logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Бунёди боғи интенсивӣ дар мавзеи Султонободи деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
3 феврал, дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Султонободи деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи интенсивӣ асос гузоштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо умеди сарсабзӣ ва фаровонҳосилӣ дар боғи навбунёд ниҳолҳои мевадиҳанда шинонданд.
 Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар мавзеи Султонобод дар навбати аввал аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афзали Зарзамин” дар майдони 7 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардид. Дар 1,5 гектари он сиёҳолу, дар 3,5 гектар зардолуи навъи “Мирсанҷалӣ” ва дар ҳудуди заминҳои боқимонда ниҳоли шафтолу шинондаанд, ки дар филиали Институти боғпарварию сабзавоткории вилояти Суғд парвариш ёфтаанд.
Дар маҷмӯъ, бо саҳми хоҷагиҳои кишоварзӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар Султонобод дар майдони 300 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд мегарданд, ки меваҳои боғоти нав, асосан, ба содирот нигаронда шудаанд. Аз рӯи маълумоти мутахассисон боғҳои интенсивӣ назар ба боғҳои анъанавӣ аз лиҳози иқтисодӣ бештар манфиатовар буда, дар кишвар, аллакай, солҳост, ки таҷриба шудааст ва дар зарфи се - чор сол ба ҳосил медароянд.
Зимни суҳбат бо боғдорон ва дигар кормандони соҳаи кишоварзӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки ҳангоми бунёди боғҳои нав ба дурустии интихоби мавзеъ барои парвариши ниҳол, бештар бунёд намудани боғоти меваҳояшон ба содирот нигарондашуда, истифодаи талу теппаҳо барои афзун намудани майдони боғот ва ба инобат гирифтани маслиҳати олимон таваҷҷуҳ равона созанд.  
Таъмини боғдорон бо ниҳолҳои хушсифату ба талаботи рӯз мувофиқ яке аз масъалаҳои муҳим дониста мешавад. Айни замон дар вилояти Суғд 8 муассисаи ниҳолпарварии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Исфара, Ашт, Зафаробод, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров ва дигар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ фаъолият доранд, ки дар таъмини боғдорону заминдорон бо ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ саҳми назаррас мегузоранд. Филиали Институти боғпарварию сабзавоткории вилояти Суғд низ дар доираи дастгириҳои давлатӣ олимону донандагони соҳа дар самти парвариши навъу намуди дарахтони серҳосил ва ба иқлими кишвар мутобиқ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.  
Дар мавзеи Султонобод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғдорони вилояти Суғд ва масъулони соҳаи кишоварзиро вазифадор намуданд, ки минбаъд майдони боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивиро зиёд намоянд. Дар ин сурат ҳаҷми содироти мева меафзояд ва дар баробари ин, сокинон бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров давоми солҳои 2016 - 2020 тақрибан 1200 гектар боғи нав бунёд гаштааст ва боғпарварони шинохта ният доранд, ки бо истифода аз зарфиятҳои мавҷуда майдони боғотро дар оянда боз ҳам зиёд намоянд.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр шуд, ки майдони боғу токзор ба 200 ҳазор гектар расидааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 2,2 баробар зиёд мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар беш аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст. Бо мақсади дастгирии кишоварзон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли равон изҳор намуданд, ки дар соли 2021 кишоварзон аз супурдани андози ягонаи замин озод карда шаванд. Ин ғамхории давлату Ҳукумат кишоварзону заминдорон, бахусус боғу токпарваронро вазифадор мекунад, ки дар самти оқилона истифода намудани замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи роҳу усулҳои нав ҷиҳати хушсифат истеҳсол намудани маҳсулот беш аз пеш кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар вилояти Суғд дар доираи “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” боғу токпарварон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят наздик ба 4 ҳазору 360 гектар боғи нав бунёд шудааст, ки ин нишондод 170 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Зиёд шудани майдони боғҳои нав, асосан, давоми се соли охир ба вуҷуд омадааст.
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 5 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ҷойи 2076 гектар бештар аз 5 ҳазор гектар майдони боғоти куҳна барқарор гардида, илова ба ин 207 гектар боғи интенсивӣ, аз ҷумла себ, олу, зардолу, шафтолу, сиёҳолу, гелос, нок, бодом, чормағз ва биҳӣ бунёд шудааст.
Бо мақсади афзун намудани ҳаҷми истеҳсол ва содироти мева, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза дар доираи “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” дар вилояти Суғд ҳудуди 373 гектар майдони токзори куҳна барқарор ва 351 гектар токзори нав бунёд гаштаанд.
 
Намоиши кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши кишоварзон боздид намуданд.
Аҳли заҳмати ноҳия дастовардҳои худро дар самти боғдорӣ ва чорводорӣ муаррифӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти кишоварзони ноҳия шиносоӣ пайдо намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, феълан дар баробари нигоҳубин ва парвариши боғҳои маъмулӣ бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бомаром идома дорад.
Боғдорон зимни муаррифии навъҳои гуногуни  дарахтони қадпаст, ки барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ пешбинӣ гаштаанд, иброз доштанд, ки айни замон масоҳати боғҳои интенсивӣ дар ноҳия 90 гектарро ташкил дода, наздик ба 8 гектари онро боғи суперинтенсивӣ дар бар мегирад.
Маҳсулоте, ки аз чунин боғҳо ҷамъоварӣ мегардад, асосан, таъйиноти содиротӣ дошта, дорои сифати баланд, таъми хуш ва шаклу намуди диққатҷалбкунанда мебошад.
Дар намоишгоҳ дарахтони қадпасти сиёҳолу, чор навъи шафтолу ва ду навъи зардолу, ки аз ҷониби олимони тоҷик парваришу зиёд намудани онҳо ба роҳ монда шудааст, пешниҳод гардиданд. Боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ нисбат ба боғҳои маъмулӣ серҳосил буда, тезтар ба ҳосил медароянд.
Дар доираи “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” майдони боғ ва токзор дар ҳудуди ноҳия афзоиш ёфта, ба ин васила истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он зиёд шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ривоҷу равнақ додани боғпарварӣ бо усули нав дар ҳудуди ноҳия баҳои баланд дода, ҷиҳати нигоҳубину парвариши дурусти дарахтони қадпаст ба масъулон маслиҳату дастурҳои муфид доданд.
Аҳли заҳмати  ноҳия дар тадбири мазкур, ҳамчунин, чорвои хушзотро, ки имрӯз дар хоҷагиҳои кишоварзӣ нигоҳубин ва парвариш карда мешавад, ба намоиш гузоштанд.
Иброз гардид, ки чун дигар минтақаҳои Тоҷикистон тайи чанд соли охир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ бо қабули барномаҳои соҳавӣ бахши чорводорӣ рушд карда, саршумори чорвои калон ва хурд афзуд. Аз ҷумла, дар соли 2020 саршумори чорвои калон 2873 сар зиёд гардида, теъдоди умумии он  ба 80553 сар расид.
Дар ҳудуди вилоят “Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорвопарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022” ҳамаҷониба амалӣ гашта, дар ин доира нишондиҳандаҳо хуб шудаанд. Аз ҷумла, дар соли 2020 саршумори чорвои калон дар миқёси вилоят ба 669 ҳазору 710 сар расонда шуд, саршумори чорвои хурд ба 1 миллиону 574 ҳазору 769 сар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2019-ум 12 ҳазору 735 сар зиёд мебошад.
Дар намоишгоҳ навъҳои хушзоти чорвои калони ширдеҳ, аз ҷумла зоти тоҷикӣ, буққаҳои сементал ва говҳои ширдеҳи сементал ба маъраз гузошта шуданд. Ба иттилои чорводорон, говҳои хушзоти сементал ба обу ҳавои кишвари мо мутобиқ буда, аз лиҳози самаранокӣ  нисбат ба дигар зотҳо тафовут доранд. Ҳар як модагови навъи мазкур метавонад аз 22 то 35 литр шир диҳад. Айни замон парвариши сементал дар хоҷагиҳои хурду бузурги ноҳия хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ, истеҳсоли шир ва гӯшт ба таври назаррас боло рафтааст. Ҳамасола дар ноҳия истеҳсоли шир то ба 972,8 тонна зиёд мешавад.   
Дар намоишгоҳ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бо ҳамин тарз дар ноҳия парвариши чорвои хурд равнақ ёфта, саршумори он дар тамоми шаклҳои хоҷагидории ноҳия 210 ҳазору 153 сарро ташкил медиҳад. Дар намоишгоҳ гӯсфанди ҳисорӣ, гӯсфанди дурагаи афғонӣ, намудҳои маҳаллӣ, ҳамчунин, бузҳои серпашми ангорӣ низ ба назар расиданд. Тавре маълум гашт, дар марҳилаи наслгирӣ аз 100 сар чорвои калони ширдеҳ то 70 сар ва аз 100 сар меш то 85 сар насл гирифта мешавад, ки ба ин васила саршумори чорво дар ноҳия ҳамасола меафзояд. 
Чорводорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳамчунин, се зоти асп, ду намуди шутур ва қутосро, ки парвариши онҳо ривоҷ меёбад, ба намоиш гузоштанд.
Зимни боздид ва суҳбати самимӣ кишоварзон ба Пешвои муаззами миллат барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимиашон нисбат ба соҳаи кишоварзӣ миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар оянда барои рушд додани соҳа, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти худии кишоварзӣ бештар заҳмат хоҳанд кашид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои парваришу афзоиши саршумори чорвои хушзот маслиҳатҳои муфид дода, дар вазъияти феълӣ рушд додани тамоми бахшҳои соҳаи чорвопарварию кишоварзиро ҳамчун омили асосии таъмини фаровонии маҳсулот маънидод намуданд.
 
Боздид аз КВД "Дӯзандагӣ" ва "Пойафзолбарорӣ" - и Агентии таъминоти амволи махсус дар вилояти Суғд
3 феврал, ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти корхонаҳои воҳиди давлатии "Дӯзандагӣ" ва "Пойафзолбарорӣ" - и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Нахуст Пешвои миллат аз намоиши дарахтони ороишии ҳамешасабз ва сояафкан, ки дар саҳни корхона омода гардидааст, дидан карданд. Номгӯи зиёди ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан, ки бештари онҳо дар хоҷагиҳои ниҳолпарварии агентӣ дар ҳудуди вилояти Суғд парвариш мешаванд, ба намоиш гузошта шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ дар Ҷамоати шаҳраки “Палос”-и шаҳри Бӯстон бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудаанд. 16 ноябри соли 2017 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин корхонаҳои истеҳсолӣ ифтитоҳ гардиданд. Ҳадаф аз таъсиси коргоҳҳои мазкур таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо сарулибоси низомӣ ва бо шуғли доимӣ таъмин намудани сокинон, хусусан бонувони маҳаллӣ, мебошад. Бинои коргоҳҳои истеҳсоли либоси низомӣ ва пойафзол бо шароити зарурӣ таъмин буда, дорои дастгоҳу таҷҳизоти муосир мебошанд.
Тибқи нақша, дар коргоҳҳои мазкур, дӯхти либосҳо барои сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пойафзол барои аскарону афсарон ба роҳ монда шудааст. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар коргоҳи истеҳсоли пойафзол 50 нафар фаъолият менамояд ва дар коргоҳи дӯзандагӣ бошад, 150 нафар бону ба дӯхти либоси низомӣ машғул мебошад. Дар баробари бонувон, ба дӯхти либоси низомӣ ва пойафзолбарорӣ сарбозон низ ҷалб гардидаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсулоти коргоҳҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, барои таъмин намудани сохторҳои қудратии мамлакат бо либоси истеҳсоли худӣ дар ҳама мавсимҳои сол, боз ҳам равнақ бахшидани фаъолият ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ба иттилои масъулон, иқтидори истеҳсолии коргоҳи пойафзол 15 ҳазор ҷуфт дар як сол буда, ашёи хом, асосан, аз Федератсияи Россия дастрас гардида, пойафзоли босифати чармӣ истеҳсол мешавад. Масъулон нақша доранд, ки дар раванди истеҳсолот маҳсулоти хомро аз корхонаҳои ватанӣ низ дастрас намоянд ва, аллакай, шартномаҳо дар ин самт баста шудаанд. Дар коргоҳи пойафзолбарорӣ раванди кор аксар дастӣ сурат мегирад ва мутахассисон бо истифода аз таҷрибаи баланд пойафзоли босифат барои сарбозону афсарон истеҳсол менамоянд.
Қаблан молу маводе, ки айни ҳол дар корхонаҳои воҳиди давлатии "Дӯзандагӣ" ва "Пойафзолбарорӣ"-и агентӣ истеҳсол мешаванд, пурра аз хориҷи мамлакат ворид мешуданд. Соли 2020 аз рӯйи нақша қариб 20 ҳазор маҷмӯи либоси низомӣ дар корхона истеҳсол шуд, масъулон азм доранд, ки соли равон иқтидори истеҳсолиро боз ҳам рушд диҳанд. Либоси истеҳсолкардаи ин корхона бо сифати баланд ва шаклу андозаҳои гуногун барои мавсимҳои тобистону зимистон дӯхта мешавад.
Ҳоло бо фароҳам омадани имконияти мусоиди фаъолият дӯхти либос барои гурӯҳҳои таъйиноти махсуси мақомоти қудратии кишвар низ ба роҳ монда шудааст, ки дорои сифати баланд аст. Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳри Бӯстон Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос» - и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки масоҳати умумии он 14 ҳазору 86 гектарро дар бар мегирад. Дар заминҳои корхона сабзавот, донагӣ, ғалла, пахта ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ кишту парвариш ва ҷамъоварӣ шуда, ба ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дастрас мешаванд. Ҳамчунин, парвариши чорвои калону хурд низ ба роҳ монда шудааст. Корхона дорои техникаи гуногуни кишоварзӣ буда, дар он 130 нафар кор мекунад.
Дар заминаи дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ пурра бо маводи ғизоӣ, сарулибоси низомӣ ва пойафзоли босифат аз ҳисоби корхонаву коргоҳҳои Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати назорати фаъолияти муназзами коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ ба роҳбарияти Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 
Ташриф ба гармхонаи ҶДММ “ММК Агро” 
3 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК Агро” дидан намуда, дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили помидор ширкат варзиданд.
Иншооти мазкур дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, помидору бодиринг, қаланфури булғорӣ, ҳандалак ва дигар намуди сабзавот бо истифодаи охирин насли технологияи инноватсионӣ парвариш мешаванд.
Гармхонаи инноватсионӣ аз ҷониби соҳибкор Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров дар соли 2020 дар масоҳати 2 гектар ташкил гардида, ба ду қисм - гидропоникӣ ва органикӣ ҷудо шудааст. Технологияи парваришро аз Ҷумҳурии Корея харидаанд. 
Дар як гектари гармхона чор намуди помидор: “Алая каравела”, “Адреатика”, “Розовий биче сердса” ва “Дафниc” пухта расидааст. Ин навъи помидорҳо ба иқлим мутобиқ кунонда шуда, серхаридор ва ба касалиҳои гуногун тобовар мебошанд.
Парваришу нигоҳубини тухмии навъҳои помидор ва дигар намуди сабзавот ба таври автоматӣ иҷро гардида, барои таъмини сифати хуби маҳсулот ва бардоштани ҳосили баланд нуриҳои гуногун тариқи обёрии қатрагӣ ба рустанӣ расонда, муътадилии ҳарорати гармхонаи гидропоникӣ тариқи системаи буғӣ ва ба таври автоматӣ дар ҳама мавсими сол нигоҳ дошта мешавад.
Тухми помидоре, ки дар гармхонаи “ММК Агро” пухта расидааст, моҳи август кишт шуда буд. Имрӯз дар натиҷаи заҳмати коргарон он ғарқи ҳосил аст. Ба тахмини хоҷагидорон аз ин як гектар гармхона гирифтани 120 то 150 тонна помидори баландсифат имконпазир аст. Маҳсулоти омодашуда, самараи қисми гидропоникаи гармхона мебошад.
Дар қисми органикии гармхона, яъне ба таври маъмулӣ парвариш кардани тухмиҳо бошад, амалиёти парвариш ва нигоҳубини рустанӣ ба таври автоматӣ ба роҳ монда шуда, муътадилии ҳарорати он бо усули радиаторӣ, яъне ҳавои сунъии гарм, нигоҳ дошта мешавад.
Дар ин қисми гармхона сабзиши муътадили кӯчати булғорӣ, помидор ва ҳандалак роҳандозӣ гаштааст.
Дар гармхона 40 нафар бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ва маоши баланд таъмин аст.
Зимни боздид аз имкониятҳо ва шароити мусоиди корӣ дар гармхонаи инноватсионӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, бобати равнақ бахшидани гармхонадорӣ бо ин усул дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2021    №: 26    Мутолиа карданд: 2794
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед