logo

иҷтимоиёт

КАЛИДИ МУВАФФАҚИЯТ ВА САОДАТИ МИЛЛӢ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз чанд ҷанба фарқкунанда ва дорои аҳамияти барҷаста мебошад. Ҷанбаи муҳими Паём дар он аст, ки чуноне дар сархати нахустини он ишора гардид, «дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон» ироа шуд. Ҷанбаи дигари хоси Паёми навбатӣ дар он аст, ки аз соли мураккабу ҳассоси 2020, ки ба таъкиди Президенти мамлакат «яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд» натиҷагирӣ гардид.
Нуктаи асосӣ, ки дар  ибтидои Паём садо дод ва боиси афзун шудани ҳисси сарфарозии ҳамагон гардид дар он зоҳир шуд, ки ба мушкилоти сатҳи ҷаҳонии аз пайомади пандемия бамиёномада, нигоҳ накарда, бино ба гуфтаи Пешвои муаззами миллат  «дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд». Чунин дастовард собитгари ин маънист, ки дар лаҳзаҳои сангини замон миллатҳои соҳибэҳтиром ва ободгар бо ҳам муттаҳид шуда, бо такя ба захираву имкониятҳои дохилӣ баҳри рафъи муаммоҳои пешомада даст ба домони амали фаъол мезананд ва калиди муваффақияти хешро танҳо дар сарҷамъӣ, ризоият ва ҳамбастагиву ватандӯстӣ мебинанд. 
Табиатан, аз диди ҳуқуқӣ ва арзиши сиёсии худ ҳар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар баробари ҳуҷҷати хоси барномавӣ ва муҳимтарин суханронии пурмуҳтавои сол ба шумор рафтан, роҳи самаранок ва муфиди иртиботи байни Президент ва мардум ба шумор меравад, ки ҷавҳару ғояи асосии онро инъикоси вазъи замон, баёни марому хостаи қалби халқ ва посух гуфтан ба ниёзҳои ҷомеа ташкил мекунад. 
Яке аз қисматҳои асосии таъсирбахшу даъватгароёнаи Паём бо назардошти соли ҷашнӣ будани соли 2021 ба хуррамгардонӣ, ободонӣ ва созандагӣ фаро хондани ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Ҳар фарди  дилсӯзу дӯстдори ин Ватани аҷдодӣ бо шунидани даъватҳои содиқонаи Пешвои миллат бояд ҳиссагузори раванди пурвусъати таҷлили сазовор аз Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бошад. Дар ҳамин маврид, бо назардошти ҷамъбасти нишондодҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар соли душвори гузашта, ки ҳам сабақомӯз буду ҳам ҳушдордиҳанда Роҳбари давлат чунин даъват ва вазифагузорӣ намуданд:
«Соли 2020 бо тамоми мушкилоташ собит намуд, ки мо барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон неру, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем. Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем. Яъне, корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад».
Пас, мебояд, ки дар ҳамин соли гардишсозу таърихӣ таъкиду ҳидоятҳои  Пешвои миллатро, ки дар ибтидои ин соли муҳим ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, маромномаву сармашқи фаъолияти худ қарор дода, бо нангу номуси миллӣ ва эҳсоси саршори ватанпарастӣ дар ҷабҳаи бунёди Ватан, ободии мулк ва файзу шукӯҳи сарзамин шарик, саҳмгузор ва фидокор бошем.
 
Суҳроб  РУШАНЗОДА, 
раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2021    №: 24 - 25    Мутолиа карданд: 656
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед