logo

иҷтимоиёт

КАСБИЯТ АЗ МИЁН РАФТААСТ

Мо аз ҳад гузаштем, дер кардем. Аслан, ҳаҷвнигор мисли боғ, мисли гул парвариш мехоҳад. Муайян бояд кард ва ҳам бояд шинохт, ки боғбонаш кӣ аст. Ҳамаи ҳунармандон, хосса ҳаҷвнигорон, табиати кӯдакӣ доранд, ба ифодаи дигар, табиатан нозуканд.
Онҳоро бояд ба як роҳ ва маҷро равона созем, ҳидоят намоем. Аз ин зумра ва ҳам ҳидоятгарон камтар касоне пайдо мешаванд, ки тасмим бигиранд, то қолабшиканӣ кунанд. Ҳидоятгарон киҳоянд? Онҳоеанд, ки сиёсати кишварро назорат мебаранд. Имрӯз мо чунин нафарро дар дунёи фарҳанг надорем. Не, ҳастанд, аммо мегӯянд, ки ба кори худ машғулем ва инҷонибро аз мадди назар дур андохтаанд. Интизори супориш, амр ва ё назоратеанд.
Одамони ғайриҳирфавӣ ба ҳаҷву ҳаҷвнигорӣ машғуланд. Мисли ин аст, ки дар театрҳо, филармонияҳо, гурӯҳҳои консертӣ, маъракаҳои ҳунарӣ бесоҳибӣ ҳукмрон аст. Муайян мекунанд, ки кадом театр, филармония, гурӯҳҳо чӣ қадар намоиш, барномаҳои ҳунарӣ таҳия бикунанд, аммо ба мавзӯъву мундариҷа, тақсимоти онҳо вобаста ба имкониятҳои мавҷудаи ин муассисаҳои фарҳангӣ ва талаботи давр аҳамият дода намешавад. Пештар, дар даврони шӯравӣ фаъолият дигар хел ба роҳ монда шуда буд. Он мактаби бузург маҳсуб мешавад. Медонистанд, ки самти кор ва талабот чӣ гуна асту кадом асарҳоро, барномаҳои ҳунариро рӯи саҳна меоранд. Вазорати фарҳанг ин ҳамаро зери назорат мегирифт. Мутаассифона, ин низому масъалагузориҳо аз байн рафтанд. Масъулон намехоҳанд, ки ба иззати нафси касе дар иҷрои вазифаву рисолаташон бирасанд.
Ҳаҷв, ҳаҷвнигорӣ кӯчагӣ, яъне осон шуд. Дар нишасте ва ё суҳбате, ё худ рӯзномае ҳикояи ҳаҷвиеро мешунаваду мехонад ва бо додани камтар обу ранг онро пешкаши тамошогар мегардонад. Мақсад аз он чист ва тамошогар аз он чи бардошт мекунад, маълум нест. Ҳадаф норавшан мемонад ва дар тарбияи дурусти аҳли ҷомеа саҳми шоиста гирифта наметавонад. Ҳамкасбони мо ба ин васила худро муаррифӣ кардан мехоҳанд. Чанд нафар аз бинандагон чун «Офарин!»-ашон бигӯянд, аз рӯи содагӣ мепиндоранд, маҳбубият касб ва рисолаташонро дуруст иҷро кардаанд. Инчунин, бовар ҳосил менамоянд, ки аз ин беҳтар наметавон асар офариду онро ба саҳна гузошту ҳунарнамоӣ намуд. Оё нафаре ҳаст, ки ин ҳамаро назорат бикунад? Инчунин, баҳо бидиҳад, ки ба талаботи ҷомеа ва давр ҷавобгӯ ҳаст ё не.
Ҳаҷв на он аст, ки мардумро бихандонӣ. Не! Хандондани одамон ҳаҷв нест, масхарабозӣ, сафсатагӯӣ аст. Ҷомеа бояд аз ин чиз худро дур бигирад. Асоси ҳаҷв, ки драматургия аст, бояд он характер офарад, консепсия, ҳадаф дошта ва ҷавобгӯи  талаботи  рӯз  бошад ва дар тарбияи дурусти мардум, завқи онҳо таъсири мусбат бигузорад. Агар ҳаҷвнигори асил шахсият бошад, медонад, чи бигӯяд, чӣ тавр бигӯяд ва дар куҷо бигӯяд.
Ҳаҷв паҳлуҳои зиёд дорад, ки барои ҳар кадоми он калидест. Ҳаҷвнигор бояд ин паҳлуҳоро бидонад ва дуруст интихоб карда битавонад, то худ ҳам дарёбад, ки дар кадом роҳ асту худу дигаронро ба манзили мақсуд расонда метавонад ё не.
Ҳаҷв, дониш, фаҳмиш, дарк, зарофатро аз ҳаҷвнигор хостор аст. Мутаассифона, ҳаҷвнигорони мо дар ин маврид саводи кофӣ надоранд.
Ҳаҷвнигор ҳақ надорад, ки аз олами адабиёт ва ҳунар бехабар бошад. Ӯ бояд аз миёни даҳҳову садҳо навишта, даҳҳову садҳо гуфта, даҳҳову садҳо лаҳзаҳо барои мардум, аҳли ҷомеа якеро интихоб карда битавонад ва ба онҳо дуруст, ба мавқеъ рангу обу бадеӣ бубахшад. Дар ин кор бояд худ завқи баланд дошта бошаду завқҳои дигаронро низ бишиносад. Такрор ҳам шавад, мегӯям, ки дар ин соҳа беназоратӣ аст. Мисли он аст, ки боғ дорем, вале самари дарахтон шаҳду шириниро молик нестанд. Мо дар ин маврид обу ҳавои хуб дорем. Қариб ҳамаи мардуми тоҷик зарофатманданд ва зарофатро  хеле ва хеле дӯст медоранд. Ҳатто мӯйсафедону пиразанони  миллати мо ҷаҳони маъниву зарофатанд. Дар суҳбаташон кас чун менишинад, олами зебову рангини онҳоро дармеёбад. Ин ҳама бояд мавриди омӯзиш қарор бигирад. Ин дурдонаҳоро лозим аст, ки пайдо карду беосеб боз ба худи мардум расонду, ҳамзамон, онҳоро ҳифз кард. 
Ман аз ин лутфу зарофатҳо, лаҳзаҳои зиндагии онҳо дар баъзе аз саҳнаҳоям истифода бурдаам.
Дар мавқеаш аз номи мӯйсафед, аз номи пиразан ва ҳам аз номи кӯдак гап мезанам. Албатта, ман намегӯям, ки ба ҷое, ба қуллае расидааму дигар бояд фориғ бинишинам. Не, фориғ нишастан, қонеъ будан марги ҳунари эҷодкор аст. Ин механизм бояд ҳамеша дар ҳаракат бошад. Ба қавли Муҳаммад Иқбол «ҳастам, агар меравам, гар наравам, нестам». Яъне, агар он механизм аз ҳаракат боз монад, занг мезанад ва баъд мешиканад.
Озмунҳо, вохӯриҳо, шабҳои эҷодӣ, сафарҳои ҳунарӣ, муаррифии ҳунарманд, бояд бошанд ва  эҷодкорро ба фаъолияти бештару густардатар водорад, то ҳунараш сайқал биёбад, донишаш биафзояду пеш биравад. Муаррифӣ кардани ҳунарманд ба ин хотир набошад, ки ӯ бупиндорад якто ҳасту аз худ биравад. Не. Мо бояд онро қарор намонем. Ӯ чун қарор бигирад, аз эҷод мемонад.
Дар ҷумҳурии мо якрангӣ пайдо шудааст. Ҳамаи актёрҳо як хел бозӣ, ҳунарнамоӣ мекунанд. Завқ, психология, характери қаҳрамони асар ба инобат гирифтаву офарида намешавад. Ҳеҷ мумкин нест, ки агар ду актёр, масалан нақши Рӯдакиро биофаранд, як хел бошад. Охир, дар дунё ҳатто ду одами якхела вуҷуд надорад, аз ҳам бо бисёр хусусиятҳо фарқ мекунанд. Агар ҳам он актёрон фардояш нақши босмачӣ ва ё муаллиму коргарро бибозанд, якрангӣ дар бозӣ, овоз, ҳаракат, тарзи муносибат, гуфтор баръало равшан мегардад. Ҳамин тавр, касбият аз байн рафта истодааст.
Барои бозӣ, офаридани як эпизод ё худ лаҳза, ҷузъиёт, дар намоиши «Ромео ва Ҷулйета» Борис Наматиев як соли тамом машқ кард, кӯшиш намуд. Э. Мителман ҳар бор бо норизоятӣ изҳор медошт: «Не, нашуд. Хунук. Маро гарм карда натавонистӣ. Ту бо ин бозӣ худро, Борисро нишон  дода истодаӣ. Ба ман Борис лозим нест. Замонро ба назар бигир, маконро ҳам ва эпизодро бибоз, биофар». Худи ҳунарманд бо ханда мегуфт, ки барои ин як эпизод ман як сол саъю кӯшиш ба харҷ додам, шояд дар офаридани нақшҳои бузург муваффақтар мегардидам.
Нафаре, ки дар болои саҳна аст, бояд худро ҳамчун навкор бидонад. Барои офаридани нақши нав бояд аз нав ҷустуҷӯ бикунӣ. Кори актёрӣ характер, психология офаридан аст. Мутаассифона, иҷрои ин рисолату вазифа ба назар намерасад. Кӣ ба бозӣ, нақшофарии онҳо бояд баҳо диҳад? Нест, касе нест. Агар бошад ҳам, ба чашм намерасад. Ҳусну қубҳи асарҳо, бозиҳо, офаринишҳо таҳлили дурусту муфассал намешавад. Бо ин ҳол чӣ пешрафтеро дар соҳа интизор бишавем? Ҳолиё сухани ҳақро намегӯянд. Меандешанд, ки аз он меранҷанд ва боиси бадбинии гӯяндааш мегардад. Пештар сухани ҳақро баён медоштанд, ба хотири пешрафти соҳа, дастовардҳои соҳа рӯи хотир намедиданд.
Ҳастанд актёроне, ки дар 40 - 50 намоиш нақш офаридаанд, аммо ҳамаро як хел бозидаанд. Фақат либос ва номи намоишу қаҳрамон тағйир ёфтаасту халос. Ин ҳунарнамоӣ нест, рӯзгузаронӣ аст. Дар интихоби актёрҳо хеле ва хеле бояд серталаб бошем. Мутаассифона, имрӯз онҳоеро, ки аз имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ баҳои баланд гирифта наметавонанд, ба Донишкадаи фарҳанг ва санъат мефиристанд. Аз инҳо, ки завқу ҳунар надоранд, чӣ гуна метавон актёр сохт? Онҳо чанд сол вақтро мегузаронанд, то ба хидмати аскарӣ сафарбар нашаванд. Ман бо ин гурӯҳ суҳбат доштам ва онҳо ҳақиқати мавҷударо бепарда баён намуданд.
Ҳунармандӣ масъулиятро тақозо дорад. Бо офаринишу бозии як нақш дар саҳнаи театр метавон тамошогарро ба тааҷҷуб биёрӣ. Аммо, агар нақши дуюмат ба он монандӣ дошта бошад, наметавонӣ ба ин муваффақ бигардӣ.
Касби актёрӣ бо офаридани характер ва донистани соҳа ба поён намерасад. Он ибтидои кор аст. Ҳунарманди театр бояд рассомӣ, мусиқӣ, рақс ва бисёр соҳаҳои дигарро низ донад.
Дар театр рассоми театрӣ, равшандиҳандагон қариб, ки надорем. Худфаъолиятӣ ҳукми асосиро дораду мавқеи устувор пайдо карда истодааст. Коргардон дар ин маврид ранҷи зиёд мекашад, ба ҷойи он ҳама худфаъолон кор мекунаду раҳнамоӣ менамояд.
Дар саҳна ду либоси якхела бояд набошад. Барои актёри саҳнаи театр, инчунин, либосҳое интихоб мегарданд, ки ба мавқеъ, психологияи қаҳрамони асар мувофиқат намекунад. Театр, зарур аст, ки ба ҳақиқати зиндагӣ наздик бошад.
Яъне, боз такрор мекунам, ки дар ҳама ҷо, албатта, соҳаро дар назар дорам, бесаводӣ, беэътиборӣ аст ва ҳам ҳукм меронад.
Барои ислоҳи кор ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ таҷдиди назар мехоҳад.
Танқиди театрӣ бояд фаъол ва созанда, ғамхорона, дӯстона бошад, на сӯзандаву душманона.
 
Убайдулло РАҶАБОВ,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2021    №: 29    Мутолиа карданд: 648
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед