logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ИФРОТГАРОӢ
Боз як гумроҳ паси панҷара рафт
 
Суди вилояти Хатлон шаҳрванд Мазҳариддин Гадоевро дар барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ (бо моддаи 189 Кодекси ҷиноятӣ) гунаҳгор дониста, ӯро ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум кард. 
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, номбурда дар шаҳри Қуми Ҷумҳурии Исломии Эрон таълимоти ғайрирасмии динӣ гирифта, пас аз баргаштан ба Тоҷикистон дар масҷиди деҳаи Гулистони ноҳияи Қубодиён миёни намозгузорон кинаю адовати мазҳабӣ барангехтааст. М. Гадоев борҳо бо имом – хатиби масҷиди деҳа М. Кулолов баҳс карда, даст ба ифрот ва тарғиби ақидаҳои бегона задааст. Манбаъ зикр мекунад, ки маҳкумшуда боре ҳангоми набудани имом – хатиб намози аҳли ҷамоаро бо шеваи дигар имоматӣ кардааст, ки боиси низоъ дар байни намозгузорон шудааст.
 
 
НАФС
18000 сомонӣ номи Искандарро доғдор кард
 
Искандар Асоев, нозири гурӯҳи назорати давлатии зидди сӯхтори қисми мустақили 17-и ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳофизати шаҳри Ҳисор, ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ айбдор мешавад.
Дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки номбурда бо истифодаи мақоми хизматӣ барои ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудан аз шаҳрванд «А» 18000 сомонӣ талаб карда, 22 июли соли 2020 ҳангоми гирифтани маблағ дастгир шуд.
Ҳоло тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба И. Асоев бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ бо расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд ва истифода аз мақоми хизматӣ) анҷом ёфта, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.
 
 
ДАР ОРЗУИ ПУЛИ МУФТ
Ошкор гардидани қиморхонаи ғайриқонунӣ дар Қубодиён
 
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Қубодиён қиморхонаеро ошкор намуданд, ки хилофи қонун аст.  
Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, маъмурони милитсия муайян карданд, ки марди 43-солаи сокини Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳия дар манзили истиқоматиаш бидуни иҷозатномаи мақомоти дахлдор қиморхона ташкил намуда, бо ҷалби сокинони ҷамоат бо қиморбозӣ маблағи пулӣ ба даст овардааст. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2021    №: 24 - 25    Мутолиа карданд: 1819
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед