logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. ХАТКАШОНӢ КОРИ ДУШВОР, АММО ПУРИФТИХОР АСТ

Дар замони муосир тараққиёти соҳаҳои гуногунро бе ҳузури почта тасаввур кардан имконнопазир аст. Ба обуначиён дастрас кардани рӯзномаю маҷаллаҳои тозанашр, мактубу муросилоти молӣ ба зиммаи хаткашонҳост.
Дар ҳамин росто суҳбате доштем бо Сайдалӣ Мирзоев, сарвари Корхонаи фаръии КВД «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон доир ба дастовардҳо дар соли рафта ва нақшаҳои соли равон.
– Хаткашонӣ кори бисёр саҳл менамояд: рӯзномаву маҷаллаҳои тайёрро аз чопхонаҳо мегириву ба обуначиҳо мерасонӣ, хатро аз ҷое ба ҷое мебарӣ, тамом. Сайдалӣ Мирзоев, оё кори Шумо дар ҳақиқат чунин осон аст? 
– Не, ҳаргиз! Хаткашонҳо барои аз чопхонаҳо ва идораи марказии почта овардани нашрияҳо, мактубҳо ва муросилоти молӣ маҷбуранд, ки бисёр вақт шабҳо кор кунанд. Барои ноҳия ба ноҳия ҷудо намудан ва соҳибонашонро муайян кардану то нишонӣ бурда расондан, иддае аз кормандони мо аз соати 5 дар ҷойи кор ҳозир мешаванд, ки ин, албатта, дар фасли сардиҳо осон нест. Давоми ҳафта чанд бор тай задани роҳҳои душворгузари кӯҳистон аз мушкили дигари кори мост.  
Корхонаи фаръии КВД «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳо 23 маркази алоқаи почта, дар маҳалҳо 148 шуъбаи алоқаи почта дошта, фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо барои расондани хизмати босифати почтавӣ ба мардум равона шудааст.
Ба аҳолӣ расондани нашрияҳоро, ки инъикоскунандаи сиёсати имрӯзаи давлат, дигаргуниҳову тағйирот дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию  фарҳангии мамлакат мебошанд, кори ҳамарӯзаи мо ба ҳисоб меравад.  Аз “Ҷумҳурият” сар карда то “Садои мардум”-у дигарро дар як ҳафта сарфи назар аз вазъи ҳаво панҷ маротиба аз шаҳри Душанбе ба маркази вилоят оварда, ҳамон рӯз ба шаҳру ноҳияҳо дастрас месозем.
Самти дигари фаъолияти мо қабул ва фиристодани мактубҳо, ирсолпулиҳо, равонаку пакетҳои хурд, саҳмгузорӣ дар маъракаи обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, соҳавӣ ва сари вақт дастрас намудани онҳо мебошад.  
Айни замон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маъракаи обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ барои соли 2021 хуб ҷараён дошта, дӯстдорони мутолиа бо завқ яке аз онҳо ё чандеро интихоб менамоянд. 
Обуна ба нашрияҳо барои соли 2021 ба 154071 нусха расонда шудааст, ки ин 101 фоизи нақшаро ташкил медиҳад ва назар ба ҳамин давраи соли 2020-ум 38685 нусха ва ё  5,1 фоиз зиёд аст.
Дар 12 моҳи соли сипаригашта 6083723 - то рӯзнома, маҷалла, мактубҳои хизматӣ, одию супоришӣ, равонаку бастаҳо, пакетҳои хурд ва ирсолпулиҳо ба миқдори 205,7 тонна, ки зиёда аз 1,8 тоннааш муросилоти почтаи байналмилалӣ мебошад, ба муштариён дастрас гаштанд.
Дар вилоят 602 кило муросилоти почтаи байналмилалӣ қабул ва ба суроғаи таъйиншудаашон фиристода шудааст.
Натиҷаи ҳамин фаъолиятҳост, ки соли гузашта даромади тарифии корхона дар ҳаҷми 2849366 сомонӣ иҷро гардид. Ин дар қиёс ба соли 2019-ум 14,47 дарсад зиёд мебошад. Нақшаи хизматрасонии пулакӣ ба 103,47 дарсад расид. 
 
– Ба соли таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна қадам гузоштед? 
– Аввали соли 2021-ро низ бо илҳом аз фазои орому осудаи Ватан, сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дили пур аз итминон ба рушди соҳа, бо диди тозаву ғояҳои созанда оғоз кардем. 
Чунончи, бо дастгирии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон шаш дукони намунавии дорои тарҳи муосирро барои фурӯши рӯзномаю маҷалла ва маводи дафтардорӣ омода намудем. Дуконҳо намои берунии сурх ва сафеди бисёр зебо дошта, аз чанд ҷиҳат диққати роҳгузаронро ба худ ҷалб месозанд. Аллакай, сетоашро дар ҷойҳои сериздиҳоми шаҳри Бохтар гузоштем. 
Дар мувофиқа бо раисони шаҳру ноҳияҳо чунин дуконҳо дар ҳамаи гӯшаву канори вилоят гузошта хоҳанд шуд. Тасмим дорем, ки то соли 2025 шумораи чунин фурӯшгоҳҳоро ба 50 расонем. 
Хушбахтона, таҷрибаи аввалин самари дилхоҳ ба бор овард. Аз фурӯши 23694 нусха рӯзнома ва маҷаллаҳо ба 16585 сомонӣ ба марказҳои алоқаи почтаи шаҳру ноҳияҳо фоидаи соф ворид гардид.
Тадбири дигаре, ки бо дастгирии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода роҳандозӣ шуд, ин ба таъмири хушсифат фаро гирифтани дохили бинои идораи почтаи вилоятӣ буд. 
 
– Шумо тасмим гирифтед, ки кормандони соҳаро бо либоси ягона таъмин созед, чунки ходимони ҳар соҳаро бо либоси хидматиашон мешиносанд... 
– Оре! Солҳои охир ин ҷиҳати масъала аз ёдҳо фаромӯш шуда буд. Мо бо дастгирии хадамот тарҳи либоси ягонаро барои кормандонамон омода кардем. Он аз шиму костюми дорои навиштаҷоти “Хаткашон” ва кулоҳи махсус бо нишони “Почтаи тоҷик” иборат хоҳад буд. Ҳоло дар марҳилаи аввал даҳ хаткашону кормандони шуъбаҳои алоқаро бо ин либос таъмин намудем ва нақша дорем, ки дар давоми сол ҳамаи хаткашонҳои вилоят чунин либоси кории фарқкунанда бипӯшанд. 
Кормандони Корхонаи фаръии КВД «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон барои рушди сиёсати алоқаи почта ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ дода, ҳамзамон, баҳри боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо роҳу воситаҳои навро ҷустуҷӯ ва дарёфт менамоянд.
Ин аст, ки соли 2020 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи байналмилалии кормандони почта заҳмати шаш собиқадори соҳаро, ки зиёда аз 30 сол ҳамчун хаткашон фаъолият дорад, бо сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадр кард, ки ин боиси рӯҳбаландии мо гардид. 
Зимнан, сарфи назар аз душвор будани кори хаткашонӣ, мо ифтихор дорем, ки ба мардум шабонарӯз хидмат карда, баҳри иттилоотонии ҷомеа саҳм мегузорем.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокири ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2021    №: 28    Мутолиа карданд: 558
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед