logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Боздид аз гармхонаҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

5 феврал дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев бо раванди парвариши зироат ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити гармхона шинос шуданд. 
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз соли 2011 инҷониб бо саҳми хоҷагидорон 37 гармхонаи анъанавӣ бунёд гардида, дар онҳо кишту парвариши навъҳои серҳосили қулфинай, помидор, бодиринг, картошка, кабудӣ, лимӯ ва дигар намуди зироат ба таври васеъ роҳандозӣ шудааст ва ҳамасола деҳқонон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳосили фаровон ҷамъ оварда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Соли равон, тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев боз чор гармхонаи нав сохта шуд, ки дар онҳо хоҷагидорон зироати гуногуни кишоварзӣ, аз қабили помидору бодиринг, кабудӣ, гулҳои мавсимӣ, картошка ва шалғам кишта, ба хотири гирифтани ҳосили дилхоҳ заминро самараноку оқилона истифода мебаранд.
Ҳар як гармхона дар масоҳати аз 4 то 16 садяк замин бунёд ёфта, зироати кишоварзӣ ба таври маъмулӣ парвариш мешавад ва барои таъмини сифати хуби маҳсулот ва рӯёндани ҳосили баланд муътадилии ҳарорати гармхонаҳо тариқи шабакаи гармидиҳӣ ва нури офтоб дар тамоми мавсими сол нигоҳ дошта мешавад. Дар сурати муътадил гардидани ҳарорати дохилӣ, болопӯш ва атрофи онро мекушоянд. 
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни парвариши сабзавоти барвақтӣ ва фаъолияти аҳли заҳмат ба хоҷагидорон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва гирифтани ҳосили зиёд дастуру тавсияҳои муфид доданд. 
Бояд гуфт, ки деҳқонони ҷамъияти мазкур ҳамасола аз як гармхона то се маротиба ҳосил ҷамъ меоранд.
Таъкид гардид, ки дар масоҳати даҳ садяки гармхона зиёда аз се ҳазор бех ниҳоли помидор шинонда шуда, давоми чор моҳ ба ҳисоби миёна то 10 тонна ҳосил ҷамъ намудан имкон дорад ва баъди он бодиринг ё дигар намуди зироат кишт мешавад. Ниҳоли помидор ва дигар намуди зироатро худи хоҷагидорон парваришу омода месозанд.
Кишоварзони ҷамъият дар замини кушод, зери плёнка, дар масоҳати нуҳ гектар картошка, се гектар сабзӣ, як гектар шалғам кишт кардаанд ва кор дар ин самт бомаром идома дорад. Деҳқонон майдони кишти картошкаро ба 100 гектар расонданианд.
Аъзо ва саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, ки 1650 нафарро ташкил медиҳанд, бо меҳнати пурмаҳсул дар истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ дар шароити гармхона ҳама фасли сол фаъолияти назаррас дошта, дар таъмини бозорҳои вилоят бо маҳсулоти тару тоза саҳми фаъол доранд. 
Соли 2020 хоҷагидорон аз гармхонаҳо 900 ҳазору 500 дона гули мавсимӣ, 36,5 тонна помидор, 5 тонна лимӯ ва 18,5 тонна бодиринг ҷамъ оварданд.
Саҳмдорон аз дастгирии навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои як сол, яъне соли 2021, аз пардохти андози ягонаи замин озод гардиданд, рӯҳбаланд шуда, аҳлона заҳмат мекашанд, то ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоянд.
Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев 2 ҳазору 700 гектар замини корами обӣ мавҷуд аст.
Зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ таъкид гардид, ки деҳқонони вилояти Суғд дар бунёди гармхонаҳо таҷрибаи ғанӣ дошта, фаъолияти онҳо сол ба сол дар ин самти хоҷагидорӣ густариш меёбад. 
Баҳри татбиқи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 459 гармхонаи хурду бузург бунёд гардида, дар онҳо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.
Давоми соли гузашта хоҷагидорони вилоят аз гармхонаҳо зиёда аз 1 ҳазору 500 тонна маҳсулот, аз ҷумла 852 тонна помидор, 223 тонна бодиринг ва 271 тонна лимӯ, ҷамъ оварданд.
Соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бунёди боз 36 гармхонаи наву замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.   
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва ҷорӣ кардани роҳу усулҳои нави парвариши зироат ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 
Бунёди боғи интенсивӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев
5 феврал дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қитъаи 40-уми Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар бунёди боғи интенсивӣ ва кишти картошкаи барвақтӣ иштирок намуданд.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ҷамъияти мазкур дорои 2700 гектар замини обӣ, 900 гектар боғ ва 31 ҳазор гектар заминҳои лалмию чарогоҳ мебошад. Аз масоҳати 900 гектар боғ 710 гектарашро боғҳои ҳосилдиҳанда ташкил медиҳанд.
Бо назардошти он ки майдони боғҳои куҳна самараи дилхоҳ ба бор намеоваранд, масъулон тасмим гирифтанд, ки дар 7 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд. Тибқи нақша, дар боғи бунёдшаванда дар чор гектар гелос, дар як гектар бодом ва дар ду гектар зардолу, ки ба иқлими маҳал мутобиқ буда, ҳосили хуб медиҳанд, шинонда шуданд. 
Тибқи тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, дар ин мавзеъ бо реҷаи 4 бар 2,5 боғи нав бунёд гаштааст, ки дар ҳар гектари он ҳазор бех ниҳол истифода мегардад. Бо мақсади афзун намудани ҳаҷми истеҳсол ва баланд бардоштани сифати маҳсулот танҳо дар боғи гелос 1200 сутунпоя гузошта шудааст, ки дар оянда барои кори техникаҳои кишоварзӣ низ муфид мебошад.
Соли 2020 аз майдони боғоти Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев 2120 тонна меваҳои донакдор ҷамъ оварданд.
Соли сипаришуда дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 143 гектар боғ ва 7 гектар токзори нав бунёд гардиданд. Маҷмӯан, мувофиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар давраи солҳои 2016 – 2020 - ум 2663 гектар боғу токзори нав бунёду барқарор шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ назар ба боғҳои анъанавӣ серҳосилу фоидаовар мебошанд, аз ин рӯ, дастур доданд, ки бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивиро дар вилояти Суғд афзоянд.
Боғдорӣ яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаи сердаромад ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, ғанӣ гаштани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом, афзун гардондани имконияти содиротии мамлакат ва бо ҷои кори доимӣ таъмин кардани аҳолӣ мавқеи муайян ишғол менамояд.
Дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади самараноку оқилона истифода бурдани ҳар ваҷаб замин, дар байни қаторҳои боғи нави интенсивии Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев кишти картошкаи барвақтӣ ба роҳ монда шудааст. Аснои боздид, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, ки навъҳои тухмии картошкаи киштшуда “Алладин” ва “Пикассо” буда, онҳо аввалҳои моҳи май мепазанд.
Соли 2020 дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев 2890 тонна маҳсулоти полизӣ, аз ҷумла 1196 тонна картошка, истеҳсол шудааст. Мавриди зикр аст, ки соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд дар майдони 23 ҳазору 99 гектар кишти картошка ба роҳ монда, беш аз 512 ҳазор тонна ҳосил рӯёнданд. Соли 2021 бошад, кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 30 ҳазор гектар дар назар аст, ки нисбат ба соли рафта 6 ҳазору 100 гектар зиёд мебошад. Албатта, ҳамаи ин тадбирҳо ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат –  таъмини амнияти озуқаворӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Дар растаи намоиши тухмиҳо  42 намуди ба маҳал мутобиқ ва серҳосил, аз қабили гандум, ҷав, картошка, сабзӣ, шолӣ, лӯбиёиҳо ва пунбадона, ба намоиш гузошта шуд. Бояд гуфт, ки онҳо самараи хуб ба бор меоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳқонону кишоварзон дастур доданд, ки, пеш аз ҳама, тухмии зироатҳои ба маҳал мутобиқ ва дорои сифати баланд кишт намоянд, зеро риояи қоидаҳои агротехникӣ ва кишти тухмиҳои баландсифат омили асосии фаровонҳосилӣ мебошад. 
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз растаи намоиши таомҳои миллии сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд. Бонувони ҳунарманд анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз қабили нон, самбӯса, ҳалвоҳои сурх, сафед, маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, шириниҳои мевагӣ ва ҳунарҳои кадимаи аҷдодиро ба маъраз гузоштанд.
Мардуми тоҷик халқи ҳунарманду ҳунарофар мебошад, ки маҳсули дастони онҳо мақбули сайёҳони дохил ва хориҷи кишвар гаштааст. Эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021)  дар эҳёи анъанаҳои неки ниёгон такони ҷиддӣ бахшид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳорати кадбонуҳои деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд дода, омӯзондан ва аз худ намудани ҳунарҳои мардумиро барои наслҳои оянда муҳим арзёбӣ карданд.
 
Иштироки Пешвои миллат дар Ҷашни Сада 
5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Ҷашни Сада ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни чойхонаи Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб», ки макони асосии тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори таҷлили иди бостонӣ интихоб шуда буд, сокинони вилоят бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Ба таъкиди Сарвари давлат, Сада аз ҷумлаи ҷашнҳои миллии мо буда, асосан, ба кишоварзон рабт дорад, зеро марди деҳқон бо таҷлили ин иди ниёгон ба киштукори баҳорӣ омодагӣ мебинад ва шаш сол аст, ки дар саросари кишвар баргузор мешавад. Сада бо фазилатҳои некаш аз наздик омадани фасли баҳор ва фарорасии Наврӯз мужда мерасонад.
Дар тантанаҳои идона аҳли заҳмати вилояти Суғд иштирок карда, дастоварди меҳнатӣ ва маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд. Иштироки васеи сокинон дар Ҷашни Сада гувоҳӣ аз арҷгузории мардум нисбат ба иди бостонӣ мебошад. Ин ид, ки дар аҳди қадим, махсусан замони Сомониён, бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол гирифта мешуд, дар даврони соҳибистиқлолӣ рукну оинҳои он эҳё гардида, халқи тоҷик онро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории чунин ҷашнҳои бошукӯҳро, ки тайи солҳои охир дар мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинони шарафманд аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ намуданд.
Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ арзёбӣ карданд.
Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба афзоиши истеҳсоли мева ва содироти он ба хориҷи мамлакат, дар хоҷагиҳои боғпарвари вилоят соли сипаришуда, иловатан, 657 гектар боғу токзори нав бунёд шуда, ҳаҷми истеҳсолот сол ба сол зиёд мешавад.
Давоми як соли охир дар вилоят 207 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд гардидааст, ки ин қадами устуворе дар самти рушди соҳаи боғпарварӣ ва истеҳсоли меваи аз лиҳози экологӣ тозаю табиӣ мебошад.
Дар намоишгоҳ аз ҷониби кормандони Иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот намоиши маҳсулоти нонӣ ташкил гардида, корхонаҳои хӯроквории вилоят навъҳои гуногуни шириниҳоро ба маъраз гузоштанд.
Дар намоишгоҳи идона аз ҷониби Ассотсиатсияи занбӯриасалпарварони вилояти Суғд асали хушсифати табиӣ пешниҳод гардид. Ба иттилои масъулон, бо назардошти зиёд будани талаботи аҳолӣ ба асал, ҳамасола дар хоҷагиҳои занбӯриасалпарварӣ оилаҳои занбӯр зиёд ва ҳаҷми истеҳсол низ бамаротиб меафзояд.
Зимни суҳбат бо занбӯриасалпарварон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо ворид кардани зотҳои серҳосили занбӯри асал оилаҳои онро афзоиш дода, истеҳсоли асалро ҳам барои содирот ва ҳам барои таъмини бозори дохилӣ бештар намоянд. Ба ақидаи занбӯриасалпарварон, бо татбиқи барномаҳои давлатӣ ва, дар ҳамин замина, муқаррар намудани имтиёзҳо барои фаъолияти пурсамар шумораи оилаҳои занбӯр ва истеҳсоли асали аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки имрӯз дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ талабот ба он бештар аст, зиёд гардида, дар ноҳияҳои кӯҳистон мардум ба ин шуғли манфиатовар бештар машғул мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаровонии асал, тарбузу харбуза, ангур, помидор, дигар навъҳои меваю сабзавот ва полизию лӯбиёиҳо, ки, аксаран, маҳсулоти содиротӣ мебошанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди онҳо дар корхонаҳои саноатӣ бояд афзун гардад ва аз ин ҳисоб иқтидори содиротии Тоҷикистон боло бардошта шавад.
Ҳоҷагиҳои тухмипарварӣ, Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии “Тухмиҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд” дар Ҷашни Сада навъҳои гуногуни тухмиро ба намоиш гузоштанд. 
Мусаллам аст, ки навъҳои тухмии маҳаллӣ, ки ба иқлим мутобиқанд, ҳосилнокиашон баланд аст. Истифодаи васеи тухмии босифати ватанӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳангоми кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ боиси он мегардад, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳосили дилхоҳ рӯёнда, дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ, даромади хуб ба даст оранд. 
Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ кормандони Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд” неъматҳои табииро муаррифӣ намуданд. Муассисаи мазкур, дар баробари ҳифзи олами ҳайвоноту наботот, ба ҷамъоварию коркарди гулу гиёҳҳои шифобахш ва меваҳои кӯҳсор машғул буда, дастоварди худро ба маъраз гузошт.
Номгӯи зиёди ниҳоли дарахтони ороишии ҳамешасабз аз тарафи раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд муаррифӣ шуд. Сарвари давлат зимни шиносоӣ ба таҷриба ва фаъолияти самарабахши аҳли заҳмати вилоят аҳсант гуфта, иштироки онҳоро дар Ҷашни Сада барои рушди минбаъдаи бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ бирасем ва бо ин восита сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.
Кишоварзони соҳибтаҷрибаи вилояти Суғд зимни суҳбатҳои самимӣ бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки ба шарофати маслиҳату тавсияҳои  Роҳбари оқилу ғамхор бобати истифодаи босамари ҳар қитъа замин, хусусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, сатҳу сифати зиндагии сокинон бамаротиб беҳтар шуда, дар оилаҳо ба миқдори зарурӣ маҳсулоти ғизоӣ захира мешавад. Дар Ҷашни Садаи имсола, ки дар саҳни чойхонаи Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид, намоиши техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ташкил шуд.
Ҷашни Сада барои хоҷагидорони ноҳияҳои Шаҳристон ва Деваштич хотирмону фаромӯшнашаванда боқӣ мемонад, зеро аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо даҳҳо техникаи наву замонавии кишоварзӣ туҳфа гардид. Намояндагони филиали суғдии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон башаклдарории дурусти ниҳоли дарахтони мевадиҳандаро намоиш доданд. Ниҳоли даҳҳо намуд дарахти ҳосилдеҳ, ки аксари онҳо навъҳои маҳаллӣ мебошанд, ба маъраз гузошта шуданд. Ҷашни Сада воқеан, ба иди ҳақиқии кишоварзон, деҳқонон ва, дар маҷмӯъ, аҳли заҳмат табдил ёфт.
Ошпазони моҳир ва кадбонувони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳунари волои худро муаррифӣ карда, дар дегҳои бузургҳаҷм як тонна оши палав ва як тонна ҳалво омода карда, пешниҳод намуданд.
Ба ифтихори Ҷашни Сада, барои шодию фараҳи иштирокдорон гурӯҳи ҳунармандони хушсалиқаи вилоят намоиши театрикунондашударо пешниҳоди ҳозирин гардонданд. Саҳнаҳои ҷолибу диданӣ аз рӯзгори ниёгони мо бо мақсади таҷлили ин ҷашни нуру гармӣ дар сатҳи баланд таҳия шуданд, ки далели воқеии иди қадима ва таърихӣ будани Садаро бозгӯ менамоянд. Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021)  ва ба ифтихори Ҷашни Сада ҳунармандони чирадасту соҳибзавқи 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд маҳсули  худро ба намоиш гузошта, дар гӯшаҳои алоҳида дастовардҳои меҳнатиашонро муаррифӣ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иштироки онҳо дар Ҷашни бошукӯҳи Сада изҳори қаноатмандӣ намуданд. Сарвари давлат ҷиҳати дастгирии ҳунармандон ва рушду равнақи бештари ҳунарҳои мардумӣ ба масъулон дастур доданд, ки то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бунёди коргоҳу гӯшаҳои фурӯши армуғон ва намунаҳо аз ҳунарҳои мардумиро таъсис дода, барои фаъолияти васеи ҳунармандон шароити зарурӣ фароҳам оранд.
Ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом, ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъанаю суннатҳои мардумӣ мебошад. Дар Ҷашни Сада заҳматкашони вилояти Суғд маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла зироатҳои ғалладонагӣ, сабзавоту полизӣ, ҳафт навъи картошкаи маҳаллӣ, ниҳоли дарахтони ороишию сояафканро, ба намоиш гузошта, бо ифтихору сарфарозӣ ин иди ниёгонро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд.
Воқеан, Ҷашни Сада арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром гузоштан ба нуру гармӣ, рӯ овардан ба равшанӣ, рамзи меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқат мебошад, ки аз ҷониби мардуми шарафманди тоҷик бо риояи тамоми суннату анъанаҳои хос иҷро мегардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2021    №: 28    Мутолиа карданд: 2875
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед