logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН»

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» аз 9 декабри соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №12, қ.1, мод.699; с.2008, №10, мод.805, мод.817; с.2013, №12, мод.896; с.2015, №3, мод.215 с.2018, №1, мод.28) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон – доираи васеи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муайян ва ба мурофиа ҷалб намудани онҳо ба сифати даъвогар, инчунин муҳокимаи масъалаҳои ҳуқуқу уҳдадории онҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо имконнопазир мебошад;».
2. Ба моддаи 3 сархатҳои сеюм, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- ба гирифтани чеки мол, чеки хазинадорӣ ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи мол (кор, хизматрасонӣ);
- ба иваз намудани моли дорои сифати номатлуб;
- ба бартараф намудани нуқсон ва камбудии мол (кор, хизматрасонӣ);».
3. Ба қисмҳои дуюм, сеюм ва панҷуми моддаи 6 пеш аз калимаи «иҷрокунанда» калимаи «истеҳсолкунанда,» илова карда шавад.
4. Дар қисми шашуми моддаи 18 калимаи «истеҳсолкунанда» ба калимаҳои «фурӯшанда (истеҳсолкунанда)» иваз карда шуда, пас аз калимаи «фурӯшанда» калимаи «(истеҳсолкунанда)» илова карда шавад.
5. Ба моддаи 22 пас аз калимаҳои «ба истеҳсолкунанда» калимаҳои «ва ё фурӯшанда» илова карда шаванд.
6. Дар моддаи 38:
- ба қисми дуюм сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ба мақомоти дахлдор маводро нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба маҷбурӣ ситонидани ҷаримаҳо пешниҳод менамояд;»;
- қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Мақоми зиддиинҳисорӣ ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва халалдор гардидани манфиати гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон, ба мақомоти ваколатдори соҳавӣ ва ё суд оид ба боздошт ё қатъ намудани фаъолияти истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ё фурӯшандагони мол (кор ва хизматрасонӣ), инчунин соҳибкорони инфиродӣ барои дағалона  вайрон кардани ҳуқуқҳои бо қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи истеъмолкунандагон, ки боиси марг ё бемориҳои оммавӣ, заҳролудшавии одамон мегардад, муроҷиат менамояд.»;
- қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Мақоми зиддиинҳисорӣ ҳангоми ошкор кардани далелҳои вайрон гардидани Қонуни мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди номуайян будани гурӯҳи истеъмолкунандагон дар бораи ба буҷети давлатӣ гузарондани даромаде, ки дар натиҷаи вайрон гардидани ҳуқуқи истеъмолкунанда ба даст омадааст, қарор қабул менамояд.».
7. Дар қисми якуми моддаи 39 калимаҳои «мақомоти назорати санитарию эпидемиологӣ, мақомоти экспертиза ва сертификатсияи маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои таъиноти тиббӣ» ба калимаҳои «мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, мақомоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» иваз карда, калимаҳои «захираҳои табиӣ ва» хориҷ карда шаванд.
8. Сархати ҳафтуми қисми дуюми моддаи 42 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- дар бораи боздошти амал, бекор ё беэътибор донистани санадҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошанд, ба мақомоти ваколатдор, прокуратура ё суд муроҷиат намоянд;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти  
Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, № 1769
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 2 декабри соли 2020, № 264
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,               моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи                      Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  25 январи соли 2021, № 129


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2021    №: 24 - 25    Мутолиа карданд: 1757
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед