logo

иҷтимоиёт

ГИЁҲИ МАРДУМФИРЕБ

«Шайхча» ном гиёҳе дар Ҳиндустон бар лаби дарёи Лоҳур мерустааст, ки ӯ ба  салавоти шариф ошиқ будааст. Ҳар вақт, ки салавот  мехонданд, он гиёҳ дар ҳаракат меомадааст. Аз ин рӯ, дағалбозони Ҳиндустон он гиёҳро гирифта, «мӯйи набӣ алайҳиссалом» гуфта, мардумро фиреб дода, мол меситонданд. Ба фармонравои Хӯқанд Муҳаммад Алихон низ шайхчае ин гиёҳро барои харидорӣ пешниҳод мекунад, чун бовар ҳосил менамояд, ки аблаҳтар аз ӯ дар ин дунё касе нест, маблағро гирифта, он гиёҳро ба ӯ медиҳад. Ба ин гиёҳи мардумфиреб қасри амир зиёратгоҳ мешавад. 
Муддате мардумони саҳроӣ онро зиёрат мекарданд, ба ҳукми он ки:
Лоларо гуфтам, сияҳдил буданат аз 
баҳри чист?
Гуфт, ҳолаш ин бувад ҳар кас, ки дар саҳро 
нишаст.
Муаллифи «Мунтахабу-т-таворих» Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳакимхон чунин менигорад, ки «баъд аз чандин вақт он гиёҳро гирифта, дар мавзеи Қаротеппа бурда, гузоштанд ва он мавзеъ ба мӯйи муборак» шуҳрат ёфт. Мардуми бисёр ба ин ҷо омада, он «мӯй»-ро зиёрат мекарданд. Мардум ончунон гумроҳ мегарданд, ки аз тамоми мамолики  Фарғона думи гови даштиро, ки онро қутос мегӯянд, тавқҳо дар камоли зинат месозанд ва дар он ҷо оварда мегузоранд. «Қариб чаҳор ҳазор тавқ дар он мавзеъ мисли дарахт нишонида буданд». Дар он вақт як  ҳоҷии ноинсофи дигар низ дар вилояти Марғинон инчунин дастгоҳро барпо кард. Пас аз он дар хонаи Азимҷони Бой низ мӯйи муборак пайдо шуд.
Ҳамин тавр, мардуми Фарғона аз содадилӣ ба сухани он ҳоҷиёни дағалбоз амал намуданд. Яъне, он гиёҳонро мӯйи мубораки ҳазрати хайру-л-башар (с) медонанд, зиёраташон мекунанд ва ба ин васила бидъати зоҳирӣ барпо месозанд. Муаллиф пас аз огоҳӣ аз ин амали ғайришаръӣ ва дағалбозиҳову мардумфиребиҳо дар тааҷҷуб меафтад. Инчунин, ҳодисаи мазкурро чунин менигорад: «Азбаски фақир оламро дидам, дар Маккаи муаззама ва Мадинаи мунаввара ба шарифон улфат шудам ва дар Мисру Шом ва ғайризолика вилоятҳо, мӯйи он ҳазрат (с) дар олам мавҷуд будааст, гуфта, аз касе нашунида будам. Як бор шунида будам, ки дар вилояти Хӯқанд се мӯйи муборак мавҷуд будааст. Фақир дар баҳри тафаккур фурӯ рафта, дар ҳайрат будам, ки ин чӣ ҳикмат бошад. Агар мӯйи мубораки он ҳазрат набошад, бардурӯғ гиёҳеро ба он ҳазрат нисбат диҳанд, ҷазои ӯро хоҳанд кашид... Баъд яқинам шуд, ки ин ҳама бидъати сареҳро барпо карда, хилофи шаръ корҳо ба вуқӯъ овардан низ аз бадбахтиҳои Муҳаммад Алихон будааст. Чунончи, дурӯғи ӯ аз оина равшантар гашт ва оқибат гул кард, ба ҳукми он, ки:
Сӯхтем аз дасти саррофони гавҳарношинос,
Доиман хармуҳраро бо дур баробар мекунанд».
Тавре бармеояд, дар ҳар давру замон бидъатро эҷод мекарданду роиҷ мегардониданд. Дар ин маврид ба хотири ба даст овардани пулу мол гурӯҳе на аз Худо метарсиданду на аз паямбар. Мардум ба он содадилӣ ва хушбоварӣ ба ин гуна макрҳову ҳиял фирефта мегардиданд. Албатта, ба ин умед, ки сазовори номи ҳақиқии бандагии Худо ва уммати расули барҳақи ӯ бишаванд. Танҳо уламои асилу парҳезгорони комил ба ин гуна авомфиребӣ пай мебаранду монеи ривоҷашон мегарданд, то халқро аз залолат берун оранд. Аммо агар олим худ ғофил бошад, хуфтаеро мемонад, ки хуфтаи дигарро бедор карда наметавонад. Барҳақ аст, ки:
Олимат ғофил асту ту ғофил,
Хуфтаро хуфта кай кунад бедор?
Албатта, ҳеҷ гоҳ.
Муҳаммад Алихон, ки худ фармонравои мамолики Фарғона буд, ба гиёҳе фирефта шуд ва ин бидъатро дар қаламрави худ асос гузошту онро ривоҷ дод.
Дар асри ҳозир ҳам, ки техникаву технология ва илми муосир ба суръати кайҳонӣ пеш меравад, ҷойи бас тааҷҷуб аст, чун бидъатҳои навро эҷод мекунанд ва  ё бар бидъатҳои куҳан дил мебанданду дар ин роҳ устувор мемонанд. Бархе ба сеҳр мардумро ҷалб мекунанд ва муродашон аз ин амал танҳо пулу мол ба даст овардан аст. Бархе аз нафарон динро дукон кардаанду Қуръонро нон ва ҳеҷ дар ин андеша нестанд, ки ин амал на Худоро хуш меояду на  паямбарро.
Сарварони оқили давр ҳамеша саъй ба харҷ додаанд, то дар қаламрави ҳукмрониашон на бидъат, на сеҳр, на хурофот мақоми шоистаро пайдо бикунанд. Ҳамчунон, ки дар кишвари мо барои пешгирии бисёр амалҳои номатлуб, ки шаръ низ муқобили он аст, Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба чандин сол пеш қабул карда шуд. Амалӣ гардидани талаботи он ҳамеша ба нафъи мардум буд.
Ба як гиёҳи худрӯй, ки дағалбозон мӯйи паямбараш хонданду эълон карданд, дар он рӯзгор бас мардум фирефта гардиданд ва барои дидану эҳтиром гузоштанаш пулу мол сарф карданд. Ин дар сурате аст, ки суханони пурҳикмати ӯ ба нафъи покии ахлоқи ҷомеа дастрас буд.
Бидъату хурофотҳо ба ҳар ранг дар ҳар давру замон рух медиҳанд. Аз ин рӯ, бояд зираку ҳушёр буд, ки ҳазор роҳзан дар роҳи мақсуди моанд ва намегузоранд, ба манзил бирасем.
 
Ҳозиркунандаи чоп Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2021    №: 26    Мутолиа карданд: 605
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед