logo

ҳуқуқ

“ХИЁНАТ” СИМОИ АҲРИМАНСИРИШТИ МУҲАММАДИҚБОЛРО ИФШО КАРД

Чанде пеш аз тариқи Телевизиони Тоҷикистон қисми 7-уми филми мустанади “Хиёнат” намоиш дода шуд, ки он чеҳраи аслии Муҳаммадиқболи Садриддинро рӯшан намуд. Ба таҳиягарон муяссар гардидааст, ки холисона амалҳои нопоки ӯро, ки бар зидди манофеи давлату миллати тоҷик нигаронда шудаанд, ошкор созанд.  
 
Чуноне аз филм бармеояд, Муҳаммадиқбол фарзанди яке аз пайравону сарсупурдагони ҳизби наҳзати ислом Муллоқаландар мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки маҳз тарафдорони ин ҳизби ифротгаро аввали солҳои 90 - уми асри ХХ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ мардуми кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Бар асари он зиёда аз 150 ҳазор нафар ҷон бохта, беш аз 50 ҳазор кӯдак ятим монд. Ба иқтисодиёти мамлакат бошад, зиёда аз 10 миллиард доллари ИМА хисорот расид. 
Вале бо ин ҳама ин гумраҳон то ба ҳол ором нашудаанд ва дар хориҷи кишвар ба сар бурда, амалҳои разилонаи хешро идома медиҳанд. Муҳаммадиқболу ҳаммаслаконаш, ки риёкорӣ асли онҳост,  бо паҳн кардани иттилооти дурӯғин мехоҳанд боз фазои орому  осудаи кишварро халалдор созанд. Ҳамагон медонанд, ки тамоми кӯшиши онҳо на барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дини мубини ислом, балки баҳри ба даст овардани манофеи шахсӣ мебошад. Ин қабил афрод аз шарафу номус ва родмардиву ҷавонмардӣ хабаре надоранд ва ҳамин аст, ки даст ба беномусӣ мезананд. Шарафу номус таҷовузнопазиранд, агар ин ду арзиши инсонӣ рахна шуд ва инсон бешарафиву беномусии худро ба намоиш гузошт, дер ё зуд шарманда ва радди маърака мешавад, ки ин маъниро эҷодгарони филми мазкур хуб ифшо намудаанд. Чун рафторашон, гуфторашон ва кирдорашон нопок аст, ҳадафҳояшон амалӣ нахоҳад гашт, зеро бори каҷ ҳаргиз ба манзил намерасад. 
Зикр кардан бамаврид аст, ки таҳияи филми мустанади “Хиёнат” саривақтист, чунки ба ҳар аъмоли разилонаи ин гумраҳон бояд ҷавоби муносиб дод. Инчунин, филм моро, бахусус ҷавононро, ҳушдор медиҳад, ки ба доми тазвири чунин бадандешону аҳримансириштон наафтем.
 
Шафоат ҲОШИМОВА, устоди  ДДХ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2021    №: 24 - 25    Мутолиа карданд: 2505
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед