номаҳо
БА ТАНТАНАИ АДОЛАТ БОВАР ДОРАМ
Фарзандам Насриддин Садриддинов нимаи дуюми рӯзи 24 июли соли 2020 бо мошини шахсии худ аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Муъминобод мерафт. Дар наздикии деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара (километри 97 - ум) воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес - Бенс», рақами қайди давлатиаш 7177 НР 01, ки таҳти идораи Исои Сайфиддин, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ 21/11, қарор дошт, бо суръати баланд муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба худрави Насриддин бархӯрдааст.
Дар пайи садама дасту пои Насриддин шикаст, мусофири ноболиғ Қосим Шарифов, ки ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта буд, дар беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ба ҳалокат расид. Ҳамчунин, дигар мусофирони ҳар ду мошин ва ронанда Исои Сайфиддин ҳам ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Навори шоҳидони ҳодиса нишон медиҳад, ки Исои Сайфиддин дар натиҷаи сабқат аз масири ҳаракати худ берун шуда, ҳолати садамавиро ба вуҷуд овардааст.
Вале кормандони БДА ва муфаттиши ШВКД дар ноҳияи Данғара бидуни муайян кардани ҳолати воқеӣ ҳодисаро ба таври дигар ва санадҳоро ба манфиати Исои Сайфиддин тартиб доданд. Онҳо қисмҳои шикастаи ҳар ду воситаи нақлиёт, ки дар самти ҳаракати писари ман буд, нодида гирифта, ҷойи бархӯрди мошинҳоро дар самти ҳаракати воситаи нақлиёти «Мерседес - Бенс» нишон доданд. Ҳамин «муайянсозӣ» - ро экспертҳои шуъбаи экспертӣ - криминалистии РВКД дар вилояти Хатлон ва Маркази экспертизаҳои судӣ - криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ғайби фарзанди ман ба асос гирифта, ӯро гунаҳгори садамаи нақлиётӣ арзёбӣ карданд. Ин ҳам дар ҳоле ки касе ба чунин сурат гирифтани ҳодиса шаҳодат надодааст.
Ман давоми тафтишоти пешакӣ аз нафаре, ки шоҳиди садама буд, навореро дастрас намудам, ки ҳолати корро пурра нишон медод. Дар навор дида мешавад, ки нишонаҳои аниқи бархӯрд дар самти ҳаракати мошини писари ман ҷойгир мебошанд. Барои дуруст баҳогузорӣ кардани ҳодиса, ин сабтро ба муфаттиш ва прокурори вилоят нишон додам. Вале ягон асоси мо ба назар гирифта нашуд ва нисбат ба фарзанди ман бо моддаи 212 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон, расондани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд.
Баъд аз тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ, парванда ба суд ирсол шуд. Дар мурофиаи судӣ ҳам шоҳидони воқеа аз самти ҳаракати худ баромадани автомашинаи тамғаи «Мерседес - Бенс»-ро далел оварданд. Вале судяи суди ноҳияи Данғара Умедҷон Сунатуллозода нишондоди шоҳидонро ба назар нагирифт ва фарзанди маро дар ин ҳодиса гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол эълон кард.
Агар фарзанди ман гунаҳгори ҳодиса мешуд, бигзор ҷазояшро мегирифт. Вале барои ман дардовар аст, ки ӯ сабабгори садама набуда, нисбаташ ноадолатӣ сурат гирифт. Аз ин рӯ, хостам бо истифода аз имконияте, ки рӯзномаи бонуфузи «Ҷумҳурият» барои мо - шаҳрвандон (гӯшаи «Шаҳрванд») додааст, арзамро ирсол намоям. Зеро борҳо хондам, ки нашрия бо таваҷҷуҳ ба номаҳои шаҳрвандон дар ҳалли мусбати бисёр масъалаҳо таъсир гузоштааст. Ва шояд зинаҳои болоии мақомоти судӣ номаи маро аз ин минбар хонанд ва ба ин қазия таваҷҷуҳ карда, ҳақро ба ҳақдор расонанд, зеро ман ба адолати судӣ бовар дорам!
Шамсиддин НАСРИДДИНОВ,
сокини деҳаи Хӯҷаи Нури Ҷамоати
деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.02.2021 №: 28 Мутолиа карданд: 8999