logo

фарҳанг

БОРГОҲИ МУҚАДДАС

Дарси якум. Мактаби ман дар байни ду деҳа: Қизил - Тоҷикистон ва Андреев ҷойгир аст. Ҳоло ин ду деҳа бо ҳам пайваст гардида, Асадулло ном дорад. Асадуллло Саъдуллоев солҳои зиёд сарчӯпони хоҷагии деҳқонии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегов буда, барои меҳнати софдилона ва марди накукор буданаш аҳли деҳа қарор баровард, ки ба макони зисташон номи ӯро гузоранд.
Мактабамро соли 1936 муаллими покзамир Мухтор Хоҷаеви намангонӣ ҳамчун муассисаи ибтидоӣ ташкил намуда, то соли 1950 вазифаи мудирии онро бо сари баланд иҷро намуд. Ҳамчунин, ин омӯзгори асил ду бачаи бепарасторро ба фарзандӣ қабул намуда, ба воя расонду баъди ба балоғат расиданашон ба соҳибонаш баргардонд. Таҳсил дар ин боргоҳ бо ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сурат мегирифт. 
Лозим ба ёдоварист, Мухтор Хоҷаев ягона тоҷике буд, ки соли 1921 дар кори Анҷумани Х РКП(б) болшевикон дар шаҳри Москва иштирок кардааст.
Дарси дуюм. Мактаби ман соли 1958 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил шуда, таҳти рақами 33 дар шуъбаи маорифи ноҳия номнавис гардид. Он дар колхози «Коммунизм» - и ноҳияи Кагановичобод (баъдтар Колхозобод ва айни ҳол Ҷалолиддини Балхӣ) ягона мактаби миёна ба шумор рафта, дар он фарзандони меҳнаткашони панҷ деҳа ба таълим фаро гирифта мешуданд. Дар кори таълиму тарбия намояндагони ҳамаи водиҳои Тоҷикистон, шаҳрҳои Бухорову Самарқанд ва Хуҷанду Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) иштирок доштанд.
Дарси сеюм. Ин боргоҳи донишро як профессор, як доктори илми иқтисодӣ, чор номзади илмҳои гуногун, як нависанда, ду шоиру ду рӯзноманигор, шаш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дувоздаҳ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, бисту панҷ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, сиву ҳашт вакили Ҷамоати деҳоти Навобод, ду генерал, чор полковник, чор раиси ноҳия ва ду устоди пахта хатм намудаанд.
Дар байни хатмкунандагон қисми зиёдашонро деҳқонони асил ташкил медиҳанд. Табибон, муҳандисон, сарнишинони ҳавопаймоҳо, механизаторон, директорони мактаб, ходимони шуъбаҳои маориф ва дигар касбу машғулиятҳоро низ миёнашон дидан мумкин аст. Ҳамаи онҳо бо меҳнати садоқатмандона Ватани азизамонро ободу зебо мегардонанд.
Дарси чорум. Дар қатори муаллимон ва омӯзгорони бешумор ҷавонмарди таҳҷойӣ Ҳайдар Пирматов низ ба таълиму тарбияи насли наврас камар баста, зиёда аз сӣ сол, аз соли 1965 то 1995 вазифаи директории мактабро бар дӯш дошт. Ӯ ба се насли сокинони деҳа дарси адабу инсондӯстиву одамгарӣ омӯзондааст. 
Дарси панҷум. Бо ғамхорӣ ва дастгирии Пешвои муаззами миллат соли 2015 бинои сеошёнаи мактаби нав барои 1500 хонанда бо толорҳои маҷлисгоҳу варзиш ва варзишгоҳи намунавӣ сохта ба истифода дода шуд. Айни замон 80 омӯзгори соҳибтаҷриба дар синфхонаҳои барҳаво машғули тадрис мебошад.
Дарси шашум. Мактабам шоҳиди ташрифи шахсони маъруфу намоёни ҷумҳурӣ, аз қабили нависандагони маъруф Пӯлод Толис ва Юсуфҷон Акобиров, шоири ширинкалом Ҳабибулло Файзулло, бастакори машҳур Абдуфаттоҳи Одина гардидааст. Ин меҳмонони олиқадр бо шогирдон вохӯриҳои хотирмон гузаронда, бобати ватандӯстиву худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба таърихи миллат панду андарзҳои таъсирбахш намудаанд.
Яке аз хатмкунандагони мактаби ман Гадобегим Тоҳирова бо ҳамроҳии бастакори машҳур Абдуфаттоҳи Одина Консерваторияи ба номи Чайковскии шаҳри Москваро хатм карда, солиёни зиёд ҳамчун овозхони Хори машҳури ба номи Александров хидмат карда, ҳоло дар шаҳри Москва давлати пирӣ меронад.
Дарси ҳафтум ва охирин. Ман мактабамро, ки як пораи деҳа ва қисми Ватани азизам мебошад, дӯст медорам ва ҳар гоҳ пой бар остонааш гузошта чеҳраҳо ва симоҳои хонандагону омӯзгорон ва ҳам таърихи онро пеши назар меорам, шукри истиқлол, сулҳу субот ва, аз ҳама муҳимаш, шукри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мекунам. Шукр мекунам, ки дастпарварони ин боргоҳи муқаддас барои ободиву сарсабзии диёри ҳамешабаҳорам фидокорона заҳмат мекашанд.
 
Зариф ҒУЛОМ, нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2021    №: 28    Мутолиа карданд: 438
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед