logo

иҷтимоиёт

ПАЁМ ВА COVID – 19. ҲУКУМАТ КАФОЛАТИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҲИФЗИ САЛОМАТИРО ТАЪМИН КАРД

Тавре маълум аст, соли 2020 пандемияи COVID – 19 ҷаҳонро фаро гирифта, то андозае симои геосиёсӣ, иқтисодиёт ва раванди муносибатҳои байналмилалиро такон дод. Он имконият, шароит ва қобилияти воқеии ташкилӣ - сафарбаркунии давлатҳои ҷаҳонро дар замони ба бемориҳои оммавӣ дучор шудани аҳолӣ, низоми воқеии татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ собит намуд. Пандемияи коронавирус амалан барои давлатҳои сатҳи рушду тараққиёташон гуногун санҷиши ҷиддӣ гардид. Аз ин рӯ, таҳлил ва баҳои ин масъала низ дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ҷойгоҳи намоён дошт.
Паём аз таҳлили васеъ ва амиқи вазъи ҷаҳони муосир ва иқтисодиёту молия дар замони пандемия, чорабиниҳои андешидаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар шароити буҳронӣ; дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар  солҳои охир, аз ҷумла тақвияти пайгиронаи рушди босуботи иқтисодии Тоҷикистон ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ; инкишофи босуръати соҳаҳои бунёдӣ дар заминаи рушди бахши хусусӣ; татбиқи афзалиятҳои миллӣ тавассути таҳкими идоракунии давлатӣ,  беҳбуд бахшидан ба фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва неруи инсонӣ; рушди илм, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ; масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ иборат аст.
Суханронии худро аз таҳлили равандҳо ва таҳаввулоти охири ҷаҳон оғоз намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бесабаб нест ва чуноне ки Пешвои миллат зикр намуданд: «Соли 2020 барои со-кинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ, чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид. Пайомадҳои пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонда истодаанд».
Дар ин робита, Сарвари давлат ба корҳои анҷомшуда таваҷҷуҳ карда, иброз доштанд, ки Ҳукумат аз рӯзҳои нахустини ба миён омадани пандемияи коронавирус чорабиниҳои муҳим ва саривақтиро пешбинӣ намуда, ба натиҷаҳои хуб даст ёфт. Аз ҷумла, бознигарӣ кардани буҷети давлатӣ барои соли 2020 ва ворид намудани тағйироти дахлдор ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он, аз буҷети давлат ҷудо кардани 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб, аз чорабиниҳое буданд, ки натиҷаи дилхоҳ ба бор оварданд.
Ҳамчунин, имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи 450 миллион сомонӣ бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ, инчунин, додани 4 миллиард сомонӣ қарз ба соҳибкорони истеҳсолӣ имконият фарорҳам оварданд, ки дар шароити вазнин нишондиҳандаҳои асосӣ ва мусбии иқтисодиёти кишвар дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта шавад.
Ҳамин тариқ, давлат ва Ҳукумати мамлакат дар давраи басо душвор бо масъулияти баланд, ҷилави пандемияи коронавирусро ба даст гирифта, кафолати конститутсионии ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқ ба ҳаётро таъмин карда тавонист. Халқи шарафманди Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали хуруҷи беморӣ болои сари хеш дасти тавонои давлат ва Роҳбари хирадманди худ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дида, дарк карданд, ки дар ҳеҷ маврид танҳо нестанд ва Сарвари сарсупурдаву тавонманде барои саодати рӯзгорашон ҳамеша дар талош аст. 
 
Карим КАРИМЗОДА, 
муовини раиси Суди 
конститутсионии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2021    №: 28    Мутолиа карданд: 642
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед