logo

иҷтимоиёт

«ҶОМИ РУШД – 2021». ТУҲФАИ НАВРАСОНИ ТОҶИК БА ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

6 феврал барои мухлисони футболи тоҷик ва кулли сокинони Тоҷикистон фаромӯшнашаванда хоҳад буд. Зеро ин рӯз тими миллии наврасони то 17-солаи мо зери роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии финалии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд – 2021» (Минск, Беларус, 30.01 – 6.02) мунтахаби Беларусро шикаст дода,  соҳиби ҷом гардиданд. Тими миллии наврасони тоҷик аввалин мунтахаби қораи Осиё мебошад, ки дар «Ҷоми рушд» пирӯз гаштааст. 
Ҳоло мехоҳем аз қаҳрамонии наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд – 2021» бори дигар ёдовар шавем.
Аввалан, дар «Ҷоми рушд – 2021» ширкати 8 тим дар назар буд, аммо баъдан, иттилоъ дода шуд, ки ҳамагӣ 4 мунтахаби миллӣ (Беларус, Қазоқистон, Молдова ва Тоҷикистон) рақобат мекунад. Аз ин рӯ, кумитаи тадорукоти мусобиқот бозиҳоро тибқи системаи даврӣ ба роҳ монд. 

ҚАЗОҚИСТОН – ТОҶИКИСТОН – 1 : 7
Ғунчаҳои умеди футболи тоҷик бозии якумашонро (31 январ) бо мунтахаби Қазоқистон доир карданд. То оғози рақобат мутахассисон бар ин назар буданд, ки қазоқҳо ба осонӣ наврасони тоҷикро шикаст медиҳанд. Вале тавре мегӯянд, «ҳар беша гумон мабар, ки холист…».
Аз дақиқаҳои аввал наврасони мо бо ҳуҷумҳои пай дар пай, ба қавле, «алоби чашм»-и рақибашонро гирифтанд. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 17-ум футболбози мунтахаби Қазоқистон барои дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ бар муқобили бозигари тоҷик аз сӯи довар корти сурх гирифту аз майдон хориҷ шуд. 
Дар дақиқаи 32-юм ҳамлагари моҳири мунтахаби мо Абдулфаттоҳ Худойдодзода ҳисобро боз намуд ва бо ҳамин нимаи аввал ба анҷом расид. Дар қисми дуюм футболбозони тоҷик шаш тӯби дигар заданд. Онҳоро Меҳрубон Каримов (дақ.54), Алиҷони Айнӣ (дақ.60), Хусрав Тоиров (дақ.66), Хуршед Давлатзода (дақ.80) Шаҳриёри Иноятулло (дақ.84) ва Асадбек Ҷӯрабекзода (дақ.89) ба самар расонданд. 
Ба наврасони қазоқ танҳо як маротиба (дақ.71, Никита Губарев) муяссар шуд, ки дарвозаи мунтахаби моро рахна намоянд.  
Баъди ин ғалабаи ҳангомавӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар саҳифаи фейсбукиаш чунин навишт:

Бар Шумо офарин,
Шуҳрати сарзамин.
Кӯҳро каҳ кунед,
Ҳафтро даҳ кунед.

ТОҶИКИСТОН – МОЛДОВА – 5 : 1
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии дуюми худ бар муқобили дастаи Молдова (3 феврал) ба майдон баромад. Ин зӯрозмоиро тариқи шабакаи «Футбол» мустақиман тамошо доштам. Барои мунтахаби мо ғолибият дар ин бозӣ чун обу ҳаво лозим буд, зеро пирӯзӣ бар Молдова қадами устуворе барои музаффарият дар мусобиқа ба ҳисоб мерафт. 
Шогирдони чолоку бомаҳорати Аҳлиддин Турдиев аз оғози рақобат нисбат ба ҳариф фаъолтар буданд. Ҳамин буд, ки зимни як ҳамла дар дақиқаи 28-ум Ҳукмиддин Шомуродов берун аз ҷаримагоҳ бо маҳорати олӣ тӯбро вориди дарвозаи Молдова намуда, ҳисобро боз кард. Баъд аз се дақиқа ба Хусрав Тоҳиров муяссар шуд, ки бо зарбаи зебо аз масофаи 20 метр боз дарвозаи рақибонро рахна созад. Пас аз ду голи муҷаллои наврасони мо шореҳони варзиши Беларус аз ҳунари волои наврасони тоҷик ба ваҷд омаданд. Ва яке аз шореҳон гуфт: «Дигар ҳарфи гуфтание надорам». 
Дар дақиқаи 35-ум Абдулфаттоҳ Худойдодзода ва Асадбек Ҷӯрабекзода дар дақиқаи 61-ум ҳисобро ба 4:0 расонданд. Ба футболбози мунтахаби Молдова Ботан Дан (дақ. 77) муяссар шуд, ки голи ягонаи тимашро занад. Нуқтаи бозиро Сунатулло Азизов дар дақиқаи 87-ум гузошт. 

БЕЛАРУС – ТОҶИКИСТОН – 1 : 4
Дар бозии ниҳоии мусобиқа (6 феврал) Тими миллии Тоҷикистон бо соҳибони майдон мунтахаби Беларус неру санҷид. Бозӣ аз оғоз баробар ҷараён дошт. Ҳар ду тим ҷониби дарвозаҳои якдигар ҳуҷум мекарданд. Дар дақиқаи 37-ум Иван Агеев бо голи задааш Беларусро ба пеш баровард. Вале шодии онҳо дер давом накард. Пас аз гузаштани ҳамагӣ 1 дақиқа Аббос Андалибов бо зарбаи мустақими берун аз ҷаримагоҳ ҳисобро баробар кард ва бо ҳамин натиҷа нимаи аввал ба анҷом расид. Аз оғози нимаи дуюми бозӣ футболбозони навраси мо ташаббусро ба дасти хеш гирифтанд. Пас аз як партофти зебо дар дақиқаи 54-ум Абдулфаттоҳ Худойдодзода бо усули ҷолиби акробатикӣ тӯбро вориди дарвоза намуд, ки аз ҳунари волои ӯ ҳамагӣ офаринаш хонданд. Ба қавли шореҳи беларусӣ: «Барҳақ, голи зебо». 
Шерони майдони сабз бо ҳамин суръат бозиро идома дода, Сунатулло Азизов (дақ.64) ва Амирҷони Фаррухзод (дақ.89, аз зарбаи ҷаримавии 11-метра) ҳисобро бар нафъи Тоҷикистон то 4:1 афзуданд. 

«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!»
Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд – 2021», футболбозони тоҷик Сафармад Ғаффоров беҳтарин дарвозабон, капитани мунтахаби мо Меҳрубони Абдурауф  беҳтарин ҳимоятгар ва Хусрав Тоиров  беҳтарин бозигар эътироф шуданд. 
Пас аз болои сар бардоштани ҷом ва акси хотиравӣ, парчамбардорони тоҷик бо ифтихор аз Меҳан бо як овоз мегуфтанд: «Тоҷикистон, ба пеш! Тоҷикистон, ба пеш!...». Воқеан, онҳо бо пирӯзии хеш исбот намуданд, ки пайравони асили Пешвои миллатанд.    

ИФТИХОРИ МАНУ МО! 
Ҳайати наврасоне, ки «Ҷоми рушд–2021»-ро ба даст овард, қаблан низ Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ арзанда муаррифӣ карда буд. 
Ин ҳамон ҳайатест, ки як сол қабл дар ҳамин мусобиқа зинаи дуюмро гирифт. 
Ин ҳамон ҳайатест, ки дар Чемпионати CAFA – 2019 қаҳрамон шуд. 
Ин ҳамон ҳайатест, ки соли 2019 дар даври интихобии Чемпионати Осиё ҳамаи рақибонашро (Шри-Ланка (8:0), Кувайт (9:0), Непал (7:0) ва Урдун (5:2)) ба таври ҳангомавӣ шикаст дода, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт.
Ин ҳамон ҳайатест, ки дар даври интихобии Чемпионати Осиё миёни 47 тим ягона дастае буд, ки тавонист ба дарвозаи ҳарифон 29 гол занад. Ҳамлагари навраси тоҷик Абдулфаттоҳ Худойдодзода бошад, бо 8 гол беҳтарин нишонзани марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё гардид. 


БА ҶОИ ХУЛОСА
Агар мо фаъолияти панҷ соли ахири Федератсияи футболи Тоҷикистонро таҳлил намоем, мебинем, ки зери роҳбарии президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ варзиши рақами яки олам дар кишвар беш аз пеш рушд менамояд. Аз ин рӯ, мо аминем, ки дар оянда низ мунтахабҳои наврасон, ҷавонон ва асосии Тоҷикистон бо маҳорати волояшон ба пирӯзиҳои нав ба нав ноил мегарданд. 

Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”

P.S. Як омори ҷолиб коршиносонро ба ҳайрат овард. Дар ҳар се бозие, ки наврасони мо бо ҳисоби калон ғалаба карданд, ягон бозигари тоҷик дар як рақобат ду тӯб назадааст.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2021    №: 29    Мутолиа карданд: 1435
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед