулоти кишоварзиро ба бозори ҷаҳонӣ содирот менамоянд.
Соҳибкорони вилояти Суғд тибқи нишондодҳои паёмҳои Пешвои миллат, барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз имтиёзу сабукиҳо, ки Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ, вориди технологияҳои муосир ҷорӣ намудааст, корхонаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзиро бо технологияҳои ҷаҳонӣ таъсис медиҳанд. Дар заминаи ин дастгириҳо, иқтидори истеҳсолии вилояти Суғд афзоиш ёфта, саҳми соҳибкорон дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар назаррас мебошад.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаи маҳсулоти коргоҳи “Кабири Хуҷанд”, ки ба намоиш гузошта шуд, шинос гаштанд.
Коргоҳи мазкур дар шафати ҶДММ “Хуҷанд – Агро” ҷой гирифта, 50 намуди маҳсулоти гӯштӣ, аз қабили ҳасибҳои буғпазшуда, нимдудшуда, ҳасибчаҳо, гӯшти нимдудшуда, истеҳсол менамояд. Ҷамъият маҳсулоти гӯштиро бо номҳои “Паҳлавон”, “Аълотаъм”, ”Бомаза”, “Полвонча”, “Наврӯзӣ” ва ғайра пешниҳоди бозори истеъмолӣ менамояд, ки байни мизоҷон талаботи зиёде дорад. Корхона дар заминаи дастгириҳои давлатии соҳибкорон бо истифода аз имтиёзҳои пешниҳодшуда бо омӯзиши бозори дохилӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Аюб Абдуллоев ва Зафар Мақсудҷонов дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи Россия, Австрия ва Украина таъсис ёфт. Дар корхона 50 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин буда, маоши хуб мегиранд.
Коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат бо истифода аз гӯшти чорвои маҳаллӣ сол ба сол бо беҳтар кардани таркибу сифат бо риояи стандарту меъёрҳои соҳавӣ ба нишондиҳандаҳои хуб ноил мегарданд.
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2021    №: 24 - 25    Мутолиа карданд: 2746
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед