logo

иҷтимоиёт

ХУҶАНД. БОЗ ДУ МАРКАЗИ ТИББӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

Ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маркази микроҷарроҳии лазерии чашми «Босира» ва маркази тиббии дандонпизишкии «Винир» ба истифода супурда шуд. Дар ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода иштирок карданд. 

 
Маркази микроҷарроҳии лазерии чашми «Босира» дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳр бо иқдоми ватандӯстонаи соҳибкори маҳаллӣ Саидҷаъфар Холматов бо харҷи беш аз 400 ҳазор доллари амрикоӣ бо хариди беш аз 20 таҷҳизоти муосири тиббӣ ташкил шудааст. Иншоот дорои чанд дафтари хизматрасонӣ, аз ҷумла ду ҳуҷраи амалиётгузаронӣ ва ташхисгоҳи муосир, мебошад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марказ 15 кас, ки аксарият ҷавонанд соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд шуданд. Технологияи муосири марказ, асосан аз кишварҳои Аврупо ворид гардида, табибони соҳаи ҷарроҳии чашм таҷрибаи истифодаи онро дар хориҷа омӯхтаанд. 
 
Дар ин бора Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии раиси шаҳр, дар суҳбати телефонӣ ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дода, гуфт, ки бархе таҷҳизоти воридшуда назираш дар Тоҷикистон ва минтақа нест.
Ба иттилои ӯ, маркази тиббии дандонпизишкии «Винир» дар ошёнаи якуми бинои навбунёди баландошёнаи микроноҳияи 19-и маҳаллаи «Суғдиён» - и шаҳр ҷойгир гардида, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Фирдавс Қобилов ва Ҷаҳонгир Раҳматов сохта шуда, дорои беҳтарин шароиту имкониятҳои ташхисию табобатӣ мебошад.
Марказ дорои даҳ дафтари корӣ буда, дар як вақт ба панҷ мизоҷ бо усулҳои муосир аз ҷониби 15 дандонпизишк ва кормандони техникӣ хизматрасонӣ карда мешавад. Табобати дандонҳо бо усули анъанавӣ ва муосир ба роҳ монда шуда, дандонпизишикон дар хориҷи кишвар таҷрибаи кофӣ омӯхтаанд. Таҷҳизоту технологияи марказ аз хориҷи кишвар дастрас гардида, зимни табобат таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо, ба кор бурда мешавад. Ҳангоми табобат барои мизоҷон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки дар зудтарин фурсат он бо сатҳи баланди хизматрасонӣ ба анҷом расонда мешавад. Ҳамзамон, барои фароҳам овардани шароити созгор як автомашинаи сайёр низ дар хизмати мизоҷон дода шудааст.
Чуноне иттилоъ доданд, бо фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  дар ҳама муассисаҳои   стоматологӣ тести оҷилӣ ба роҳ монда шудааст. Пеш аз қабул ба табобат  бемор аз тестҳои оҷилие мегузарад, ки  ба бемориҳои сироятӣ гирифтор будан ё набудани ӯро дар ду дақиқа муайян мекунанд. Инчунин, барои табобати дандонҳо ҳар як стоматолог бояд аз маводи яккарата истифода барад ва чунин шароит муҳайё шудааст. Мутахассисони маркази тиббии дандонпизишкии «Винир» барои пешгирӣ ва  муайян кардани  бемории сироятӣ тамоми корҳоро пеш бурда истодаанд,  то нафаре ба бемории сироятӣ гирифтор нашавад.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ иқдоми соҳибкорони маҳаллиро намунаи олӣ барои пайравӣ ба дигар соҳибкорон унвон намуда, таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳнамоиҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аҳамияти хосса медиҳанд. Раванди афзоиши беморхонаҳои хусусӣ, воридсозии техникаю таҷҳизоти навтарини соҳа, аз қабили компютерҳои томографӣ ва магнитию резонансӣ, лазерҳои гуногунҷабҳа, таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ ва болоравии сифати корҳои ташхису табобат дар онҳо низ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ шаҳодат медиҳанд.
 
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2021    №: 29    Мутолиа карданд: 705
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед