logo

иҷтимоиёт

ҲИФЗИ СИҲАТИИ МАРДУМ. МАСЪАЛАИ МЕҲВАРИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Боиси хушнудист, ки давоми солҳои охир ироаи Паёми Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ба ҳамоиши муҳими умумимиллӣ табдил ёфтаасту сокинони кишвар онро бесаброна интизор мешаванд. Дар баробари  кормандони касбу кори гуногун кормандони соҳаи тандурустии мамлакат низ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ тамошо намуданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд. Инчунин, Пешвои миллат ба кулли сокинони кишвар, ки дар чунин давраи душвору вазнин сабру таҳаммул нишон дода, ба воҳимаву таҳлука наафтоданд, баръакс, муттаҳид шуда, эҳтирому иззати ҳамдигарро ба ҷо оварданд, табибон ва оилаҳои онҳоро дастгирӣ карданд, ҳамчунин, ба соҳибкорони ватандӯст ва дигар шахсони саховатпеша, ки ба муассисаҳои тандурустӣ, табибон ва оилаҳои камбизоат бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи ғизоӣ кумак расонданд сипоси бепоён иброз намуданд.
Дар Паём зикр гардид, ки давоми соли 2020 ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз Буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ равона шуд. Тавре Сарвари давлат иброз доштанд, дар ин давра дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии COVID - 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 табибу корманди тиббӣ сафарбар гардида, илова бар ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода шуд. Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод гардид.
Бо назардошти он, ки давоми солҳои охир сироятёбӣ ва барангезандагони ҳар гуна бемориҳо ба яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст, Сарвари давлат ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар супориш доданд, ки таъсиси Маркази ҷумҳуриявии микробиология ва вирусшиносиро мавриди омӯзиш қарор дода, оид ба ҳалли ин масъала ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намояд. Бояд гуфт, ки ҷиҳати таъсиси маркази мазкур, аллакай, аз ҷониби вазорат тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст. 
Бо назардошти он, ки аз моҳи январи соли 2021  бемории COVID - 19  аз байн рафтааст, Сарвари давлат аз кулли сокинони кишвар даъват ба амал оварданд, ки ба бепарвоӣ ва саҳланкорӣ роҳ надода, қоидаҳои пешгирикунандаи ин бемориро қатъиян риоя намоянд. Мо  кормандони соҳаи тандурустии мамлакат тавсия ва пешниҳодҳоеро, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш иброз доштанд,  минбаъд низ сармашқи фаъолияти кориамон қарор дода, дар самти таъмини солимии аҳолии кишвар тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳем сохт.
 
Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА,
вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2021    №: 24 - 25    Мутолиа карданд: 605
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед