logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. 5 НУҚТАИ САНҶИШИ ВАЗЪИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА БУНЁД МЕШАВАД

 

То моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 5 нуқтаи иловагии муайянкунандаи вазъи ифлосшавии ҳавои атмосфера ба кор шурӯъ мекунад. Нуқтаҳои санҷишӣ, асосан, дар ҷойҳои сарборӣ аз воситаҳои нақлиёт - боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, кӯчаҳои Калинин, Саъдӣ Шерозӣ, наздикии Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии «Тоҷиктекстил» ва кӯчаи Неъмат Қарабоев, шафати бозорҳои «Деҳқон» ва «Саховат», инчунин, дар қисмати шарқӣ миёни маҳаллаҳои километрҳои 7-ум ва 9-уми пойтахт бунёд мешаванд.
Ҳар кадом аз нуқтаҳои санҷишӣ бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардида, ба мутахассисон имконият фароҳам меорад, то ин ки ҳолати ифлосшавии ҳавои шаҳрро пурра таҳти назорат гиранд. Бо ин мақсад аз ҷониби мутахассисони соҳа пайваста мониторинг гузаронда мешавад.
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин самт фаъолияти мутахассисони Агентии обуҳавошиносиро махсус таъкид дошт, ки онҳо дар баробари пешниҳоди саривақтии маълумот оид ба вазъи боду ҳаво, пасту баландшавии сатҳи оби кӯлу дарёҳо, ҳамчунин, ҳолати заҳролуд гаштани ҳавои шаҳрро месанҷанд.
- Айни замон вазъи ҳавои атмосфера дар пойтахти кишвар муътадил аст. Яъне ҷараёни партофти газҳо ба ҳаво ва муҳити зист ба андозаи меъёрҳои муқарраргардида мебошад, - гуфт раиси кумита.
Тавре маълум аст, партофт ба ҳавои атмосфера ва муҳити зист дар бисёр маврид ба фаъолияти воситаҳои нақлиёт ва баъзе корхонаҳои саноатӣ рабт дорад. Аммо ин ҷо ҳолати ғайриқонунӣ сӯзондани барги дарахтон, афзоиши партов ва риоя нагардидани қоидаи обпошӣ дар вақти сохтмони биноҳо, ки чангу ғубор бармехезад, низ таъсиргузор аст.
- Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба пешгирии ғайриқонунӣ сӯзондани хазонҳо борҳо ба раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат барқия ирсол намуд, вале ин амал такроран аз ҷониби сокинон ва нозирони минтақавӣ сурат мегирад.  Вобаста ба коркарди партов, махсусан маводи пластикӣ гуфтан зарур аст, ки нахуст бояд масъалаи ба гурӯҳҳо ҷудо гардидани партов ҳалли худро ёбад. Ширкатҳои хориҷӣ низ дар масъалаи мазкур ҳавасманданд. Вале, бисёр хуб мешавад, агар коркарди партов, ки даромади хуб дорад, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ анҷом дода шавад. Аз ин рӯ, масъалаи мазкур дар баррасии Ҳукумати мамлакат қарор дорад, - иброз дошт Саидусмон Судуров, сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи кумита.    
Бо рушди инноватсия ва технология раванди таъсиррасонӣ ба ҳавои атмосфера хоҳу нохоҳ бештар мегардад. Барои ин аз ҳозир (дар давраи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ) фаъолияти бисёр муассисаю идораҳо ба марҳилаи нави рушд мутобиқ гардонда мешаванд, ба монанди Агентии обуҳавошиносӣ, ки барои роҳ надодани партофти аз меъёр зиёди газҳо пайваста ҳолати ҳавои шаҳр ва ҷумҳуриро месанҷад. Бо ин мақсад, ғайр аз шаҳри Душанбе дар дигар минтақаҳои кишвар, дар маҷмӯъ, 16 нуқтаи санҷиши ҳавои атмосфера ташкил мешавад, ки аз ин 1 - тоаш дар назди худи бинои агентӣ насб мегардад, баъди ҳар даҳ дақиқа оид ба вазъи ифлосшавии ҳавои пойтахт ва кишвар маълумот медиҳад. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2021    №: 28    Мутолиа карданд: 842
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед