logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Иштирок дар бунёди боғи интенсивӣ, хати обрасонӣ гармхонаи замонавӣ ва оғози кишти картошка дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

4 феврал дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Сартӯқайи деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бунёди боғи интенсивӣ, ташкили гармхонаи замонавӣ ва оғози кишти картошка иштирок карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин макони хушбоду ҳаво, ки дар соҳили дарёи Сир ҷойгир аст, ниҳол шинонда, ба ташаббускорон барои ин иқдоми шоиста комёбӣ орзу намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ хати нав барои обрасонии боғотро ба истифода доданд. Хати нави обёрӣ дар масофаи 2 километр аз дарёи Сир кашида шуда, ба хотири обёрии пурраи ҳудуди боғи интенсивӣ дар 40 нуқта ҷумакҳо гузоштаанд.
Боғи интенсивӣ аз тарафи роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Боғпарвари Суғд” Абдумубин Абдушукуров дар масоҳати 15 гектар замин, аз ҳисоби майдони боғоти куҳна ташкил гардида, дар он навъҳои пешпазаки зардолуи испании “Сунамӣ” ва бодоми испании навъҳои “Лаурен” ва “Гуарра” шинондаанд. Тадбири мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, мақсад аз он саҳмгузории бештар дар татбиқи амалии марҳилаи сеюми «Барномаи давлатии бунёду барқарорсозии боғу токзор барои солҳои 2016-2020» арзёбӣ шуд. 
Иқдоми навбатии роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон дар самти дастгирии кишоварзон дар бораи аз андози ягонаи замин озод кардани хоҷагидорон дар соли 2021 боиси дилгармии ҷомеаи меҳнатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Боғпарвари Суғд” гардида, онҳо саъй доранд, ки ҳиссагузории хешро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат бештар созанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид доштанд, ки дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ майдони боғу токзор ба беш аз 200 ҳазор гектар расонда шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум 2,2 баробар зиёд мебошад. Дастгириҳои давлатӣ ва сердаромад будани бахши боғдорӣ имрӯзҳо сокинони мамлакатро дар ин самти фаъолияти хоҷагидорӣ бештар ҳавасманд кардааст.
Феълан, хоҷагидорон бештар ба ташкили боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ба андешаи мутахассисон, боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ назар ба боғи анъанавӣ серҳосилу фоидаовар мебошанд. Давоми чанд соли охир дар боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, асосан, ниҳолҳои зардолу, себ, олу ва шафтолу парвариш мешаванд.
Роҳбари давлат бо боғпарварон суҳбат намуда, иброз доштанд, ки ташкили боғҳои нав бо риояи тавсияҳои олимону мутахассисон ба роҳ монда шавад. Бунёди боғҳои нави интенсивӣ имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардида, содироти меваҳои шаҳдбор ба хориҷи мамлакат афзун гардад.
Бино ба таҳлили боғдорони соҳибтаҷриба, аз як бех ниҳоли дар боғи интенсивӣ парварда ба қадри кофӣ ҳосил гирифтан мумкин аст. Афзалияти боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ ин, пеш аз ҳама, таъмини зичии ғунҷоиши ниҳолҳо дар як гектар ба ҳисоб меравад. Ҳосилбандиаш низ барвақт шурӯъ мегардад. Дар 27 гектар замине, ки дар ихтиёри ҶДММ “Боғпарвари Суғд” гузошта шудааст, 2 ҳазору 720 бех дарахти зардолу парвариш меёфт, ки умри 40-50 - сола доштанд. Танҳо дар 10 гектар боғи интенсивии навбунёд 10 ҳазор бех ниҳолҳои ба иқлими минтақа мувофиқи воридотӣ шинонда шудааст.
Бо назардошти дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати иҷрои нишондодҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, аҳли заҳмати хоҷагӣ бо усули зери плёнка кишти картошкаи навъи “Алладин” - ро дар байни қаторҳои боғи нав ба роҳ монданд. Ин усули парвариши картошка таҷрибаи судовар буда, аллакай, дар моҳи апрел ҳосили он пухта мерасад. Зимнан, тадбири мазкур ба хотири мақсаднок истифода бурдани замин рӯи даст гирифта шудааст. Зеро дар натиҷаи таъсири манфии пандемияи коронавирус вазъи таъминоти аҳолӣ бо ғизо душвор гардида, эҳтиёҷ ба навъу намудҳои гуногуни маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла картошка, бештар мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори аҳли заҳматро намунаи ибрат арзёбӣ намуда, дастур доданд, ки ба таври зарурӣ ва бо истифода аз иқтидори мавҷуда кишту парвариши намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ шаванд. Чунки вазъи таъминоти маводи озуқаворӣ дар саросари ҷаҳон нигаронкунанда буда, таъсири он, махсусан дар давраҳои баъдибуҳронӣ ба кишвари мо низ мерасад. Аз ин хотир, танҳо истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин, имкон фароҳам меорад, ки Тоҷикистон ҳарчи пештар ба стратегияи таъмини амнияти озуқаворӣ ноил гардида, таъминоти аҳолиро бо маҳсулоти худӣ комилан ба роҳ монад.
Дар ҳамин мавзеъ роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Боғпарвари Суғд” гармхонаи замонавиро ба Пешвои миллат муаррифӣ карданд, ки ба тариқи  замонавӣ  дар масоҳати 5 гектар дар ояндаи наздик бунёд хоҳад гардид.
Сарвари давлат ба масъулони ширкат дастур доданд, ки суръати бунёди гармхонаро дар ин минтақа тезонанд, зеро ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пойгоҳи аслии таъминоти сокинони шаҳри Хуҷанд бо маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ маҳсуб меёбад ва истифодаи зарфиятҳои аграрии ноҳия бобати таъминоти аҳолӣ бо ғизо мусоидати фаъол хоҳад кард.
 
Бунёди боғи интенсивӣ дар “Боғи миллии Ваҳдат”
4 феврал дар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки масоҳати умумиаш 700 гектарро ташкил медиҳад, дар масоҳати 5 гектар боғи нави интенсивии сиёҳолуи навъҳои “Стенлей” ва “Венгерка” бунёд карданд.
Бино ба нишондоди мутахассисони соҳа, реҷаи шинондани ниҳоли сиёҳолуи навъҳои “Стенлей” ва “Венгерка” 4 ба 2,5 метр буда, дар масоҳати 1 гектар ба миқдори 1000 бех ҷойгир карда мешавад. Ниҳолони қадпасти сиёҳолу дар такрешаи “Пумиселект” ва “Миробалан С-29” дар филиали Институти боғутокпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд парвариш шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки ниҳоли сиёҳолу дар натиҷаи омӯзишу таҷрибаҳои даҳсолаи олимону мутахассисон рӯи кор омадааст. Олимону мутахассисони соҳа дар маҷмӯъ, 7 намуди олуро мавриди омӯзиш қарор дода, дар натиҷа ҳамин ду навъи сиёҳолуи хушкшавандаи “Стенлей” ва “Венгерка”-ро барои парвариш пешниҳод намудаанд. Баландии ин дарахтон ҳангоми ба воя расидан, ҳамагӣ 3-3,5 метрро ташкил дода, дар шакли қабат ба қабат ва косашакл гузаронда мешаванд. Дар ҳолати дуруст риоя намудани қоидаҳои парваришу нигоҳубин ба намуди шаклдиҳӣ, озуқадиҳӣ, обёриву коркарди байни қаторҳо ва дигар корҳои агротехникӣ ниҳолони қадпасти сиёҳолуи хушкшавандаи навъҳои “Стенлей” ва “Венгерка” баъди сеюм соли нашъунамо ба ҳосил медароянд. Ҳосилнокии ин навъи ниҳолҳо дар сесолагӣ аз 20 то 40 - сентнерӣ, яъне, ки аз 1 гектар аз 2 то 4 тонна меваи хушсифати сиёҳолуро дар бар мегирад. Илова бар ин, сол ба сол ҳосилнокии ин дарахтон афзуда, дар 7 - солагӣ аз 250 то 300 - сентнерӣ, яъне аз 1 гектар аз 25 то 30 тонна мева медиҳанд. Дарахтон метавонанд аз 25 то 40 сол ҳосили фаровон банданд.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир дар заминаи иҷрои амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати ба роҳ мондани усули инноватсионии боғдорӣ дар кишварамон, аз ҷумла вилояти Суғд, даҳҳо гектар боғҳои интенсивии нав бунёд гаштаанд.
Тибқи маълумоти дастрасшуда, ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар вилояти Суғд 207 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд шудаанд, ки аз он 10 гектарашро боғҳои суперинтенсивӣ ташкил медиҳанд.
Боғҳои интенсивӣ, асосан, дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт, Мастчоҳ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ҷойгир мебошанд. Аз 10 гектар боғи суперинтенсивӣ бошад, 5 гектараш дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо ниҳоли шафтолу, гелос, себ ва 5 гектари дигар дар ноҳияи Спитамен бо ниҳоли себ ташкил шудаанд.
Соли 2021 дар вилоят бунёди боз даҳҳо гектар боғҳои интенсивии нав дар нақша аст, ки 4 гектар боғи интенсивии сиёҳолуи хушкшавандаи навъҳои “Стенли” ва “Венгерка” оғози ин иқдоми нек мебошад.
Яке аз ҳадафҳои асосии ташкили усули инноватсионии боғдорӣ, дар баробари таъмини бозори истеъмолии дохилӣ бо меваю сабзавот, баланд бардоштани имкониятҳои содиротии кишварамон дар ин самт мебошад.
Дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” аз соли 2018 инҷониб парвариши моҳӣ низ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар чор ҳавзи моҳипарварӣ дар масоҳати умумии 1,4 гектар наздик ба 13 ҳазор сар моҳиҳои навъи “Амури сафед”, “Пешонағафс” ва “Сазан” парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд.
Дар ҷараёни боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” ба хотири амалӣ намудани “Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба ҳавзҳо боз 15 ҳазор сар ин намуди моҳиҳо сар дода шуданд. Ҳамчунин, ба боғ ҷиҳати татбиқи “Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 200 парандаи фазан сар доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.02.2021    №: 27    Мутолиа карданд: 2787
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед