logo

иҷтимоиёт

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЗАБОНИ ШЕВОВУ ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ

Воқеан, барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар кишвар зиёиёни миллат дар охири солҳои 80 - уми асри гузашта саъю талоши зиёд намуданд ва ба он мақсаде, ки доштанд, расиданд. Аммо маҳз тавассути Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин забон дар умури коргузорӣ ба таври ҳатмӣ ва густурда мақоми хосса  пайдо карду мавриди истифода қарор гирифт. Бо ташаббуси Сарвари давлат соли 2008 Соли забони тоҷикӣ эълон гардид. Мақсад аз ин амали созандаву ташаббуси наҷибро бисёр равшан баён доштанд: «Таҷлили Соли забон ба наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарии худ, яъне забони тоҷикии адабӣ, забони осори гаронмояи Рӯдакиву Мавлонои Балхӣ мусоидат менамояд».
Пешвои миллат ҳанӯз аз оғози фаъолияти роҳбариашон ба омӯзиши беҳтару гиромидошти махсуси забони тоҷикӣ диққати махсус медоданд. Барои он, ки муҳим будани ин масъалаи мазкур бештар дарк шавад, китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро таълиф намуданд.
Дар ҳақиқат, миллат он вақт арзи ҳастӣ карда метавонад, ки забонаш зинда бошад, дар гуфтугӯ, навишт ва умури коргузорӣ мавриди истифода қарор бигирад. Таърих шоҳиди барҳақ аст, ки бисёре аз миллатҳо бо аз байн рафтани забонашон маҳв гардиданд. Махсусан, раванди ҷаҳонишавӣ ин амалро метезонад. Пешвои миллат бо эҳсоси ин гуна хатарҳои ваҳшатафзо барои пойдории забони тоҷикӣ, густариши он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Қариб дар ҳамаи вохӯриву мулоқотҳояшон ва ироаи ҳамасолаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мавзӯъ ва масъаларо ба таъкид хотиррасон ва матраҳ месозанд, то андак ғафлат наварзем.
Дар Паёми имсола низ таъкид намуданд: «Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад».
Тавсифҳои бисёр зебову мувофиқ, аз қабили «забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ», «сарвати муқаддас ва гаронбаҳотарин» аз муҳаббати Сарвари давлат ба забони тоҷикӣ мебошад. Мо бояд ин муҳаббатро аз Пешвои миллатамон биомӯзем ва тавре баён доштанд, ба рушди забонамон эътибори аввалиндараҷа бидиҳем.
Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббусашон баргузор гардиданд ва минбаъд низ идома меёбад, ба хотири рушду омӯзиши бештару беҳтари ин забони нобу шоирона аст.
Дар ҳақиқат, танҳо ин забон моро ба осори гаронбаҳои ниёгонамон ошно месозад ва он ҳама бароямон, ҳамзамон, ифтихор мебахшанд. Осори ин абармардони олами фарҳанг бо забони тоҷикӣ миллати моро дар арсаи ҷаҳон чун миллати қадимиву тамаддунсоз муаррифӣ менамояд.
Дар Паёми гузашта низ (26 декабри соли 2019), тавре зикр гардид, ба масъалаи дӯстдории ин забони шево таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Аз ҷумла, дар ин хусус иброз доштанд: «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем».
Мақсад аз ин муҳаббату дӯстдорӣ ва ҳифзи онро равшан шарҳу тавзеҳ медиҳанд: «Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем...».
Агар пеш аз истиқлоли давлатӣ зиёиён дар ин бора масъалагузорӣ мекарданд ва он ҳам дар аксар вақт ҳеҷ муваффақ намегардиданд, ҳолиё дигар ин гуна зарурат аз миён рафтааст. Худи Пешвои миллат чунин масъалаҳоро на танҳо ба миён мегузоранд, балки барои ҳалли дурусташон бо ҳисси дилсӯзӣ раҳнамоӣ мекунанд ва дастурҳои муфид медиҳанд. Махсусан, аҳли зиёро вазифадор мекунанд, ки дар ин росто корҳои ҷиддиву муҳиму мондагорро саривақт анҷом бидиҳанд. Аз ҷумла, изҳор доштаанд: «Забони тоҷикӣ ҳамон вақт дар мақоми забони илму фарҳанг қарор мегирад, ки агар бо ин забон истилоҳоти илмӣ, аз ҷумла сабки нигориши илми муосир ба вуҷуд оварда шавад».
Бо ташаббуси Сарвари давлат Қонуни  забон таҷдиди назар ва ниҳоди махсус бо номи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд. Номҳои одамон, маҳалҳо тоҷикӣ гардиданд.
Тавре бармеояд, дигар он хавф, ки доираи амали ин забон маҳдуд мегардад, аз миён рафтааст. Мо дар ин маврид бояд бо ҷону дил аз Пешвои миллатамон миннатдор ва сипосгузор бошем. Фикр мекунам, ки миннатдорӣ ва сипосгузорӣ кам аст, бояд мислашон на танҳо ин забонро баробари Ватан дӯст бидорем, балки барои рушду ҳифзаш тамоми тадбирҳоро амалӣ бинамоем. Инчунин, ин ганҷи беназирро бо ҳамин покиву шевоӣ бояд ба наслҳои оянда ба мерос бигузорем.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2021    №: 24 - 25    Мутолиа карданд: 520
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед