logo

иҷтимоиёт

БАЛАНДАХТАР

Соли нави милодӣ фаро мерасид.  Тибқи маъмул, суҳбате оростем мо - чаҳор  ёрони ҳамдил, ёроне, ки масири фаъолият ва рӯзгорамон шабеҳу ҳамсон набуда. 

Суҳбати ду генерал - майор ва полковники амният, ки ба қавле устухонашон дар ҳамин ҷода сафед шудааст ва муаллифони ҳамин сатрҳо ҳастанд, мани қаламкашро, ки солҳои тӯлонӣ дар Телевизиони Тоҷикистон ифои вазифа доштам ва аз гирудорҳои зиндагии он солҳо бохабару бархӯрдор будам, ба муоширату машварати онҳо пайвастам ва хулоса гардид, то нишоние чун хирвор аз хирмани матонату шуҷоат, далерию ҷасурии нахустин роҳбари Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол Саидамир Зуҳуров, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олӣ моҳи ноябри соли 1992 таъйин ва то ба рутбаи ҳарбии генерал - полковник мушарраф шудаву соҳиби ордени Спитамен, дараҷаи аввал мебошад, боқӣ гузорем. 
Вақте бо сарнавишти ин баландахтари амният ошно мешавӣ, итминон ҳосил мекунӣ, ки бо амри тақдир касби пурифтихори чекист ба ӯ насиб шудаву ҳомии Ватан будан дар рагу пайванди ӯ ҷараён доштааст.   
Интихоби номзадии Саидамир Зуҳуров амри тасодуфӣ набуд. Он замон  дар Афғонистони ҳамсоя, ки оташи ҷанг аланга мезад, дар захираи эҳтиётии Сарраёсати Якуми КБД ИҶШС дар шаҳри Москав шомил буд. 
Вақте ки дар Тоҷикистон ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ як андоза муташанниҷ гардид, С.Зуҳуров хоҳиш намуд, ки ӯро аз шаҳри Москва ба Тоҷикистон ба кор фиристанд. Ӯ баъди ба ҷумҳурӣ омадан дар вазифаҳои роҳбарикунандаи Раёсати КБД дар шаҳри Кӯлоб кор кард. 
Пас аз ба вазифаи раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудан Саидамир Зуҳуров аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе омада, фаъолона бо дили саршор аз меҳру садоқат даст ба кор шуд.
Бо истифода аз қобилияти фавқулодаи корӣ ва заковати таҳлилӣ С. Зуҳуров ба тамоми нозукиҳои кору фаъолият дар мақомоти амният эътибори хосса медод. Масъалаҳои мубрамро таъҷилан ҳаллу фасл менамуд ва кореро ба фардо намегузошт. Ҳадафи ӯ ташкили чунин мақомоти амниятии давлатие буд, ки тавонад дар доираи салоҳияти касбии худ ҳама гуна вазифаҳои вазнинро сари вақт, босифат иҷро карда бошад. 
Дар давраи ниҳоят барои ҷумҳурӣ вазнин аввал Бригадаи зудамали сарҳадӣ ва баъдан Раёсати сарҳадбонон  дар назди КАМ ташкил карда шуданд, ки онҳо минбаъд барои таъсиси қувваҳои сарҳадии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳкурсӣ гузоштанд. Ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон бо дигар давлатҳои ҳамсоя, махсусан бо Афғонистон,  ҳамроҳ бо сарҳадчиёни Россия тақвият бахшида шуд.
Аз сабаби он, ки бисёр кормандони русзабони КАМ бо сабабҳои маълум ҷумҳуриро тарк намуда, ба дигар кишварҳо рафта буданд, дар мақомоти амнияти мамлакат ба дараҷаи кофӣ кормандон намерасиданд. Бинобар ҳамин, дар муҳлати на чандон тӯлонӣ теъдоди зиёди кормандон ба КАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд, ки таҷрибаи фаврӣ – ҷустуҷӯии кор дар мақомоти амниятро надоштанд. Аз ин рӯ, тадбирҳои зарурӣ барои омӯзондани онҳо  андешида ва ба амал татбиқ гардиданд. Дар назди КАМ курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани ҳайати шахсӣ таъсис дода шуд. Ин курсҳо дар солҳои баъдина аввал ба Мактаби Олӣ ва сониян ба Академияи КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуданд.
Аз ҷониби мақомоти амният даҳҳо ташкилоти ғоратгар, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷиноятпеша, ки ғайриқонунӣ машғули интиқолу харидуфурӯши яроқи оташфишон ва маводи мухаддир буданд, безарар гардонда шуданд. Кормандони мақомот дар мавриди ба эътидол омадани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ Саидамир Зуҳуров ҳамроҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 1996 тавассути чархбол ба Хусдеҳи Афғонистон парвоз кард ва дар мулоқоти Ҷаноби Олӣ, ки масъалаи истиқрори сулҳ ва субот дар кишвар, бозгардондани гурезагон ба Ватан матраҳ шуда буд, ширкат варзид. 
Пас аз бозгашт чун шоҳиди айнии хиради асил ва заковати бемисли Пешвои миллат зимни мулоқоту гуфтушунидҳо шуда буд, мубаллиғи воқеии кору пайкор ва ҷасуриву ҷавонмардии Сарвари давлати тоҷикон гардид. 
Бояд қайд кард, ки бо шарофати ёриву дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон КДАМ-и кишвар ҳоло таҳти раисии генерал – полковник муҳтарам С. Ятимов на танҳо он арзишу анъанаҳои мусбати пеш дар ин мақомот бадастовардашударо ҳифзу давом, балки онҳоро дучанд зиёд намуда, тамоми вазифаҳои вазнини гузошташударо баҳри таъмини амнияти давлату ҷамъият сарбаландона иҷро намуда истодааст. 
С. Зуҳуров ба ҳайси муовини Сарвазири ҷумҳурӣ низ фаъолият кардааст. Ҳамчун муовини Сарвазир ӯ сарпарасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар  буд ва то имрӯз аз эҳтироми ҳамагонӣ бархӯрдор мебошад. Ҳамзамон хуб медонанд, ки дар мубориза бо гумоштагони хориҷӣ, дасисабозон, террористон, мансабдорони фасодзада, тоҷирони маводи мухаддир ва аслиҳа корҳои неки зиёдеро анҷом додааст.
Саидамир Зуҳуров ходими давлатӣ, шахси содиқ ба Ватан ва савганди низомии хеш мебошад, манфиатҳои халқ ва давлатро дар мадди аввал мегузорад. Ӯро ҳамчун шахси хоксор ном мебаранд. Ва ин фурӯтаниаш ба ҳеҷ ваҷҳ сохтакорӣ ва намоишӣ нест. Ин таҷаллии фитрати азалӣ ва табиати хоси инсониаш мебошад.
Мешуд, ки ҳама чиз хуб мебуд, аммо зиндагӣ чизи мураккаб аст. Саидамир Зуҳуров ҷарроҳии мураккаби қалбро гузарондааст. Ҳоло гаштугузор барояш як андоза душвор аст ва бештари вақтро дар хона сипарӣ мекунад. "Ин муъҷиза аст, муъҷизаи Илоҳӣ, ки ман то ҳол зинда ҳастам",- мегӯяд ӯ.
Воқеан, ҳамин тавр аст.

Х. ҲАМРОҚУЛОВ, 
генерал - майори мустаъфӣ,
Э. МУҲИДДИНОВ,
 генерал - майори мустаъфӣ,
Ҷ. МАДАМИНОВ, 
полковники мустаъфӣ, 
С. ҚУРБОНОВ, 
Корманди шоистаи Тоҷикистон, рӯзноманигор

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2021    №: 29    Мутолиа карданд: 514
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед