logo

иҷтимоиёт

ПАЁМИ РАҲКУШОИ ПЕШВО БА ФАРДОИ ДУРАХШОН

Таърих гувоҳ аст, ки ҳаёти одамӣ, дар баробари кору пайкор, ободкориву созандагӣ, тамаддунофарӣ ва рушди илму фанҳо, инчунин, даргири разму ҷидол ва манфиатталабиҳост. Бештари дасисабозиву хунрезиҳо натиҷаи нофаҳмиву носозгориҳо ва ба мувофиқа нарасидани тарафҳои манфиатдори ин ва ё он моҷаро мебошад. Чунин як марҳилаи ҳузнангезу харобиовар дар ибтидои давлатдории навини тоҷикон, аниқтараш 29 сол қабл, чун як имтиҳони сангини таърихӣ ба сари миллати деринбунёду соҳибтамаддун, сулҳҷӯю ободгар ва соҳибкитобу бомаърифати халқи тоҷик омада буд. Ҷонибҳо наметавонистанд ба ҳам биёянд, якдигарро таҳаммул намудаву бубахшанд, то он замоне, ки фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсату давлатдорӣ омад ва бо хиради волову азалии хеш панди ҳакими суханпардоз Хоҷа Ҳофизи Шерозиро, ки мегӯяд “Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст, Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро” шиори хеш қарор додаву садди роҳи ҷангу хунрезӣ гардид, кишварро аз вартаи ҳалокат берун овард ва барои рушди босуботи соҳаҳои бар асари харобкориҳо фалаҷгаштаи кишвар заминаи қавӣ гузошт.
Хушбахтона, он рӯзҳои парешонӣ ғарқи саҳфаҳои таърих гаштанд ва мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои маҳбубу волохирад, фарзанди фарзонаи миллат, меросбари ганҷинаи бузургу мондагори ниёкони соҳибкитобу тамаддунофар, набзшиноси ҳаводиси ҷаҳон, сиёсатмадори варзидаи замон, пешбарандаву татбиқкунандаи ташаббусҳои ҷаҳонӣ, абармарди арсаи ободкориву созандагӣ бо татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии мамлакат, амалисозии як қатор лоиҳаҳои ҳаётан муҳим ба рӯзҳои неку фараҳбахш расида, дар фазои сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату сарҷамъӣ рӯзгори шоиста ба сар мебаранд ва бо шӯру шавқи зиёд, завқи баланд, ҳисси баланди ифтихору сарфарозӣ ба таҷлили сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мегиранд. Тоҷикистони биҳиштосо, ки дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ба майдони ҷангу ҷидол ва амалҳои ғосибгаронаву харобкориҳо табдил дода шуда буд, инак, ба мавзеи амну осоишта, зебову дилфиреб, бо инфрасохтори замонавию хидматрасониҳои технологияҳои рақамӣ табдил ёфта, таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб кардааст.
Чунончи Пешвои муаззами милат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар санаи 26 январи соли 2021 таъкид намуданд: “Дар ин раванд, Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардид”.
Чунончи собит аст, тамоми пешрафти ҷомеа маҳз дар фазои сулҳу субот ва осудагии кишвар ба даст меояд ва ин неъмати бебаҳоро Худованд тавассути фарзанди барӯманди миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллати куҳанбунёду хушиқболи тоҷик ато намудааст.
Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тамоми соҳаҳои фаъолияти кишварро дар бар гирифта, чун санади роҳнамо ба татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифатнокии аҳли ҷомеа нигаронида шуда, бо таҳлилҳои амиқ, натиҷагириҳои асоснок ва масъалагузориҳои мушаххас тамоми соҳаҳои давлатдории моро сол аз сол рушду равнақ мебахшанд.
Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар шароити хоси иқтисодию иҷтимоӣ, ки бар асари хуруҷи бемории ҳамагири пандемияи COVID-19 ба миён омадааст, бо муроҷиат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ироа гардид. Дар ибтидо, бо вуҷуди ба миён омадани буҳрони шадиди молиявии ҷаҳонӣ, басташавии роҳҳо ва вазъи ногувори соҳаҳои иҷтимоӣ, соли 2020 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли пешравиҳо сабт гардид. Чунончи, таъкид шуд: “Соли 2020 бо тамоми мушкилоташ собит намуд, ки мо барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон неру, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем”.
Дар баробари зикри дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, пешравиҳои бахши инфрасохтори соҳаи маориф, рушди имкониятҳои сайёҳӣ, тадбирҳо ҷиҳати пешгирии омилҳои терроризму экстремизм ва ҳифзи суботу оромии кишвар, нуктаи меҳварии Паёми Пешвои муаззами миллат ин масоили марбут ба таҳкими маърифатнокии аҳли ҷомеа – рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ва дар ин замина, тақвият бахшидани қобилияти эҷодии онҳо маҳсуб меёбад. Маҳз барои тақвият бахшидани ин раванд Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки “...ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад”.
Воқеан, китоб сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар арзёбӣ мегардад. Тавсифи китоб дар осори бузургони мо мавқеи калидӣ дошта, пешрафти маънавии миллат аз он сарчашма мегирад. Китоб махзанест, ки барои кушодани дарҳояш омӯхтани рамзҳо шарт нест. Дохил гардидан ба ин масир насиби касе мегардад, ки ҳиммати баланду таҳаммули беинтиҳо дошта бошад. Абдураҳмони Ҷомӣ таъкид менамоянд: «Кас ҳамон вақт ҳукмрони олам мешавад, ки пайваста китоб хонад, зеро китоб дар баробари анису меҳрубон будан, шахсро донову тавоно ва соҳибхирад мегардонад». Ба ин маънӣ Расул Ғамзатов мефармояд: «Халқи бе китоб мисли инсонест, ки оина надорад вай рӯйи худро дида наметавонад».
Таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китобу китобхонӣ ин ҷалби бештари хурду бузурги кишвар ба мутолиа мебошад, зеро омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок намудани аҳли ҷомеа маҳз китобдӯстӣ буда, ин ганҷинаи беминнат қобилияти сухандониву суханрониро сайқал, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад. Аз ҷониби дигар оммавигардонии ин шуғли писандида эҳёи анъанаи неки ниёгони пурифтихорамон мебошад, зеро тоҷикон миллати китобдору соҳибтамаддун эътироф гардидаанд. Ин нукта низ дар дар Паёми навбатии Пешвои миллат зикр шуд: “Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000-сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда, ба шумор мераванд”.
Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф афзуда, дар ин масир кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешавад. Раванди бунёди муассисаҳои таълимӣ дар кишвар аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром идома ёфта истодааст. Дар ин бора Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: “Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63 000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст”.
Дар Паёми навбатӣ як нуктаи муҳиму арзишманд – омӯзиши таърихи пурифтихори халқи тоҷик, таҳкими ҳувияти миллӣ, дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба таърихи гузаштаи халқу миллат арзёбӣ гардид. Аз ҷумла, зикр гардид: “Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат, вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад”.
Эҳтирому эътиқоди Пешвои муаззами миллат ба таърихи гузаштаи халқу миллати тоҷик дар меҳвари асосии дидгоҳашон қарор дошта, ҳамасола як рӯйдоди таърихие ҷо мегузорад ва ё санаи таърихиеро эҳё месозад. Аз ҷумла, аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва ройгон дастраси ҳар як оилаи тоҷик намудани шоҳасари устод Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”, бо қарори ЮНЕСКО таҷлил гардидани ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ гувоҳи ин гуфтаҳост.
Чун паёмҳои қаблӣ, таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ба рушди соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг, ки аз оғози фаъолияти сиёсияшон ҳамчун соҳаҳои калидӣ ва таъминкунандаи рушди дигар соҳаҳои хоҷагидории мамлакат арзёбӣ мегарданд, хушҳоливу эътимоди мо ва ҳамватанони ватандӯсту худогоҳи бурунмарзии моро ба фардоҳои боз ҳам дурахшон ва зиндагии шоистаи мардуми шарифи кишварамон афзуд. Дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) эълон доштани озмуни нави ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Илм – фурӯғи маърифат” ва таъйини мукофотпулиҳои калон, пешниҳоди ҳавасмандсозии омӯзгорон ва падарону модарони ғолибони озмунҳо, супоришҳои қатъӣ ҷиҳати роҳандозӣ намудани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, афзудани идрорпулии донишҷӯён, магистрантон, докторантони муассисаҳои таҳсилотии олии кишвар, сафарбарсозии бештари олимони ҷавони равияи табиию риёзӣ барои такмили ихтисос ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ ба муассисаҳои илмӣ-таълимии хориҷи кишвар, таъкидҳо ҷиҳати иҷрои саривақтиву мукаммали нақша-чорабиниҳои корҳои ободониву созандагӣ бобати сазовор таҷлил намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ, озод намудани кишоварзон аз пардохти андози ягонаи замин барои соли 2021, дастгирии соҳибкорон ҷиҳати ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ ва дигар иқдомҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат аз он шаҳодат медиҳад, ки баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ, таъмини истиқлолияти энергетикиву амнияти озуқаворӣ, афзудани некуаҳволии мардуми кишвар ҳамоно ҳадафҳои меҳварии Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошанд.
Дар масири рушду пешрафти бемайлони кишвар, ки аз ҳар як сокини худогоҳу ватандӯст меҳнату заҳмати огоҳона, зиракии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, кору пайкори якдилонаву дастаҷамъона ва иззату шарафи фаъолияти фидокорона баҳри ояндаи дурахшони давлат ва боландагиву сарбаландии наслҳои миллатро тақозо мекунад, моро зарур аст суханҳои илҳомбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки раҳкушои мо ба фардои дурахшон мебошанд, сармашқи фаъолият ва кору зиндагии худ қарор диҳем. 
 
Мирализода Абдусалом МУСТАФО,
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2021    №: 24 - 25    Мутолиа карданд: 552
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед